Дабири кулли СММ аз манъи кумакҳои Амрико ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт интиқод кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кардааст, ки дар шароити мушкили паҳнёбии коронавирус набояд кумакҳои молии ин созмон ё ҳар ниҳоди дигаре, ки барои муқобила бо вирус талош мекунад, қатъ шавад

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гкфт, Созмони ҷаҳонии беҳдошт бояд мавриди ҳимоят қарор гирад, зеро ин созмон дар хатти муқаддами талошҳои ҷаҳонӣ дар набард бо бемории КОВИД- 19 қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргзории “Parstoday”.

Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таассуфи дабири кулли СММ аз хабарҳои бардурӯғ оиди коронавирус дар интернет

Бино бар иттилои манбаъ, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, ахиран ба интиқодҳои Амрико аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт вокуниш нишон дода ва ёдоварӣ карда буд, ки ин созмон бо ҳазорон корманд дар хатти муқаддами муқобила бо коронаврус аст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе аз қатъи кумакҳои Вашингтон ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дод.

Трамп гуфт, Амрико ба унвони таъминкунандаи молии аслии ин созмон бар посухгӯии комил муртабит бо яке аз хатарноктарин ва пурҳазинатарин тасмимоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  бар асоси мухолифат бо иҷроии маҳдудиятҳои мусофиратӣ аз Чин ва дигар кишварҳо таъкид мекунад.

Раисҷумҳури Амрико, ки ба шиддат бобати наҳваи мудириташ дар хусуси густариши вируси корона мавриди интиқод қарор гирифта пештар низ мудирияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҳамсӯ бо сиёсатҳои Чин хонда буд  дарҳоле, ки мақомот чинӣ ба шиддат ин мавзӯъро такзиб карданд.

Лентаи хабарҳо
0