Боз зиёд шуд: наздики 6 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Русия

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСитуация в связи с коронавирусом в городах России
Ситуация в связи с коронавирусом в городах России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин шумора 2957 нафарашон ба Маскав, 661 кас ба вилояти Маскав ва 253 тан ба Санкт-Петербург рост меояд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ситоди фаврии Русия хабар медиҳад, ки дар як шабонарӯзи гузашта аз 82 минтақаи кишвар 5 ҳазору 849 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус муайян карда шуд. 

Школьники Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат: дар Тоҷикистон коронавирус нест, аммо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмист

Аз ин шумора 2957 нафарашон ба Маскав, 661 кас ба вилояти Маскав ва 253 тан ба Санкт-Петербург рост меояд.

Бояд қайд кард, ки дар се минтақаи Русия  - Тива, Омск ва Сахалин нахустин мавриди гирифторшавӣ ба COVID-19 таъйид гардид.

Дар ҳамин ҳол, бештар аз 46 дар сади гирифторон ягон нишонаи коронавирусро надоштанд.

Дар 24 соати гузашта 60 тан ҳалок ва 677 нафар шифо ёфтанд.

Рӯ ба коҳиш аст? дар Русия 4774 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид

Ҳамагӣ то имрӯз дар 85 минтақаи Русия 68 ҳазору 622 кас гирифтори коронавирус шудаанд. 615 нафар дар натиҷаи ин беморӣ фавтиданд. 

Ёдрас мешавем, баъди чанд рӯзи камшавии сироятёбӣ дар Русия, омори рӯзи гузашта боз афзуд. Як рӯз пеш дар кишвар 4 ҳазору 774 тан беморони СOVID-19 пайдо шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0