Колбы с реагентами для экспресс-тестов на коронавирус

Олимони рус як шарти пирӯзӣ бар коронавирусро гуфтанд

1331
(Таҷдидшуда 14:19 24.05.2020)
То имрӯз дар Русия ҳудуди 336 ҳазор шаҳрванди кишвар ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд. Дар Тоҷикистон, ба ҳолати 23 май 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун 1223 нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Коронавирусро метавон танҳо якҷоя пирӯз шуд, гуфтааст коршиноси рус, эпидемиологи рақами яки кишвар Николай Брико.

Ӯ ин гуфтаашро чунин тавзеҳ додааст, ки "КОВИД-19-ро танҳо иммунитети коллективӣ метавонад мағлуб кунад".

Ба гуфтаи Брико, танҳо дар ҳамон ҳолат паҳншавии коронавирус бозмеистад, ки ин иммунитет дар бадани 95 дар сади аҳолии кишвар пайдо шавад.

Ӯ тавзеҳ додааст, ки танҳо ваксина қодир аст, ки ин иммунитет бидуни қурбонӣ пайдо шавад.

"Ҳангоми инфексияиҳои сироятие, ки ба воситаи ҳаво ва қатраҳо паҳн мешаванд, ягона роҳе, ки паҳншавии онро бозмедорад, эмкунии тамоми сокинон аст. Дар ҳамин ҳолат коронавирус наметавонад барои паҳншавӣ заминае пайдо кунад", - афзудааст Брико.

Вай таъкид кардааст, ки ҳадди ақал ҳангоми пайдо шудани иммунитет дар 60 ва 70 дар сади аҳолӣ паҳншавии коронавирус хело коҳиш меёбад.

Аммо, таъкид кардааст, коршинос, ин натиҷаҳоро наметавон бо роҳи табиӣ ба даст овард (аз сар гузаронидани бемории коронавирус) - қурбонии зиёде дар пай дорад.

Ба маълумоти 23 май дар Русия ҳудуди 336 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуда, 3,3 ҳазор кас дар пайи он фавтиданд. Тақрибан 108 ҳазор нафар сиҳат ёфтанд.

Дар Тоҷикистон, ба ҳолати 23 май 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун 1223 нафар шифо ёфтаанд

Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониёни бемориро 44 нафар мегӯяд.

 

1331
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

26
(Таҷдидшуда 02:19 08.07.2020)
Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Вай гуфт, коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кумак ба ҳамтоёни қирғиз вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд, коршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби шашум ба ҳафтуми июли соли равон дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

26
Барчаспҳо:
Бишкек, вирус, коршиносон, Русия, Қирғизистон
Молния

Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор

442
(Таҷдидшуда 18:52 07.07.2020)
Футболбози 16 - сола аз вилояти Маскавро, ҳангоми тамрин оташак зад ва ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд. Феълан ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад ва табибион мегӯяд ба ҷони ӯ хатаре таҳдид намекунад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Иван Заборовский футболбози 16 - солаи дастаи "Знамя труда" аз ҳисоби оташак сахт ҷароҳатдор шуд.

Номбурда авохири ҳафтаи гузашта ба тамрини футбол дар варзишгоҳ машғул буд, ки банохост ӯро раъду барқ зад. Иванро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд ва табибон ӯро ба беҳушкунии сунъӣ (ком) гузаронданд.

Бар хабари RT, алъон вазъи саломатии варзишгари ҷавон мӯътадил буда, пизишкон мегӯянд ба ҷони ӯ дигар хавфе таҳдид намекунад.

442
Барчаспҳо:
раъду барқ, футболбоз