Сотрудник здравоохранения в защитном костюме

Хабари хушоянди СҶБ: 720 ҳазор мариз дар ҷаҳон аз коронавирус комилан шифо ёфтанд

1726
(Таҷдидшуда 14:54 23.04.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз шифо ёфтани беш аз 700 маризи коронавирус дар ҷаҳон хабар дод, ки ин маълумот бисёр хушоянд аст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ба ҳолати соати 9-и 23 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 638 ҳазору 24 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 721 ҳазору 734 кас ва фавтидагон 184 ҳазору 235 тан мебошад, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Ба иттилои манбаъ, дар Амрико, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 849 ҳазору 92  ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 47 ҳазору 476 нафар ва шумораи шифоёфтагон 84 ҳазору 50 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 208 ҳазору 309 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 211 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 21 ҳазору 717 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 85 ҳазору 915 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 187 ҳазору 327 нафар ва теъдоди фавтидагон 25 ҳазору 85 нафар мебошад. Дар Франсия 159 ҳазору 877 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 21 340 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи Рамазон ва тавсияҳо барои пешгирӣ аз коронавирус

Дар Германия теъдоди мубталоён 150 ҳазору 648 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 315 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 133 ҳазору 495 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 18 ҳазору 100 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 98 ҳазору 674 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 376 ва 16 477 нафар мебошад.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 85 ҳазору 996 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 391 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 798 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.

Дар Русия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 5 236 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 57 999 кас расид. Аз ин шумора 4 420 нафар табобат шуда, 513 кас фавтидаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 7 281 ҳолат, Украина – 6 592, Молдова – 2 778, Қазоқистон – 2 191, Ӯзбекистон – 1 716, Озарбойҷон – 1 518, Арманистон – 1 473 ва Қирғизистон — 631 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

То имрӯз дар Озарбойҷон 907 нафар, Беларус – 769, Арманистон  – 633, Молдова – 560, Қазоқистон – 515, Ӯзбекистон – 450, Украина — 424 ва Қирғизистон – 302 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Украина 174 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 75, Беларус – 58, Арманистон – 24, Озарбойҷон – 20, Қазоқистон – 19, Қирғизистон – 7 ва Ӯзбекистон 7 нафар фавтидаанд.

"Сад дари баста, як дари кушода" : тасмими таваккалии соҳибкор дар замони коронавирус

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 176 нафар буда, 166 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 40 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 12 772 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 114 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

1726
Барчаспҳо:
маризӣ, СҶБ
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Беларус шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад

73
(Таҷдидшуда 13:45 30.05.2020)
Беларус тавассути ҳавопаймоҳои Русия ба баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан аз Тоҷикистон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрвандони Беларус аз Тоҷикистон берун бурда шуданд, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Кишвар тавонистааст, ки шаҳвандонашро дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Русия ба ватан интиқол диҳад.

Парвоз  тавассути ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уральские авиалинии" анҷом дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин хатсайр се шаҳрванди Белорус, ки дар Тоҷикистон дар монда буданд, ба кишварашон баргаштанд.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон 188 шаҳрвандонашро аз АМА, Дубай ба Ватан баргардонида буд. 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз аморат баргардонида мешаванд.

73

Муборизаи Эрон идома дорад: мақомот аз шифо ёфтани 115 ҳазор нафар хабар дод

180
(Таҷдидшуда 02:32 30.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.

Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.

180
Барчаспҳо:
мубориза, мураххас мешавад, бемористон, вирус, Эрон
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

0
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

0