Стоп коронавирус

Тавсияи СҶБ ба давлатҳо: гаштугузор бо ниқоби тиббиро иҷборӣ кунед

626
(Таҷдидшуда 02:01 07.06.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба ҳамаи давлатҳо тавсия додааст, ки истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумиро барои ҳамаи шаҳрвандонашон иҷборӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар дастуруламали тозаи худ аз давлатҳо хост истифода аз ниқоби тиббиро дар муҳитҳои умумӣ иҷборӣ кунанд.

Ин созмон, ки пештар эълом карда буд шавоҳиди кофӣ вуҷуд надорад, ки нишон диҳад афроди солим ҳам бояд ниқоби тиббӣ бизананд, акнун эълом карда истифода аз ниқоби тиббӣ яке аз роҳҳои муассир дар пешгирӣ аз шуйюи коронавирус аст.

Дар тавсияномаҳои пешини Созмони ҷаҳонии беҳдошт, фақат беморони мубтало ба COVID-19 ва ҳамшираҳои шафқат  ва наздикони онҳо ба истифода аз ниқоби тиббӣ тавсия шуда буданд.

Акнун ин Созмон тавсия кардааст давлатҳо дар манотиқе, ки дучори шуйюи густурдаи вируси корона ҳастанд, истифода аз ниқобҳои ҳифозатиро дар васоили ҳамлу нақли умумӣ, мағозаҳо ва маконҳои дигаре, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ душвор аст, иҷборӣ кунанд.

Ёдрас мешавм, ки ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то 6 июни соли равон дар мамлакат 1265 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Бар тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон аз котиботи вазорат дастрас намуд, то соати 20:00 дақиқаи 6 июн дар кишвар 4453 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2583 (58%) нафар шифо ёфтаанд.

Зимнан, манбаъ таъкид мекунад, ки давоми шабонарӯзи ахир ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт нашудаст.

626
Барчаспҳо:
истифода, тавсия, ниқоби сиёҳ, вирус, Созмони ҷаҳонии беҳдошт
Дети собирают воду из открытого канала в городе Дости, на юге Таджикистана

Коронавирус 150 миллион кӯдакро ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа кард

88
(Таҷдидшуда 13:03 20.09.2020)
Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар гузорише эълом кард, аз замони шуюи вируси куруно дар ҷаҳон то кунун 150 миллион кӯдак ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Nas”,  Созмони ҳимоят аз кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) эълом кард, ки аз оғози шуюи вируси куруно дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 дарсад ба теъдоди кӯдаконе, ки дар кишварҳои бо даромади мутавассит ва поин дар маҳрумият зиндагӣ мекунанд, афзуда шуда ва теъдоди ин кӯдакон ба як миллиарду 200 миллион кӯдак расидааст.

ЮНИСЕФ бо ишора ба ин ки теъдоди кӯдакони фақир рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст, дар бораи буҳронӣ шудан авзоъ ба сурати вахимтаре дар моҳҳои оянда ҳушдор дод.

Дар пажӯҳиши муштараки ЮНИСЕФ ва Созмони "аз кӯдакон ҳимоят кун" (Save The Children) дар моҳи майи 2020 дар бораи паёмадҳои иқтисодии буҳрони Ковид-19, ки ба фақир шудани 86 миллион кӯдаки дигар то поёни имсол мунҷар мешавад, ҳушдор дода шуд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, агар теъдоди кӯдакони маҳрум ва фақир ба нисбати соли гузашта 15 дарсад афзоиш дошта бошад, то поёни имсол ҳудуди 672 миллион кӯдаки маҳрум ва фақир дар ҷаҳон хоҳем дошт, ки аз се як ҳисаи он дар кишварҳои африқоӣ ва ҷануби осиёӣ зиндагӣ мекунанд.

88
Барчаспҳо:
фақр, вируси корона, гузориш, кӯдакон, ЮНИСЕФ
Всемирный банк, офис в Вашингтоне

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

181
(Таҷдидшуда 16:58 19.09.2020)
Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кармен Рейнхарт сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. 

"Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт", - изҳор доштааст Рейнхайтер.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, "зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид", - менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СҶБ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

181
Барчаспҳо:
иқтисод, БҶ
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

0
(Таҷдидшуда 13:52 20.09.2020)
Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дархости муқаррари сандуқи байналмилалии пул барои варшикаста эълом кардани бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то замони тасвияи ҳисоби ин ду ниҳоди молявӣ бо муштарён аз ин иқдом  худдорӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи Топ Ти Ҷи.

Бояд гуфт, ки чанде пеш сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзоъи иқтисодии Тоҷикистон, бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистони гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир  бадеҳии Бонки “Агроинвестбонк” ба муштарён 750 миллион сомонӣ аст ва амволу сохтмонҳои идории ин ниҳод ва “Тоҷиксодиротбонк” низ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом  Шарифӣ иқтисоддони тоҷик таъкид доштааст, ки варшикаста эълом кардани ин ду бонк ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро бахше аз саҳҳоми молии ин ду бонки буҳронзада давлатӣ асту бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон дар пайи эъломи варшикастагии ин ду ниҳоди молӣ маҷбур аст, ки бадеҳии муштарёнро тасвия кунад, аммо чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

0
Барчаспҳо:
Бонки миллӣ, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, бонк, Тоҷикистон