Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Олимон сабаби фавти зиёд аз коронавирусро муайян ва роҳи пешгирӣ аз маргу мирро гуфтанд

4271
(Таҷдидшуда 15:08 03.05.2020)
Олимони бритонӣ муайян намуданд, ки кадом омил ба раванди фавти зиёд аз коронавирус таъсир мераасонад ва роҳи ҳалли ин масоилро ироа намуданд

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Олимони Британия дақиқ карданд, ки чаро маризии коронавирус ин қадар талафоти зиёди ҷониро ба бор овард, менависад маҷаллаи Research Square.

Мутахассисони бунёди беморхонаи Малика Элизабет ва Донишгоҳи Англияи Шарқӣ сатҳи миёнаи витамини D дар шаҳрвандони 20 кишвари Аврупо бо омори фавти коронавирусро таҳлил карданд. Дар ҷараёни таҳқиқот олимон тавонистанд робитаи мустақимро дар байни ин омилҳо дарёб кунанд.

"Мо сатҳи миёнаи витамини D-ро барои 20 кишвари Аврупо муайян кардем ва аз он ҷо инчунин дар бораи беморшавӣ ва фавт аз сабаби COVID-19 маълумот ба даст овардем. Сатҳи миёнаи витамини D дар ҳар як кишвар бо фавти одамон зич алоқаманд буд", -  гуфта шудааст дар ҳисобот.

Қайд карда мешавад, ки дар кишварҳои норасоии витамини D, одамон аз коронавирус бештар мурданд.

Ин ҳолат дар Испания, Италия ва Швейтсария ба вуҷуд омадааст, ки дар он сатҳи пасттарин витамини D ва сатҳи фавти баландтарин аз коронавирус мушоҳида карда мешавад. Олимон инчунин қайд карданд, ки дар ин кишварҳо аҳолии кишвар асосан пир шудаанд, ки аксар вақт микроэлементҳо надоранд.

Сарвазири Британия гуфт, табибон ба эълони марги ӯ омода буданд

"Мо боварӣ дорем, ки иловаҳои витамини D метавонад барои муҳофизат аз сироят тавсия дода шавад", - мегӯянд олимон.

Тибқи маълумоти СҶБ, дар саросари ҷаҳон тақрибан 3,5 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфта, 244 ҳазор бемор аз ин беморӣ фавтиданд. Дар Русия, зиёда аз 134 ҳазор шаҳрвандон аз коронавирус азият мекашанд.

4271
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, олимон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (451)
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Беларус шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад

55
(Таҷдидшуда 13:45 30.05.2020)
Беларус тавассути ҳавопаймоҳои Русия ба баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан аз Тоҷикистон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрвандони Беларус аз Тоҷикистон берун бурда шуданд, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Кишвар тавонистааст, ки шаҳвандонашро дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Русия ба ватан интиқол диҳад.

Парвоз  тавассути ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уральские авиалинии" анҷом дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин хатсайр се шаҳрванди Белорус, ки дар Тоҷикистон дар монда буданд, ба кишварашон баргаштанд.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон 188 шаҳрвандонашро аз АМА, Дубай ба Ватан баргардонида буд. 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз аморат баргардонида мешаванд.

55

Муборизаи Эрон идома дорад: мақомот аз шифо ёфтани 115 ҳазор нафар хабар дод

155
(Таҷдидшуда 02:32 30.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.

Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.

155
Барчаспҳо:
мубориза, мураххас мешавад, бемористон, вирус, Эрон

Аз се беморхона дутоаш холӣ мешаванд: коҳиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ваҳдат

0
Дар як беморхонаи шаҳри Ваҳдат шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси навъи нав боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Шумораи сироятёфтагони ин вирус дар Ваҳдат ба маротиб коҳиш ёфта, беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ба шаҳру навоҳӣ ба сафар баромада, нахуст ба Ваҳдат рафтаанд.

Дар доираи ин сафар имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии  Ширин Исматуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ- эпидимиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

"То рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Вахдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд", - зикр гардидааст дар ин ҷаласа.

Гуфта мешавад, дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Дар Тоҷикистон то соати 17:20 дақиқаи 29 май 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

Даргузашти Каромат Шарипов аз сактаи қалб дар Ваҳдат

Шумораи фавтидагонро аз ин вирус Вазорат 47 нафар мегӯяд. Тоҷикистон аз бурузи коронавирус дар ҷумҳурӣ 30 апрел хабар дод.

0