Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото

Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷики дар Русия дармонда, маводи хӯрокворӣ фиристод

1475
(Таҷдидшуда 13:38 27.04.2020)
Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷик, ки дар робита ба авҷи коронавирус дар Русия дармонданд ва имкони ба ватан омаданро надоштанд, се мошини боркаши пур аз маводи хӯрокворӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва инчунин соҳибкорон ба донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар Челябинск кумак карданд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, кумак ба донишҷӯёне, ки дар робита ба авҷи коронавирус аз лиҳози молиявӣ ба мушкилот рӯбарӯ шуданд, расонида шуд.

Ҳамзамон кумаки хӯроквориро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба донишҷӯёни тоҷик расонданд. Гуфта мешавад, аз ин кӯмакҳо беш аз 300 нафар бархӯрдор шуданд.

Се мошини боркаш ҳомили орд, ғалладона, равған, тухм ва сабзавот ба шаҳраки донишҷӯён ворид шуда, ба муҳассилини тоҷик тақсим карда шуд.

Охирин омор: Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллион наздик шуд

Зикр мегардад, ки бастаҳои маводи ғизоӣ ба донишҷӯён супурда шуда, онҳоро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуданд.

Бо авҷ гирифтани маризии коронавирус дар ҷаҳон аксар шаҳрвандони кишвар ба Тоҷикистон баргаштанд, вале бо масдуд шудани равобити ҳавоӣ ваа заминӣ аксар шаҳрвандони тоҷик дар кишвари иқоматашон дармонданд. 

Зимнан, бо эълон шудани қарантин ва режими хонашинӣ, муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик ба мушкили молиявӣ дучор шуданд. 

Дар Русия феълан гурӯҳҳои ихтиёриён ва нафарони дороманд ба оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои молӣ ва озуқаворӣ мерасонанд.

1475
Барчаспҳо:
кумак, Русия, донишҷӯёни тоҷик, Тоҷикистон

Ҳабиб амали Макронро маҳкум кард: "мо пайғамбарамонро беш аз ҳама дӯст медорем"

458
(Таҷдидшуда 17:41 30.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта рафтори президенти Фаронса Эммануэл Макронро нисбати пайғамбари ислом Муҳаммад (с) шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифааш дар Instagram аз ояти Қуръонӣ мисол оварда, акси президенти Фаронса Эммануэл Макронро бо изи пой нашр кард ва ӯро бадтарин махлуқ хонд.

"Бигзор Худои Таъоло чеҳраи ин махлуқ ва тамоми пайравони ӯро, ки зери шиори озодии сухан, эҳсоси беш аз якуним миллиард мусалмонро таҳқир мекунанд, зишт гардонад.  Бигзор Худо онҳоро дар ҳаёт ва дар охират хор созад. Худо дар ҳисобот зуд аст ва шумо инро хоҳед дид", - навиштааст Ҳабиб.

Ӯ афзуда, ки мусалмонон пайғамбарашон Муҳаммад (с) - ро беш аз ҳар касе дӯст медоранд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Да обезобразит Всевышний лицо этой твари и всех его последователей, которые под лозунгом свободы слова оскорбляют чувства более полутора миллиарда верующих мусульман. Да унизит их Всевышний в этой жизни, и в следующей. Аллах скор в расчёте и вы это увидите. Мы - мусульмане, любим нашего Пророка Мухаммада (да благословит его Аллах и приветствует) больше, чем наших матерей, отцов, детей, жён и всех остальных близких нашему сердцу людей. Поверьте мне, эти провокации им выйдут боком, конец всегда за Богобоязненными. - ‎قبح الله وجه هذا الأبتر وجميع تبعهم الذين يؤذون الشعور أكثر من نصف مليار مسلم تحت قناع الحرية ‎أذلهم الله في الدنيا والآخرة إن الله سريع الحساب ‎نحن مسلمون نحب رسولنا ونبينا محمد صلى الله عليه وسلم أكثر من أمهاتنا وآبائنا وأبنائنا وأزواجنا ومن جميع خلق الله سبحانه وتعالى ‎صدّقوني هذه الاستفزازات سوف تخرج من أعناقهم والعاقبة للمتقين - Holy Quran 33:57 ------------------ إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُّهِينًا Воистину, тех, которые поносят Аллаха и Его Посланника, Аллах проклял в этом мире и в Последней жизни и уготовил им унизительные мучения.

Публикация от Khabib Nurmagomedov (@khabib_nurmagomedov)

"Мо мусалмонон, Паёмбарамон Муҳаммад (с) -ро аз модарон, падарон, фарзандон, ҳамсарон ва ҳамаи одамони ба диламон наздик, бештар дӯст медорем. Бовар кунед, ин иғвоҳо ба онҳо бармегарданд, оқибати хуб ҳамеша барои парҳезгорон аст", - навиштааст қаҳрамон.

Тазоҳурот дар Теҳрон пас аз шарҳи Макрон дар бораи Ислом - навор

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид.

458
Барчаспҳо:
Фаронса, маҳкум, Қуръон, Эммануэл Макрон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Полицейские охраняют территорию после сообщения о нападении с ножом в церкви Нотр-Дам в Ницце

Теракт дар Фаронса: нафари мусаллаҳ сари занеро буриду ду нафари дигарро парронд - навор

1314
(Таҷдидшуда 17:14 29.10.2020)
Наздикии Нотр - Дам - де Нитса як фарди мусаллаҳ ба роҳгузарон ҳамла намуд. Ӯ сари як занро аз тан ҷудо карду дуи дигаро ҳадафи тир қарор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Теракти мудҳиш дар наздикии Нотр - Дам - де Нитса тақрибан соати 11:00 ба вақти Маскав рух дод. Бар тибқи маълумоти расмӣ, фарди ношинос бо истифода аз корд сари як зани роҳгузаро бурида, чанд нафари дигарро ҳадафи тир қарор дод.

Бо такя ба маълумоти ахир, бар асари ин теракт дасти кам се нафар ҷони худро аз даст доданд. Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки ҳамлаварро дастгир ва шахсияташро муайян созанд.

Ҳоло омили асосии даст задан ба ин амали нангин дақиқ мешавад.

Раиси шаҳри Нитса Кристиан Эстрози ҳодисаи мазкурро амали террористӣ арзёбӣ кард.

Дар Фаронса сари омӯзгори таърихро аз тан ҷудо карданд: аксҳои пайғамбарро масхара мекард

Дақиқан, чанд ҳафта пеш дар Фаронса ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд. Он замон сари профессори коллеҷ аз тан ҷудо карда шуд. Омӯзгори марҳум ба донишҷӯёни худ тасвирҳои танзмези Пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

1314
Барчаспҳо:
теракт, Фаронса
Пробирка с тестом на коронавирус

Эълони омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

12
(Таҷдидшуда 19:06 30.10.2020)
Аз оғози ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун дар Тоҷикистон 10977 нафар мубталои ин вабои аср шудааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10977 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 54 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10182 (92,7%) баробар гардид.

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Тибқи иттилои Вазорат, хушбахтона дар давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID - 19 касе ҷон набохтааст ва шумораи умумии қурбониёни ин вабои аср 82 нафарро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

12
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон