Коронавирус : Абуалӣ ибни Сино гуфта буд, ҷасади сироятшудагонро чӣ гуна ба хок супоранд

3142
(Таҷдидшуда 16:36 28.04.2020)
Донишманди  тиб, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абуалӣ Ибни Сино дар давраи худ гуфта буд, ки сироятшудагонро бояд чӣ гуна ба хок супорид

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҳамчунин, нахустин ниқоби тиббӣ дар таърих низ аз ҷониби маъруфтарин донишманди  тиб, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абуалӣ Ибни Сино ба вуҷуд омадааст.

Дар ин бора ходими калони илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова ба хабарнигори АМИТ "Ховар" иттилоъ дод.

Ба гуфти Маҳмадҷонова, Ибни Сино дар замони худ (солҳои 1000-1030) ҳангоми сирояти бемории тоун ниқобҳои махсусро дар шакли минқори паранда тавсия дода буд.

Барои чӣ дар шакли минқори паранда? Барои он ки дар нӯги минқори паранда ҳудуди 50 см пахтаи таркардашуда бо маводи зиддиуфунӣ гузошта мешуд, то ҳангоми муомила бо бемор таъсири баръаксаш нисбат ба табиб камтар бошад.

Бубинед, ҳангоми муолиҷаи бемории короновирус имрӯзҳо асосан табибон сироят меёбанд. Сино инчунин гиёҳҳои шифобахши хушбӯйро дар нӯли дароз ҷойгир мекард, зеро бовар дошт, ки ин беморӣ бӯй ба амал меорад. Худи табибон доимо сирпиёзу қаламфурро барои пешгирӣ кардан дар бинӣ ва гӯшҳо мемолиданд. Онҳоро дар ҳамон давраҳо дар Аврупо бо унвони «зоғҳои сиёҳ» ном мегирифтанд.  Табибони Шарқро бо чунин ниқобу либосҳои махсуси аз карбос омодашуда мешинохтанд.

Бино ба маълумоти доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова, дар соҳаи тиб истифодаи карбос низ бори аввал аз ҷониби Ибни Сино тавсия шудааст. Зеро карбос матои пахтагин ва беҳтарин аст, ки ҳаворо ба таври махсус полоиш дода, мегузаронад. Дар он давраҳо карбос танҳо аз Шарқ ба Урупо интиқол меёфт. Чун онҳо пахта надоштанд. Истифодаи пахта ҳамчун маводи зиддиуфунӣ дар ҷарроҳӣ ва басту бандҳо дар Шарқ ва тавсияи асарҳои Абӯалӣ Ибни Сино, махсуссан "Ал-қонун" аз ҳамон давраҳо сарчашма мегирад.

Тавсияҳои ин донишманди бузурги тоҷикро мардуми Урупо ҳанӯз дар асри 16 ҳангоми  зуҳури бемории тоун васеъ истифода бурдаанд. Инчунин бори аввал истифодаи докаро дар тиб яке аз пешвоёни илми тибби форсу тоҷик Муҳаммад Закариёи Розӣ (IХ-Х) пешниҳод намудааст. Истифодаи дока ва пахтаро дар ҷарроҳӣ Ибни Сино инкишоф додааст. Ҳатто безарар кардани онҳо ба воситаи ҳарорати баланд аз ҷониби ибни Сино пешниҳод шудааст.

Баъдтар дар аввали асри XVII табибони Урупо аз "Ал-қонун"-и Сино истифода карда, либоси махсусро, ки ниқоби афсонавӣ бо минқори паррандаҳоро дарбар мегирад, ихтироъ намуданд. Ниқоб якбора ду мақсадро иҷро мекард. Онҳо чунин мешумурданд, ки азбаски тоунро парандаҳо меоварданд, чунин ниқобе, ки духтурро ба худои мисрӣ монанд мекунад, бемориро "метарсонад", аммо вай воқеан татбиқи амалӣ дошт.

Тавре дар шабакаи интернет таъкид шудааст,  иқоби тиббӣ, яъне  "минқори парранда" ҳамчун  қисми таркибии либоси махсуси тиббӣ дар ибтидои асри XVII аз ҷониби духтури фаронсавӣ Чарлз Лорм барои муҳофизат аз бемориҳои вабо ихтироъ шудааст. Ниқоб, ки барои муҳофизат аз бӯи бад пешбинӣ шудааст, чун респиратор барои ҳифзи роҳҳои нафас аз газҳои зарарнок, вирусҳо ва сироятҳое, ки  тавассути қатраҳои ҳаво паҳн мешаванд, истифода мегардад. Ба ҷои сӯрохиҳои чашм дар он шиша мегузоштанд. Ин роҳи охирин ва ҳамзамон самарабахштарин маҳсуб мешуд.

