День 5 мая

Ҷашнҳои рӯзи 6 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

177
(Таҷдидшуда 19:21 05.05.2020)
Рӯзи шашуми май Дар Антигуа – Рӯзи меҳнат буда, дар ИМА —  Рӯзи ҳамшира ва дар Булғористон – Рӯзи артиш мебошад

Рӯзи 6 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1835 аввалин шумораи рӯзномаи америкоии «Ню-Йорк гералд» нашр шуд.

День 4 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1993 Шӯрои Амнияти СММ дар бораи таъсис додани «Минтақаҳои бехатар» дар Сараево, Тузл, Зеп,  Гораҷ ва Сребренитса дар ҳудуди Босния ва Гертсеговина эълон намуд.

Соли 2009 Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави дастаҳои мунтахаби футболро нашр намуд, ки дар он дастаи  мунтахаби Тоҷикистон миёни 207 дастаи олам мақоми 147-ро касб намуд.

Рӯзи 6 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар Маскав шумораи нахустини газетаи «Чархи гардун» ба табъ расид.

Соли 2009 Президент Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов» фармон имзо намуд.

Соли 2009 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳанги Покистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2009 ҷилди сеюми кори илмӣ-бунёдии «Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги халқи тоҷик нашр шуд».

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – Ҷамъияти муштараки масъулияташ маҳдуди «Душанбе-Текс», ки ба коркарди нахи пахта махсус гардонида шудааст,  ба фаъолият шурӯъ кард.

День 1 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Шӯрои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи ёрии таъҷилӣ дар барқарорсозии бахши энергетикӣ дар Тоҷикистон гранти иловагиро дар ҳаҷми 15 миллион доллари ИМА тасдиқ намуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳиоҳании давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе миёни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.

Соли 2017 Намоиши ҷумҳуриявии мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо «Авто Ретро-Душанбе»  баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 6 май

  • Дар Антигуа – Рӯзи меҳнат.
  • Дар ИМА —  Рӯзи ҳамшира.
  • Дар Булғористон – Рӯзи артиш.

Рӯзи 6 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 – доктори улуми филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 – шоир Одина Мирак.

Соли 1945 – иқтисодчӣ Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 — овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

177
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 28 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Беларус шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад

73
(Таҷдидшуда 13:45 30.05.2020)
Беларус тавассути ҳавопаймоҳои Русия ба баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан аз Тоҷикистон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрвандони Беларус аз Тоҷикистон берун бурда шуданд, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Кишвар тавонистааст, ки шаҳвандонашро дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Русия ба ватан интиқол диҳад.

Парвоз  тавассути ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уральские авиалинии" анҷом дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин хатсайр се шаҳрванди Белорус, ки дар Тоҷикистон дар монда буданд, ба кишварашон баргаштанд.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон 188 шаҳрвандонашро аз АМА, Дубай ба Ватан баргардонида буд. 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз аморат баргардонида мешаванд.

73

Муборизаи Эрон идома дорад: мақомот аз шифо ёфтани 115 ҳазор нафар хабар дод

180
(Таҷдидшуда 02:32 30.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.

Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.

180
Барчаспҳо:
мубориза, мураххас мешавад, бемористон, вирус, Эрон
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

0
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

0