Мусульманин в мечети, архивное фото

Писари Ҷамол Хушуқчӣ гуфт, қотилони падарро бахшидааст

254
(Таҷдидшуда 20:13 22.05.2020)
Хошуқҷӣ аз мунтақидони барҷастаи давлати саудӣ октябри 2018 дар консулгарии Риёз дар Истанбул ба шакле ваҳшиёна ба қатл расид

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik.Писари Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мақтули саудӣ дар баёнияе эълом кард, ки қотилони падарашро мебахшад, гузориш медиҳад "Парс тудэй"

Ин баёнияро Солеҳ Хошуқҷӣ рӯзи ҷумъа дар Твиттер мунташир кардааст.

Дар ин шаби муборак аз моҳи мубораки Рамазон ба ёд меоварем, ки Худованд мефармояд: Агар шахсе бибахшад ва мусолиҳа ҷӯяд, подоши ӯ аз ҷониби Худованд аст. Бинобарин мо писарони шаҳид Ҷамол Хошуқҷӣ эълом мекунем: касоне, ки падари моро куштанд, афв карда ва ба дунболи подош аз ҷониби Худованди мутаол ҳастем”, - навиштааст вай.

Хошуқҷӣ аз мунтақидони барҷастаи давлати саудӣ октябри 2018 дар консулгарии Риёз дар Истанбул ба шакле ваҳшиёна ба қатл расид.

Мақомоти саудӣ ҳамвора муддаӣ ҳастанд, ки ин ҷиноят амалиёти худсарона буда ва дастури он аз тарафи Риёз содир нашуда буд.

Аммо дар сатҳи байналмилал ин масъала мавриди тардид аст ва чандин ожонси иттилоотӣ ва Созмони Милал ривояти давлати оли Сауд дар бораи наҳваи вуқӯи ин ҷиноятро зери суол бурдаанд.

 

254
Врач Фазила Файзмамадова

"Иродаи қавӣ": пизишки ҷавони тоҷик худ ва фарзандашро аз коронавирус дар Маскав наҷот дод

379
(Таҷдидшуда 12:51 04.06.2020)
Фазила мегӯяд иродаи қавӣ ва рӯҳан афтода нашудан дар пирӯз шудан бар ин маризӣ бисёр нақши муассир дорад. Некбин будан бисёр зарур аст  ва ба сиҳат шудани худ бояд боварӣ дошт

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Фазила Файзмамадова худ пизишки гушу бинӣ буда дар яке аз муассисаҳои тиббиӣ ғайридавлатӣ дар Русия аз рӯи ихтисоси худ фаъолият мекунад. Замоне, ки маризии сироятии коронавирус ба ин кишвар расид, Фазила ҳамарӯза ба қабули беморон машғул буд. Фаъолияти муассисаи онҳо пас аз баромади кишвардори Русия Владимир Путин бобати эълони рӯзҳои ғайрикорӣ мутафаққиф шуд.

Ин пизишки тоҷик дар қатори садҳо шаҳрвандони Русия ва ҳамзамон даҳҳо муҳоҷирони корӣ гирифтори вируси COVID – 19 шуд. 

Фазила дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали гирифторшавӣ ба ин маризӣ ва то пирӯз шудан бар беморӣ қисса кард.

Маризӣ

Пизишки тоҷик мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ба ин маризӣ на дар ҷойи кори худ, балки дар манзили иқоматаш  мубтало шуд.

Ӯ ба мисли даҳҳо муҳоҷирон ҳамроҳ бо пайвандони ҳамсари худ дар минтақаи "Булвар Ракосовская"  дар хонаи иҷора мешинад.

Таъсири коронавирус ба ҳамкориҳои  Маскав, Вашингтон ва Пекин

"Яке аз пайвандони ҳамсари ман дар мағозае ба ҳайси фаррош кор мекунад ва ба фикри ман ин маризиро маҳз ӯ ба хонаводаи мо ворид кард. Тасб дошт ва аҳволаш вазнин буд. Ман ҳар бегох ба ӯ чак - чак ва сӯзандору мегузарондам. Як рӯз вақти сӯзандорӯ гузарондан нӯги сӯзан нохост ба дасти ман халид ва вазъи ман аз рӯзи баъдӣ бад шудан гирифт", - ба ёд овард Фазила аз гирифтор шудани худ ба ин маризӣ.

Ӯ мегӯяд, шояд ин вирус тавассути сӯзан ба баданаш  ворид шуд ва ҷараёни паси сар кардани маризӣ дарозу вазнин тӯл кашидаст.

"Се рӯзи аввал тасб мекардам, сулфаи хушк доштам, аммо вазнин набуд".

Фазиларо аз ҳама беш бемадорӣ ва дарди устухонҳои дасту пой азият додааст. Ҳамчунин сӯзиши қафаси сина ва пушти гарданаш низ ҳафтаҳо давом мекард.

Ӯ мегӯяд, аз рӯзи аввали гирифтор шудан ба беморӣ даррав ба табобати худ шурӯъ кард, аммо на духтур рафту на пизишконро назди худ хонд.

"Шояд гузарондани сӯзандору ва истеҳмоли доруҳои зиддӣ вирусӣ то ҳадде роҳи паҳншавии ин маризиро дар бадани ман боз дошт" - мегӯяд ӯ.

Фазила мегӯяд, аҳволи беморонро бештар хабару маълумотҳое, ки бобати ин маризӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, вазнинтару бадтар мегардонад.

