Дар Эрон шумори фавтидагон аз вируси корона ба 7359 нафар расид

© AP / Ebrahim NorooziПохороны жертвы коронавируса в Тегеране
Похороны жертвы коронавируса в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 104 ҳазору 72 нафар аз беморони КОВИД-19 дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърсонии Вазорати беҳдошти Эрон, ахиран дар шаҳри Теҳрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 1869 бемори нав шиносоӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон
Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни нав, 386 маврид бистарӣ шуданд ва 1483 мавриди  дигар низ, ки аз афроди дар тамос бо беморон буданд пас аз муоина давраи дармони худро дар хонаҳои худ хоҳанд гузаронд.

Вай гуфт маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 133 ҳазору 521 нафар расидааст.

Инчунин Киёнуши Ҷаҳонпур афзуд, ки дар 24 соати гузашта фавти 59 бемор ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ аз коронавирус дар Эрон ҳафт ҳазору 359 нафар ба ҳалокат расидааст.

Теъдоди беморони КОВИД-19 дар ҷаҳон низ ба ҳудуди панҷ миллиону 325 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 340 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз ду миллиону 170 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0