Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Эрон: шумори фавтидагон аз коронавирус коҳиш ёфт

© REUTERS \ WANAРодственник на могиле журналиста Abdollah Zavieh, умершего от коронавируса
Родственник на могиле журналиста Abdollah Zavieh, умершего от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз коҳиши шумори мубталоён ба бемории КОВИД-19 ва мавридҳои фавти бархоста аз ин беморӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар Эрон дар 24 соати ахир 1134  бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Пара в защитных пасках на улице в иранском городе Кум - Sputnik Тоҷикистон
Дар Эрон 68 ҳазор дардманди коронавирус шифо ёфтанд

Тибқи иттилои манбаъ, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 89 ҳазору 328 нафар дар Эрон ба вируси корона олуда шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 76 нафар дар 24 соати гузашта афзуд, фавти ноши аз коронавирус  дар Эрон ба панҷ ҳазору  650 нафар расидааст.

Раиси Маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, раванди коҳишии мавориди фавти бархоста аз корона дар кишвар ҳамчунон идома дорад.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз ду миллиону  800 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 197 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз 809 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0