Школьная ярмарка в Душанбе

Китоби Абдуқаҳҳори Қосим ба забони сербӣ нашр шуд

116
(Таҷдидшуда 13:18 28.04.2020)
Китоби шоир ва нависандаи тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим таҳти унвони "Плес на киши" - "Рақс дар зери борон" бо забони сербӣ нашр гардид

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар нашрияи "Алма"-и шаҳри Белгради Сербия маҷмуаи ашъори шоири тоҷик, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои УрОсиё Абдуқаҳҳори Қосим дар тарҷумаи шоира ва журналисти белградӣ Даяна Лазаревич таҳти унвони "Плес на киши" - "Рақс дар зери борон" бо забони сербӣ рӯи чоп омад.

Боиси тазаккур аст, ки ашъори шоири Турсунзодагӣ то имрӯз ба забонҳои англисӣ, немисӣ, испанӣ, чинӣ, португлӣ, озарӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шуда, мавриди таваҷҷӯҳи шоирону мунаққидон ва шеърдӯстони бисёр кишварҳои дунё гаштааст.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, пешгуфтори ин китобро, ки аз шеърҳои ватандӯстӣ, ишқу поку беолоиш, зиндагӣ, табиат ва ҷавонмардӣ иборат мебошад, нависанда, шоир ва публитсисти машҳури сербӣ, доктори илмҳои фалсафа Милутин Ҷуричкович навишта, аз ҷумла гуфтааст:

"Бо идома додани таҷрибаи шинохташудаи тарҷумаҳои нав ва баландсифати адабиёти хориҷӣ, ин дафъа мо шоири муосир ва машҳури тоҷик, муаллифи даҳҳо китобҳои шеърӣ ва ғолиби бисёр ҷоизаҳои миллиро барои асарҳои пурифтихори худ, пешниҳод менамоем. Ин муаллиф – шоир Абдуқаҳҳори Қосим мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ менависад.

Ашъори ў аввалин бор бо забони сербӣ дар китоби "Плес на киши" "Рақс дар зери борон" интишор мешавад ва ин як имконияти хеле хубест барои омӯхтани тамоюлҳои рушд, шоирӣ ва фарогирии бадеии шеъри муосири тоҷик.

Абдуқаҳҳор лирики нозуктабъ ва мустақим аст, ки дар бораи атрофиён, зиндагӣ ва муҳаббат, ифтихори ватандорӣ, табиат, ватандӯстӣ ва дигар мавзӯъҳо эҷод менамояд. Дар баробари милллатдӯст ва меҳанпараст буданаш ў то дараҷае инсонгаро ва якдил бо мардумон аст, ки муҳаббат ва садоқати худро на фақат ба халқи худ ва рус, балкӣ ба дигар миллату халқиятҳо ва муҳити атроф ошкоро изҳор менамояд".

116
Барчаспҳо:
шоир, китоб, нашри китоб, Сербия
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

101
(Таҷдидшуда 11:34 21.10.2020)
Вирусшинох гуруҳи одамонро номбар кард, ки ваксинаи коронавируси COVID-19 метавонад барои онҳо бесамар бошад

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Ваксинаи коронавирус метавонад одамонеро, ки норасоии масуният доранд муҳофизат накунад, мегӯяд доктори илмҳои тиб, вирусшинос Анатолий Алтштейн.

Барои чунин гурӯҳи одамон эмкунӣ шояд муассир набошад, менависад портали ura.ru.

Ба гуфтаи табиб, бемороне, ки чунин патология доранд, метавонанд баъди гузаронидани ваксина дар пайдоиши антитело ба коронавирус мушкилӣ кашанд.

Инчунин, вирусшинос шубҳа кард, ки имкон дорад одамонро аз рӯи қобилияти ташаккули иммунитет ба бемориҳо ба гурӯҳҳои махсус тақсим кард.

"Инсонщо бо қобилияти тавлиди антитела аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусиятҳои организм вобаста аст, ки касе намедонад" гуфт табиб.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

101
Барчаспҳо:
одамон, пизишк, вирус
Медсестра держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак

Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

120
(Таҷдидшуда 11:07 21.10.2020)
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарфи назар аз он, ки расман дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ мавҷуд надорад, амр додааст, ки ваксинаи зидди коронавирус харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов фармон додааст, ки ваксинаи зидди сирояти коронавирус харидорӣ шавад, менависад рӯзномаи русизабони ҳукумати "Нейтральный Туркменистан".

"Сарвари давлат оид ба корҳои ташкилӣ доир ба хариди ваксинаҳои нави баландсифат бар зидди сирояти коронавирус, ки ҳоло дар давлатҳои мухталиф истеҳсол мешаванд, дастурҳои мушаххас дод", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар кадом кишварҳо ваксина харида мешавад, мушаххас нашудааст, аммо ду ҳафта қабл зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин Бердимуҳаммадов гуфт, ки Туркманистон ба дастовардҳои олимони Русия дар эҷоди ваксина алайҳи коронавирус баҳои баланд медиҳад ва мехоҳад дар ин самт ҳамкорӣ кунад.

Дар Туркманистон, бо вуҷуди гузоришҳои мақомот дар бораи набудани ҳолатҳои коронавирус, режими ниқоб ва маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

 

120