ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёми навбатиаш ба мардуми кишвараш эълон кард, баргузории Режаи Пирӯзӣ ва Ҳанги ҷовидон дар майдони сурх ба хотири пандемияи коронавирус ба баъд мавкул шуд.
“Хатари вобаста ба эпидемия, ки ҳоло ба авҷи худ нарасидааст, то ҳол вуҷуд дорад ва имкон намедиҳад, ман иқдомҳо барои омодагӣ ба Режаи Пирӯзи ва дига чорабиниҳои оммавиро оғоз намоям”, гуфт Путин.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин таъкид дошт, ки ҳамаи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба ҳатман баъд аз коҳиш ёфтани хатари коронавирус, дар соли 2020 таҷлил хоҳанд шуд.
Аз ҷумла Путин қайд, ки ҳатман Режаи Пирӯзӣ ва Ҳанги ҷовидон таҷлил хоҳанд шуд.
Ин тасмими раисҷумҳури Русия дар таърихи ин кишвар бесобиқа арзёбӣ мешавад.
Тибқи омори ахир шумори гирифторон ба коронавирус дар Русия ба 28 ҳазор, шумори шифоётагон ба 2300 нафари ва шумори фавтидагон ба 232 нафари расидааст.
ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Овозхони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар сафҳаи Инстаграми худ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва мубориза барои мансаби сарвари давлат ба мухлисон эълони ғайриинтизор кард.
View this post on Instagram
Дар паёми нави видеоӣ Отаҷонов ба ҳаводоронаш гуфт, ки ният дорад дар интихоботи навбатӣ ба курсии президентии Ӯзбекистон номзад шавад.
Аллакай маълум аст, ки омодагӣ ба як рӯйдоди муҳими сиёсӣ моҳи марти соли 2021 оғоз хоҳад ёфт.
Илова бар ин, сарояндаи собиқ нақл кард, ки чаро тасмим гирифтааст ҳаёташро дигар кунад ва ба сиёсат равад.
Дар тасмими худ Отаҷонов аз он далолат мекунад, ки мехоҳад ватани худро рушд диҳад ва гуфт "ин изҳорот набояд ҳамчун киноя аз бесамарии президенти кунунӣ дониста шавад".
"Ман мардумро обод хоҳам кард. Албатта, бо ин изҳорот ба "сарвари кунунӣ" ҳеҷ гуна "даъво" намекунам ва ҳақ надорам. Онҳо низ бо тамоми қувваашон талош мекунанд. Барори кор",- гуфт овозхон.
Ӯ мегӯяд "ин видео шӯхӣ набуда, як изҳороти ҷиддист".
Дар ҳамин ҳол, Отаҷонов афзуд, ки ҳоло дар хориҷа дар рухсатии оилавӣ қарор дорад ва баробари бозгашт ба Тошканд, ба таблиғи номзадӣ шурӯъ мекунад.
Ӯзбекистониҳоро овозаҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум ба таҳлука андохт
Дар ин миён овозхони собиқ ба мардуми Ӯзбекистон барори кор ва дар интихоботи соли 2021 - "ҷонибдорони оқилу тавонмандро" орзу кард.
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Маъмурияти раисҷумҳури Амрико пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ билфосила ба баррасии тамдид намудани Созишномаи СНВ - 3 шурӯъ кунанд, хабар медиҳад Энтони Блинкен номзад ба курсии котиби генералии ин кишвар.
"Ҳадди аққал бояд кӯшиш кард": коршинос дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3
Ба изҳори ӯ, тими нави Қасри сафед бар он мекӯшанд, ки созишномаи мазкур ҳатман давом дода шавад.Номзад ба котиби давлатӣ итминон дод, ки маъмурият ба ҳама гуна маҳдудиятҳо дар системаи дифои зиддимушакӣ розӣ нахоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси ҳарбӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносии донишгоҳи ба номи Плеханов, Андрей Кошкин аснои мусоҳибае дар барномаи радиои Sputnik Тоҷикистон вобаста ба ҳамин мавзӯъ ибрози назар кард.
"Бояд ба тасмимгириҳои маъмурияти Байден аҳсан гуфт, ки қасд доранд Созишномаи коҳиши яроқи стратегии СНВ - 3 - ро тамдид кунанд. Ин кор то як андоза вектори ҳамкориҳо миёни Русия ва Амрикоро тағйир медиҳад. Ин - хоҳиши нигоҳ доштани механизми нигоҳ доштани мусобиқаи силоҳи ҳастаӣ - эҳтимолан оғози сиёсати гуногуни маъмурияти Иёлоти Муттаҳида дар воситаҳои дорои силоҳи стратегӣ хоҳад буд. Ва, ба эҳтимоли зиёд, он бояд ба эҷоди созишномаҳои дигаре оварда расонад, ки метавонанд назоратро аз болои дороиҳои ҳастаии давлатҳо, аз ҷумла ИМА пурра фароҳам оранд", - шарҳ дод Кошкин.
Бояд зикр намуд, ки созишномаи СНВ - 3 миёни Русия ва Амрико 5 феврали соли 2011 эътибор пайдо кард. Бар асоси мӯҳтавои созишномаи мазкур, ҳар кадоме аз ин ду давлат бояд арсеналҳои ҳастаии худро ба ҳадде коҳиш диҳанд, ки бо гузашти ҳафт сол ва дар оянда низ шумораи умумии силоҳ аз 700 мушаки баллистикии минтақавӣ, мушакҳои баллистикӣ дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаандозҳои вазнин, инчунин аз 1550 пайкон ва аз 800 дастгоҳи сардидиҳанда бештар набошад.
Дар айни замон, СНВ -3 ягона шартномаест, ки миёни Русия ва Амрико эътибор дорад, ки дар самти маҳдуд кардани силоҳ равона мебошад. Эътибори созишномаи мазкур 5 феврали соли 2021 ба анҷом мерасад.
Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд.
Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард.
Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.
Мақомоти Италия боги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.
Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.