В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

683
(Таҷдидшуда 18:00 22.05.2020)
Муовини раисҷумҳурии Эрон гуфт, тамоми ниёзҳои Эрон дар муқобила бо вируси корона дар дохили кишвар таъмин мешавад

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik.  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сурно Сатторӣ, муовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Эрон ба хабарнигорон гуфт, ниёзи таҷҳизоти бемористонҳои кишвар дар муқобила бо вируси корона, комилан таъмин аст.

Ба гуфтаи вай, аз ҷумла бемористонҳо бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин буда, дигар бахшҳои бемористониро низ ширкатҳои соҳавии дохилӣ тавлид мекунанд.

“Эрон акнун ҳеҷ гуна таҷҳизоти пизишкиро барои муқобила бо вируси корона ворид намекунад”, - гуфт Сатторӣ.

Ҳамзамон муовини илмӣ ва фановарии раисҷумҳурии Эрон аз содироти китҳои ташхисии тавлиди ширкатҳои соҳавии эронӣ хабар дод ва гуфт, китҳои тавлидӣ дар Эрон илова бар таъмини ниёзи кишвар, содир низ мешавад ва акнун ҳашт ширкати соҳавӣ тавонистаанд таъйидҳои лозим барои содироти китҳои ташхиси корона дарёфт кунанд.

 Муовини илмӣ ва фановарии раисҷумҳурии Эрон афзуд, дар кишвар зарфияти тавлиди як миллион кити серологӣ дар рӯз ва як миллиону 500 адад кити ташхисии PCR дар як моҳ вуҷуд дорад. 

683
Барчаспҳо:
таъмин кардан, кишвар, вирус, Раисҷумҳур, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард

658
(Таҷдидшуда 13:01 02.06.2020)
Конор Макгрегори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 2  июн — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфтааст, ки қаҳрамони собиқи ду вазн Конор Макгрегор бори дигар шонси ба даст овардани унвон дорад, хабар медиҳад ESPN.

Уайт гуфт, варзишкори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни қаҳрамони UFC  Ҳабиб Нурмуҳаммадо ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад.

“Ман интизори набарди Гэтҷи ва Ҳабиб ҳастам. Мехоҳам бинам, ки он чӣ гуна ба поён мерасад. Пас аз он мунтазири муҳорибаи Конор бо ғолиби ин зӯрозмоӣ хоҳам буд",-гуфтааст ӯ.

Ҳамин тариқ, агар Нурмуҳаммадов  Ҷастин Гэтҷиро мағлуб кунад, ӯ боз дубора бо Конор вориди майдон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018, варзишгарон дар Лас Вегас миёни ҳам зӯрозмоӣ доштанд. Дар ин набард Ҳабиб дар даври чорум конорро бо усули буғи кардан, шикаст дода буд.

Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

Пас аз шикаст, Конор такроран ба Нурмуҳаммадов таклифи рақобати ҷавобӣ ва ё реванш кард, аммо размикори доғистонӣ инро рад карда гуфт, ки варзишкори ирландӣ барои ӯ рақиби қавӣ нест.

658
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, майдон, ғолиб, зӯрозмоии размикорон, рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
День 2 июня

Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

64
(Таҷдидшуда 20:40 01.06.2020)
Рӯзи дуюми июн дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ буда дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ мебошад

Рӯзи 2 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1896 Гулелмо Маркони итолиявӣ дар ИМА оид ба ихтирои радио аввалин патент ба даст овард.

Соли 1946 дар Италия оид ба сохти давлатдории ояндаи  ин мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида буд, ки дар он қариб ҳамаи шаҳрвандони кишвар иштирок намуданд.

Соли 1963  дар Тоҷикистон шумораи нахустини  ҳафтаномаи "Ин ҷо Душанбе" (ҳоло "Ҷаҳони паём") нашр шудааст.

Соли 1975 аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.

Снег в Воркуте
© Sputnik / Алексей Резниченко
Снег в Воркуте

Соли 1981 рӯзномаи «Правда» (нашрияи марказии КМ КПСС) ҳукумати Полшаро дар беамалӣ нисбат ба коммунизм душман эълон кард.

Рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004  Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 аввалин намояндагии бонки Русия дар Тоҷикистон «Росселхозбанк» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 2009 миёни Душанбе ва Рига (пойтахти Латвия) хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ гардид.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Чин ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ҷамъ омада буданд.

Соли 2012 дар ҷараёни сафари давлатӣ  ба Чин Эмомалӣ Раҳмон аз  Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан дидан намуд. Бо қарори Шӯрои илмӣ  ба Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла, дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.

Соли 2014 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омада буд, масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуданд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардида, барои  мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 июн

  • Дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.
64
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Автомобили на проезжей части, архивное фото

Пиёдагарди 28-сола зери чархи "Лексус" ҷон дод

0
(Таҷдидшуда 13:14 02.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор хабар дод, ки шаби 31 май бар асари ноуҳдабароии ронандаи "Лексус" рух додааст

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садама санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа дар роҳи Ваҳдат - Рашт ба вуқуъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД такъид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ҳалокат, садамавӣ, Тоҷикистон