Натиҷаи ташхиси падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов маълум нест: ӯ дар бемористон аст

954
(Таҷдидшуда 19:26 27.04.2020)
Падар ва сармураббии қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо аломатҳои илтиҳоби шуш ба бемористон мунтақил шудаст ва феълан таҳти назорати пизишкон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Абдулманап Нурмуҳаммадов падари қаҳрмони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов феълан дар бемористони Махачқалъа қарор дорад.

Бар хабари ТАСС, Нурмуҳаммадови бузургӣ бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ба бемористон интиқол ёфт ва алъон таҳти назорати табибон қарор дорад.

Ҳабиб мусалмононро бо моҳи Рамазон табрик гуфт: "бояд бо бадӣ мубориза барем"

Хабари бемор шудани ӯро шореҳи варзиш Рамазон Рабаданов расонаӣ намуд.

"Вай бемор шуд. Эҳтимол гирифтори илтиҳоби шуш шудааст. То ҳол натиҷаи ташхиси ӯ дақиқ нашудааст.Ӯро ба беморхонаи дуюми шаҳрии Махачқалъа интиқол доданд", - изҳло дошт Рабаданов.

Қобили зикр аст, ки Абдулманап соли гузашта ҷарроҳии қалбро паси сар кард.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар Доғистон алъон 827 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки аз ин миён 48 нафар шифо ёфта, 11 маризи дигар ба ҳалокат расиданд.

 

954
Барчаспҳо:
маризӣ, падар, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Логотип программы Skype на экране смартфона

Сӯҳбати сафири тоҷик бо намояндаи Бонки Исломии Рушд: аз ҳамкорӣ то коронавирус

44
Ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ барои дастгирии иқтисоди Тоҷикистон ва кумакҳои фаврӣ ба соҳаи тандурустӣ дар шароити ҳамагирии вируси нави COVID-19 таъкид доштанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ 2 июн бо Иҷрокунандаи вазифаи мудири амалиёти асосии Бонки Исломии Рушд Жан Мишел Ҳеппӣ  суҳбати видеоӣ анҷом дод, гузориш медиҳад хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ.

"Дар вохӯрӣ масоили тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ барои дастгирии иқтисоди Тоҷикистон ва кумакҳои фаврӣ ба соҳаи тандурустӣ дар шароити ҳамагирии вируси нави COVID-19 таъкид доштанд.

Охирҳои моҳи сентябри соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон “Тавҳидбонк” иҷозатномаи фаъолият додааст.

Ба иттилои масъулини бонки миллӣ таъсиси ин бонк барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 

44
Актер Михаил Кокшенов.

Даргузашти ҳунарманди советӣ - Михаил Кокшенов

99
(Таҷдидшуда 18:13 05.06.2020)
Сабаби вафоти ҳунарманд то кунун муайян нашудааст. Кокшеновро мардум бо нақшҳои муассираш дар филмҳо мешиносанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Михаил Кокшенов - ҳунарманди шӯравӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Russia Today хабар медиҳад.

Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-ак

Аз даргузашти ҳунарманд шоира Любов Воропаева хабар додааст. Михаил Кокшенов дар синни 83-солагӣ даргузашт. Сабаби фавти ҳунарманд то ҳол маълум нест.

Кокшенов бо нақшҳояш дар филмҳои "Спортлото - 82", "Самая обаятельная и привлекательная", Ширли-мырли" ва дигарҳо машҳур аст.

99
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Русия
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0