Омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: беш аз як миллион кас шифо ёфт

© AP / Jens Buettner Врач разговаривает с пациентом
 Врач разговаривает с пациентом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳам ба омори умумии давлатҳои гирифтори маризии коронавирус ворид мешавад. Дар ҶТ то рӯзи 30 апрел 15 ҳолати сироятшавӣ ба COVID - 19 сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. То рӯзи 30 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба коронавируси COVID-19 3 миллиону 220 ҳазору 969 нафар буда, аз онҳо 1 миллиону 1 ҳазору 72 кас шифо ёфтаанд ва 228 ҳазору 251 тан вафот кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 64 ҳазору 572 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 61 ҳазору 669 нафар ва шумораи шифоёфтагон 147 ҳазору 411 касро ташкил медиҳад.

ТВ Таджикистан обьявил о коронавирусе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
COVID -19 дар ҶТ: ниқоб ҳатмӣ, донишҷӯён таътил, гузориши махсуси телевизионӣ - видео

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 236 ҳазору 889 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 771 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 24 ҳазору 275 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 132 ҳазору 929 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 203 ҳазору 591 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 27 ҳазору 682 нафар ва 71 ҳазору 252 кас мебошад.

Дар Франсия 166 ҳазору 420 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 24 087 ҳолати фавт ва 48 228 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 165 ҳазору 221 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 26 ҳазору 97 нафар мебошад.

Дар Германия теъдоди мубталоён 161 ҳазору 539 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 467 ва теъдоди шифоёфтагон 120 400 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 117 ҳазору 589 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 3 081 ва 44 040 нафар мебошад.

Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум мебошад, дирӯз 5 841 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 99 399 кас расид. Аз ин шумора 10 286 нафар табобат шуда, 972 кас фавтидаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 93 ҳазору 657 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 957 нафар вафот кардаанд ва 73 ҳазору 791 кас сиҳат шудаанд.

 Врач разговаривает с пациентом - Sputnik Тоҷикистон
СУТ ҳам гирифтор шудани сокинони Тоҷикистонро ба коронавирус тасдиқ кард

Дар Чин 82 ҳазору 862 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 610 кас шифо ёфтаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 13 181 ҳолат, Украина – 9 866, Молдова – 3 771, Қазоқистон – 3 205, Ӯзбекистон – 2 017, Арманистон – 1 932, Озарбойҷон – 1 766 ва Қирғизистон — 746 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

То имрӯз дар Беларус  2 072 нафар, Озарбойҷон — 1 267, Молдова – 1 114, Украина — 1 103, Ӯзбекистон – 1 096, Арманистон  – 900, Қазоқистон – 819 ва Қирғизистон – 462 нафар шифо ёфтаанд.

Илова бар ин, дар Украина 250 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 111, Беларус – 84, Арманистон – 30, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 23, Ӯзбекистон — 9 ва Қирғизистон — 8 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 939 нафар буда, 252 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 60 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 21 402 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 157 ҳолати фавт ва 2 953 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қатар 12 564 нафар мубталои коронавирус шуда, аз онҳо 10 кас вафот кардаанд ва 1 243 нафар табобат шудаанд.

Девушка в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои аҳолӣ истифодаи ниқобҳои тиббӣ ҳатмӣ шуд

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 11 929 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, дар он шумораи фавт ва шифоёбӣ нисбат ба Қатар бештар аст — 98 ва 2 329 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 380 нафар. Шумораи сироятёфтагон 5 268 нафар ва шифоёфтагон 1 335 касро ташкил медиҳад.

Теъдоди мубталоён дар Ироқ 2 003 нафар буда, шумораи фавтидагон 92 нафар ва табобатшудагон 1 346 кас мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 921 нафарро ташкил медиҳад. Дар он 1 455 кас шифо ёфтаанд.

Дар Кувайт 24 ҳолати фавт сабт гардида, 3 740 нафар сироят ёфтаанд ва 1 389 кас табобат шудаанд.

Шумораи мубталоён дар Сурия 43 нафар буда, 3 ҳолати фавт ва 21 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0