"Хушбахтона, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мероси гаронбаҳои Ибни Сино хеле васеъ истифода мебарад. То ҳанӯз аз ҷониби донишмандони соҳаи тибби ҷаҳонӣ муроҷиатҳои зиёдеро нисбат ба дастрасии мероси гаронбаҳои Ибни Сино эҳсос менамоем. Хатарҳое, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ба монанди коронавирус бо ин ё он шакл ба ҷомеаи инсонӣ доимо таҳдид мекарданду мекунанд. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо, беш аз ду ё шаш ҳазор табибони номвари форсу тоҷик дар давраҳои то Сомониён, давраи Сомониён ва  баъди онҳо фаъолият менамуданд, ки машҳуртаринашон Закариёи Розӣ ва Ибни Сино мебошанд.Таҷрибаи мубориза бо амрози сорӣ-сироятӣ дар осори Сино махсус дарҷ гардидааст.  Он аз таҷрибаи имрӯзаи маъмул қариб, ки фарқи зиёде надорад",- гуфт М. Маҳмадҷонова.

Масалан, дар бораи табақабандии ин беморӣ Закариёи Розӣ гуфтааст, ки бояд беморонро дар марҳилаи пеш аз ворид шудан ба бемористон тақсимбандӣ кунем. Яъне хатари аз як бемор ба бемори дигар гузаштани бемориҳои сироятшавандаро онҳо аллакай дарк карда буданд.

Ибни Сино мегӯяд, ки бемориҳои сироятшаванда ба воситаи ҷисмҳои хеле хурде, ки ба назар наменамоянд,   аз як нафар ба нафари дигар мегузаранд. Ва ҳатто таъкид мекунад, ки аз ҳайвонот низ гузаштани баъзе бемориҳо  имкон дорад. Дар  замоне, ки ҳанӯз заррабин (микроскоп) набуд ва имконияти ҷисмҳои хурди сирояткунанда, бактерия, вирусҳоро дидан набуд,  донишмандони бузурги тоҷик аллакай медонистанд, ки  ин бемориҳо  чӣ хел аз як шахс ба шахси дигар сироят мекунанд ва ё ки ба давлати дигар интиқол меёбанд.

Аз рӯи маълумоти дар «Ал-қонун» омада, Ибни Сино тавсия додааст, ки ҷасади шахсони аз ин гуна бемориҳо фавтидаро  дар қабристонҳои алоҳида ба хок супоранд. Чунки ин сарчашмаи инкишоф ёфтани маризӣ мебошад. Ин тавсияи ибни Синоро дар охири асри 19 ва аввали асри 20 дар Бухоро ба таври васеъ истифода намудаанд.

Эпидемияи навбатӣ чун эпидемияҳои қаблӣ аз инсоният тақозо мекунад, ки аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва тавсияҳои падари тибби ҷаҳон, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абӯалӣ Ибни Сино, ки ҳанӯз 1000 сол пеш гуфта  буд, самаранок истифода барад.

3142
Барчаспҳо:
Ибни Сино, ниқоби сиёҳ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Логотип программы Skype на экране смартфона

Сӯҳбати сафири тоҷик бо намояндаи Бонки Исломии Рушд: аз ҳамкорӣ то коронавирус

48
Ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ барои дастгирии иқтисоди Тоҷикистон ва кумакҳои фаврӣ ба соҳаи тандурустӣ дар шароити ҳамагирии вируси нави COVID-19 таъкид доштанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ 2 июн бо Иҷрокунандаи вазифаи мудири амалиёти асосии Бонки Исломии Рушд Жан Мишел Ҳеппӣ  суҳбати видеоӣ анҷом дод, гузориш медиҳад хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ.

"Дар вохӯрӣ масоили тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ барои дастгирии иқтисоди Тоҷикистон ва кумакҳои фаврӣ ба соҳаи тандурустӣ дар шароити ҳамагирии вируси нави COVID-19 таъкид доштанд.

Охирҳои моҳи сентябри соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон “Тавҳидбонк” иҷозатномаи фаъолият додааст.

Ба иттилои масъулини бонки миллӣ таъсиси ин бонк барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 

48
Актер Михаил Кокшенов.

Даргузашти ҳунарманди советӣ - Михаил Кокшенов

102
(Таҷдидшуда 18:13 05.06.2020)
Сабаби вафоти ҳунарманд то кунун муайян нашудааст. Кокшеновро мардум бо нақшҳои муассираш дар филмҳо мешиносанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Михаил Кокшенов - ҳунарманди шӯравӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Russia Today хабар медиҳад.

Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-ак

Аз даргузашти ҳунарманд шоира Любов Воропаева хабар додааст. Михаил Кокшенов дар синни 83-солагӣ даргузашт. Сабаби фавти ҳунарманд то ҳол маълум нест.

Кокшенов бо нақшҳояш дар филмҳои "Спортлото - 82", "Самая обаятельная и привлекательная", Ширли-мырли" ва дигарҳо машҳур аст.

102
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Русия
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0