“Ман пас аз тамошои як навор, ки дар он маризи вируси COVID – 19 аломатҳои бемории худ ва то пайваст шудан ба  дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нақл мекард, якбора бемадор шудам. Зеро ҳамаи аломатҳое, ки ӯ номбар мекард ман ҳам аз онҳо ранҷ мебурдам. Маро даҳшате фаро гирифт”.

Аммо ба хотири кӯдаки 7 – солаи худ, набардашро аз ҳуҷуми вируси COVID – 19 идома медод.

Супоридани ташхис

Нафастангиро Фазила дар ҳафтаи дуюм ҳис кард ва пас аз ин даррав пеши духтур шитофт.

"Аз танг шудани нафасам дар ҳарос мондам. Агар қаблан ба гирифтор будани худ ба маризии сироятии коронавирус шиква медоштам, пас аз мушкил шудани нафаскашиям боварӣ ҳосил кардам, ки дар ҳақиқат ман ҳам ба доми ин вирус афтодам".

Дар муолиҷахона (поликлиника), пизишки навбатдор аввал тасби ӯро санҷида, фаъолияти шушҳояшро гӯш кард.

Ба дархости Фазила барои гузаштан аз ташхиси компютерӣ табиб ҷавоби рад додаст. Танҳо пешниҳод намудаст, ки метавонад ташхис аз бинӣ ва гулӯи ӯро барои гирифтор будан ва ё набуданаш ба коронавирус бигарад.

Пас аз як ҳафта ба ин табиби тоҷик натиҷаи ташхисашро тариқи занги телефонӣ расонданд ва гуфтанд, ки ӯ гирифтори вируси COVID – 19 мебошад.

Власова дар бораи боз кардани сарҳади Русия: бе муҳоҷирон намешавад

Дар ин асно кӯдаки 7 – солаи ӯ низ тасб кард ва нишонаҳои бемадорӣ дар ӯ зуҳур мекарданд. Пас аз ташхиси табибон маълум гардид, ки духтарчаи ӯ низ гирифтори ин вирус аст.

"Кӯдакам хушбахтона бо сабукӣ ин бемориро паси сар кард", - мегӯяд ӯ.

Бо дақиқ шудани ташхиси ӯ аз Маркази COVID – 19 дар Маскав ҳамарӯза ба телефони Фазила занг зада, аз вазъи саломатии ӯ пурсон мешуданд.

"Ин маризӣ бо гузашти як моҳ маро ба ҳолам гузошт. Дигар хастагӣ ва сӯзиши қафаси сина ва пуштамро эҳсос намекардам. Ба хулоса омадам, ки иродаи қавӣ ва рӯҳан афтода нашудан дар пирӯз шудан бар ин маризӣ бисёр нақши муассир дорад. Некбин будан бисёр зарур аст  ва ба сиҳат шудани худ бояд боварӣ дошт".

Дар Русия ба мисли Фазила даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин маризӣ гирифтор шуданд. Хушбахтона қисмати зиёди беморон ин вирусро бо сабукӣ паси сар карданд, аммо сафи тоҷикистониёне, ки бар  асари гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон аз даст додаанд, мутаасифона кам нест.

Бар хабари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон танҳо аз санаи 19 то 30 – юми май аз Федератсияи Русия 58 тобути шаҳрвандони кишвар ба ватан интиқол дода шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки муддати беш аз 1 моҳ равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия баста буд. Ҷасади аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари ин маризӣ дар Русия ҷон бохтанд, имкони ба ватан мунтақил намудан мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, онҳоро дар қаламрави Русия ба хок супурданд.

379
Барчаспҳо:
маризӣ, тоҷик, пизишк, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Верующий на намазе в мечети, архивное фото

Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

165
(Таҷдидшуда 10:53 04.06.2020)
Ҳоло масҷидҳо танҳо барои ташрифи инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуданд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав  пас аз сабукгардонии чораҳои маҳдудсозӣ вобаста ба пандемия масҷидҳо ва марказҳои мусалмонӣ боз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Муфтиёни Русия.

Аммо, ҳоло онҳо танҳо барои боздидҳои инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки намози ҷумъа танҳо дар ҳавои кушод дар Ногинск, Старая Купавна, Орехово-Зуево, Шелково, Солнечногорск, Наро-Фоминск, Звенигород, Родники, Коломна, Яхрома, Зарайск, Домодедово, Тучково ва Шаховский баргузор мешавад.

Дар ҷамоаҳои боқимондаи мусулмонони вилояти Маскав намози ҷумъа баргузор нахоҳад шуд.

То беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ онҳо онлайнӣ баргузор карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ҳатмӣ мебошад. Мӯъминон бояд бо худ ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшак дошта бошанд ва инчунин пешниҳод мешавад, ки бояд масофаи иҷтимоӣ риоя шавад.

Ёдрас мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки аз 6 июн дар Маскав масҷидҳо боз хоҳанд шуд. Ва ду рӯз пеш  1 июн, дар пойтахти Русия, дар реҷаи озмоишӣ, Масҷиди марказӣ дарҳои худро барои намозгузорон боз кард.

165
Барчаспҳо:
макони ибодати мусулмонон, мусалмонон, кушодашавӣ, масоҷид, Русия
Судебный молоток, архивное фото

Жураев 85 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 14:51 04.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста, 85 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Жураев аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол маҳрум шуд, хабар дод “Ҷумҳурият”.

Манбаъ афзуд, Жураев ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб карда, 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Жураев моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш аз Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Оғабек”-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудаст, ки  Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст.

Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.

Дар пайи шикояти Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев ба Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Таъкид шудааст, дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои кор ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кардаст.

0