Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной

232 бемор: фавти рекордӣ аз коронавирус дар Русия давоми як рӯз

1100
Дар Русия давоми як шабонарӯзи ахир дасти кам 232 бемор аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Тибқи иттилои ситоди фаврӣ дар Русия ҳамакнун теъдоди умумии маризони коронавирус ба 387,623 нафар баробар шудааст. Давоми шабонарӯзи ахир пизишкон боз 8572 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирусро ошкор намуданд.

Дар давоми як рӯзи охир дар кишвар 232 нафар аз COVID-19 ба ҳалокат расидаанд, ки ин бузургтарин нишондиҳандаи фавт дар як рӯз мебошад. Сабти қаблӣ - 174 фавтро дарбар гирифта буд.

Русия аз лиҳози теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон мақоми дуюмро касб кард

Зимнан, шумораи умумии фавтҳо аз коронавирус ба 4374 нафар расид. Дар маҷмӯъ, 223 992 нафар табобатро дар Русия идома медиҳанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоди умумии дардмандони маризии коронавирус дар ҷаҳонро ба 5 миллиону 905 ҳазору 415 нафар арзёбӣ мекунад.

Аз ин маризӣ дар ҷаҳон  то ҳол 2 миллиону 579 ҳазору 691 кас шифо ёфта, 362 ҳазору 24 нафар фавтидаанд.

1100
Барчаспҳо:
фавт, маризон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (740)

Беш аз 3 ҳазор эронӣ дар як рӯз ба коронавирус гирифтор шуданд: 175 кас ҷон бохт

36
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзишии пизишкии Эрон омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Ҷумҳурии исломии Эрон 3521 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад сухангӯйи Вазорати дармон ва омӯзиши пизишкии ин кишвар.

Ба иттилои Симо Содот Лорӣ, дар як рӯзи охир дасти кам 175 мариз ҷон бохтанд.

Ба ҳамин минвол, дар Эрон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 436 319 нафар расидааст. Ҳамчунин аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ, 25 015 нафар қурбон шуданд.

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

Ба гуфтаи сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 367 829 нафар аз беморон беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Қобили зикр аст, ки дар тъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 32 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  982 ҳазор нафари  ҷони худро аз даст доданду беш аз 23 миллион нафара ҳам беҳбуд ёфтаанд.

36
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (740)

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

266
Олимони Туркия таҳқиқ намуданд, ки маризии сироятии коронавирус метавонад саратони сарро ба вуҷуд орад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Коронавирус метавонад саратони мағзи сарро ба вуҷуд орад ва ё ба рушди омосҳои мавҷуда мусоидат кунад. Ба чунин натиҷа олимони донишгоҳе дар Истамбул расиданд.

"Мувофиқи фарзияи мутахассисон, зарраҳои SARS-Cov-2 қодиранд бо ҳуҷайраҳои бофтаҳои асаб, ки дар рушди онкология иштирок доранд, пайваст шаванд".

Аммо олимон исрор меварзанд, ки ин хулосабарории ниҳоӣ набуда, ҳоло дар ин самт бояд таҳқиқотҳои нав гузаронд.

"Ҳар гуна вируси онкогенӣ, ки ба ҳуҷайра ворид мешавад, онро тағир медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо онро хатарзо мекунад. Аммо ин як раванди хеле тӯлонист, ки ҳатман таъсири омилҳои иловагии муҳити берунӣ ва дохилиро тақозо мекунад", - шарҳ додааст бозёфтҳои олимони туркиро, роҳбари лабораторияи саратоншиносии Блохин Ксения Смирнова ба нашрияи "Известия".

Зимнан, Андрей Васин як намояндаи дигари соҳаи тандурустии Русия изҳор намудааст, ки SARS-Cov-2 вируси РНК аст ва қобилияти ин гурӯҳи патогенҳо барои барангехтани саратон қаблан мушоҳида нашудааст.

266
Барчаспҳо:
саратон, таҳқиқот, олимон, Туркия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (740)
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия