Дезинфекция Павелецкого и Ярославского вокзала в Москве

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз хуруҷи мавҷи дуюми вируси COVID - 19 ҳушдор медиҳад

1512
(Таҷдидшуда 13:14 21.05.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ҷаҳониён бояд дарк кунанд, ки хатари такроран сироят шудан ба ин маризӣ аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, ҳамагон бояд ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус идома диҳанд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Эҳтимолияти хуруҷи мавҷи дуюми маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон вуҷуд дорад, мегӯяд намояндаи СҶБ дар Русия Мелита Вуйнович.

Ба изҳори ӯ, мубориза бо COVID-19 як марҳилаест, ки дар он тамоми кишварҳо бояд дар ҳамбастагӣ бо ҳамдигар қадам зананд. Вуйнович гуфт, пандемияро то даме, ки ба тамоми гӯшаҳои сайёра доман назадааст, мағлуб кардан ғайриимкон аст. Ин вирус дар ҳамаи кишварҳои сайёра мавҷуд аст.

СҶБ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба бадтарин сенарияи рушди коронавирус омодагӣ гирад

Намояндаи СҶБ зикр намуд, ки алъон танҳо раванди аз як инсон сироят шудан на нафари дигарро метавон боздошт ва ин кор танҳо ба ҷорӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ рабт дорад.

"Дар куҷое ки мавҷи аввали коронавирус вуҷуд дошт, зуҳур ёфтани мавҷи дуюм низ имконпазир аст. Аҳолӣ бояд дарк кунад, ки хатари гирифторшавӣ ба ин маризӣ комилан бартараф карда намешавад, аз ин рӯ дар ҳама ҳолат бояд чораҳои бехатарӣ риоя карда шаванд", - таъкид доштаст Мелита Вуйонович.

 

1512
Барчаспҳо:
маризӣ, ҳушдор, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (488)
Денежные купюры

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

185
(Таҷдидшуда 17:03 04.06.2020)
Дар нимаи дуюми соли 2020 коҳишёбии назарраси рубл дар зери таъсири пастшавии нархи нафт интизор меравад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар сурате, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷаҳон оғоз шавад ва кишварҳо дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, доллар метавонад ба 90-100 рубл бирасад.

Дар ин бора дар пешгӯии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамои кӯтоҳмуддат  (ЦМАКП) зикр шудааст.

Тибқи гузориш, коҳиши назарраси рубл дар нимаи дуюми соли 2020 зери таъсири коҳиши нархи нафт ва афзоиши мавсимии талаботи дохилӣ ба асъори хориҷӣ дар назар аст.

Тавре ки Дмитрий Белоусов, роҳбари таҳлил ва пешгӯии равандҳои макроиқтисодӣ дар (ЦМАКП) шарҳ додааст, маҳдудиятҳои карантинӣ бояд дар тирамоҳ ва зимистони соли равон ба амал оянд.

Дар робита ба ин, интизор меравад нархи нафт хеле паст шавад.

Ба андешаи ӯ, аз семоҳаи чоруми соли 2020 то соли 2022, пули миллӣ ба ҳар як доллар тақрибан 87-91 рубл хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, то соли 2023 давраҳои бештар мусоид фаро мерасанд ва пули русӣ мустаҳкамтар гашта барои як доллар то 83-87 рубл баробар мешавад.

Коршиносон гуфтанд, ҳафтаи оянд бо доллар чи хоҳад шуд

Дар ин ҳолат, ба гуфтаи таҳлилгарон, доллар дар семоҳаи чоруми соли равон метавонад аз 85 рубл фаротар равад ва дар баттарин вазъ, 1 доллар 100 рубл хоҳад шуд.

185
Барчаспҳо:
нарх, коҳиш, арзиш, нафт, доллар, рубл
Протесты в США

Эътирозҳои густурда дар Амрико: пулис 4400 нафарро боздошт кард

51
Амрико пас аз фавти марди сиёҳпӯсти амрикоӣ аз дасти кормандони пулис ба майдони шадиди тазоҳурот мубаддал гашт

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Садҳо ҳазор сокинони Амрико пас аз қатли Флоид марди сиёпӯсти амрикоӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Ба гузориши "Форс", эътирозот аз шаҳри Миннеполис ва Миннесота оғоз шуд ва дар даҳҳо шаҳри дигари саросари Амрико густариш ёфт.

"Пас аз марги фаҷеи марди сиёҳпӯсти амрикоӣ бар асари хушунати афсари сафедпӯст, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба саҳнаи эътирозоти саросарӣ ба ин рафтори полиси Амрико алайҳи ақаллияти рангинпӯсти ин кишвар табдил шудааст ва ҳамчунон идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи ин гузориш, садҳо нафар дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар Миннасето ва дигар шаҳрҳои Амрико боздошт шуданд ва полис дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳои муҳими Амрико алайҳи эътирозгарон аз хушунат истифода кард.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ҳамчунон сиёсати истифода аз зӯр ва саркӯби муътаризонро дар рӯзҳои ахир дар пеш гирифтааст ва бо нодида гирифтани хушунат ва рафторҳои табъизомези полиси Амрико, эътирозотро террористӣ хондааст.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки аз нерӯҳои горди миллӣ хостаам то ба теъдоди кофӣ дар иёлатҳои мухталиф мустақар шаванд.  Трамп гуфт, ки нахустин вазифааш ҳимоят ва дифоъ аз мардум ва кишвар буда ва хушунатҳои ахир иқдомоти террористӣ будааст.

51
Барчаспҳо:
боздошт, эътироз, Амрико
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко

Лукашенко нақл кард, ки чӣ гуна дӯсташ Раҳмон бо пулемёт вориди Душанбе шуд

754
(Таҷдидшуда 18:41 04.06.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар пайи таъйини ҳукумати нави кишвараш изҳор дошт, ки аз ҳама муҳим ҳифзи сулҳу субот мебошад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Лукашенко зимни суханронияш баъди таъйини ҳукумати нав изҳор дошт, ки Белорус ягон кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибатро надид.

Ӯ аз ҷумла танишҳо дар Украина, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷону Арманистон, Литваро зикр карда, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мисол овард.

Лукашенко нақл кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо пулемёт ба пеш вориди Душанбе шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад, хабар дод нашрияи "Беларусь сегодня".

“Касе намедонад, ки чигуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорус инчунин аз он нақл кард, ки чигуна Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон дар Андиҷон бо парондани ҳазор нафар ошӯбро шинонд.

“Ҳама ӯро маҳкум мекарданд, аммо вақте фавтид, ба зону зада фиғон бардоштанд, гиря мекарданд. Мо чунинро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдрас мекунем”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорусия дар ҳузури ҳукумати ҷадиди кишвараш аҳамияти ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудааст.

754