Баъди карантини 108 миллион кас: ошкоршавии чанд гирифтори коронавирус дар Чин

617
(Таҷдидшуда 16:12 24.05.2020)
Комиссияи миллии тандурустии Чин дар бораи гирифтор шудани чанд нафар аз сокинони кишвар ба вируси корона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар Чин бақайдгирии гирифторони коронавируси COVID-19 идома дорад, хабар медиҳад Комиссияи миллии тандурустии кишвар.

Бино бар иттилои комиссия, дар як шабонарӯзи гузашта 3 нафар гирифтори ин вирус пайдо шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ду нафари бемор ба наздикӣ аз хориҷа баргашта буданд. Нафари севум бевосита дар дохили кишвар мубтало шудааст.

Бино бар маълумоти ахир, аз аввали пандемия дар Чин ҳудуди 83 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор шуданд. Қурбониён 4,6 ҳазор тан гуфта мешавад.

Бурузи коронавирус маҳз ба Чин иртибот дорад. Нахустин шуда, дар ин кишвар дар охири соли 2019 аз пайдо шудани мубталоён ба вируси корона хабар доданд. Вирус зуд дар дигар кишварҳо ҳам паҳн гардид.

Авҷи беморӣ дар Чин ба моҳҳои январу феврал рост омада, моҳҳои марту апрел коҳиши паҳншавии он ба назар мерасид. Дар пайи ин коҳиш, кишвар маҳдудиятҳо ва карантинро бекор кард.

Олимони рус як шарти пирӯзӣ бар коронавирусро гуфтанд

Аммо ду ҳафтаи ахир дар се шаҳри Чин 46 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор шуд. Дар натиҷа дар шимолу шарқии Чин бештар аз 108 миллион шаҳрванд ба карантин фаро гирифта шуданд.

 

617
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

29
(Таҷдидшуда 02:19 08.07.2020)
Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Вай гуфт, коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кумак ба ҳамтоёни қирғиз вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд, коршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби шашум ба ҳафтуми июли соли равон дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

29
Барчаспҳо:
Бишкек, вирус, коршиносон, Русия, Қирғизистон
Молния

Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор

443
(Таҷдидшуда 18:52 07.07.2020)
Футболбози 16 - сола аз вилояти Маскавро, ҳангоми тамрин оташак зад ва ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд. Феълан ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад ва табибион мегӯяд ба ҷони ӯ хатаре таҳдид намекунад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Иван Заборовский футболбози 16 - солаи дастаи "Знамя труда" аз ҳисоби оташак сахт ҷароҳатдор шуд.

Номбурда авохири ҳафтаи гузашта ба тамрини футбол дар варзишгоҳ машғул буд, ки банохост ӯро раъду барқ зад. Иванро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд ва табибон ӯро ба беҳушкунии сунъӣ (ком) гузаронданд.

Бар хабари RT, алъон вазъи саломатии варзишгари ҷавон мӯътадил буда, пизишкон мегӯянд ба ҷони ӯ дигар хавфе таҳдид намекунад.

443
Барчаспҳо:
раъду барқ, футболбоз