Ваъдаи Чин ба ҷаҳон: ҳамаро бо ваксин алайҳи COVID - 19 таъмин мекунем

3106
Чин мегӯяд, феълан 5 намуд ваксин алайҳи COVID - 19 дар арафаи озмоиши клиникӣ қарор доранд ва дар сурати собит шудани таъсирнокии онҳо дар қиболи ин маризӣ, тамоми ҷаҳон аз ин ваксинҳо бархурдор мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Мақомоти Чин мегӯянд, ҳамин ки ваксинҳои алайҳи коронавирус аз ҳамаи озмоишҳои клиникӣ мегузаранд ва натиҷаи таъсиррасонии онҳо дар қиболи ин беморӣ мусбат мебарояд, онҳоро ба тамоми ҷаҳон дастрас мекунанд.

Русия воксинаи зидди COVID-19-ро сохтааст

Нашрияи "Жинмин Жибао" бо истинод ба суханони вазири илм ва технологияи Чин Ван Чжиган менависад, ки ҳоло ин кишвар панҷ навъи ваксинаҳоро аз COVID-19 таҳия карда истодааст, ки баъзеи онҳо аллакай дар ихтиёриён озмуда мешаванд.

"Дар қадами оянда, агар ваксинаи чинӣ барои истифода омода бошад, пас аз таҳия ва озмоишҳои клиникӣ, мо ӯҳдадориҳои кишвардори Чин Си Ҷинпинро дар Конфронси 73-юми Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷро хоҳем кард ва онро ҳамчун маҳсулоти оммавӣ барои тамоми ҷаҳон дастрас мегардонем", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Вазири илм ва технология, таҳияи ваксина як амали хеле ҷиддӣ ва ниҳоят мураккаби илмӣ мебошад, ки вақти зиёдро талаб мекунад.

"Дар баробари ин, азбаски тадқиқоти илмӣ аст, он ҳам мушкилот ва номуайяниҳои зиёд дорад", - таъкид намудааст Чжиган.

Қобили зикр аст, ки Русия аллакай барои ду доруи истеҳсоли ватанӣ аз Вазорати тандурустӣ расман иҷозатномаи истеҳсолро дастрас намуда буд.

Роспотребнадзор гуфт, сохтани ваксинаи ягона барои COVID-19 ғайриимкон аст

"Левилимаб" (номи тиҷоратии "Илсира")  ва "Авифавир" ду доруи зидди коронавирус мебошанд, ки пас аз озмоишҳои клиникӣ шаҳодатнома дар бораи сабти ном гирифтанд.

Вазорат мегуяд, ин ду дору ба паҳншавии коронавирус дар бадани инсон халал мерасонанд.

 

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.

3106
Барчаспҳо:
дору, ҷаҳон, ваъда, Чин
Военные РФ в Сирии, архивное фото

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

66
(Таҷдидшуда 19:33 07.08.2020)
Агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд. Амрикоиҳо иқрор шуданд, ки бо дахолати Маскав, Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" ба артиши Сурия даст дод, ки қисмати бештари кишварро аз дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бозпас гиранд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik, Андрей Котc. Хадамоти пажӯҳишии конгресс дар гузориши 49-варақаи худ таҳти унвони "Низоъи мусаллаҳона дар Сурия ва вокуниши ИМА" ба хулоса омадааст, ки агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд.

Таҳлилгарони низомӣ чӣ мегӯянд ва чӣ пешбинӣ мекунанд - ҷавоби суолро аз ин мавод дарёфт хоҳед кард.

Тақсимоти қувва

Дар ин гузориш харитаи Сурия нишон дода шудааст. Қисмати марказӣ, шарқӣ ва ҷанубии кишварро ҳукумати Башор Асад бар истиснои минтақае дар марз бо Иордания - Ат-Танф, ки он ҷо пойгоҳи низомии ИМА қарор дорад, назорат мекунад. Идлиб дар қисмати шарқу ғарби кишвар таҳти идораи гурӯҳҳои эстремистӣ ва Туркия қарор дорад. Минтақае дар шимолу шарқи Ифрот - тақрибан се дарсади Сурия дар дасти курдҳо ҳаст.

Ин ҷо таҳлилгарон каме дурӯғ мегӯянд, чун далелан ин манотиқро Вашингтон назорат мекунад. Тибқи гузориш амрикоиҳо инҷо онқадар бисёр нестанд - наздики 600 найза. Вале онҳо манотиқи асосии нафтдори кишварро аз худ кардаанд. Дар баробари ин дар шимоли Сурия садҳо низомиёни созмонҳои хусусӣ фаъол ҳастанд. Дар ин ҳуҷҷат омада, ки ҳукумати расмии ин давлат ҳузури Амрикоро дар хокаш ғайриқонунӣ мешуморад.

Вале дар Вашингтон мегӯянд, манбаъҳои истихроҷи нафтро бояд аз террористон муҳофизат кард.

Муаллифони гузориш пинҳон намедоранд, ки гоҳ-гоҳ бо низомиёни Асад ҷанҷол мешавад. Ҳамин тавр онҳо мегӯянд, моҳи феврал низомиён дар минтақаи Камишли Қувваҳои мусаллаҳи ИМА-ро тир заданд. Касе осеб надид. Дар баробари ин мухолифати миёни низомиёни Русия ва Амрико низ дар шимолу-шарқи кишвар бештар шудааст.

Дар интернет аллакай наворҳои зиёде нашр шудааст, ки дар он мошинҳои ИМА роҳи худравҳои пулиси Русияро банд мекунад. Хушбахтона то ҳол ба тирпарронӣ нарасидааст.

Русия намеравад

Дар умум амрикоиҳо иқрор шудаанд, ки ҳуҷуми ҳавоии исроилиҳо ба обектҳои Эрон ва таҳримҳои зидди Русия, нагузошт, ки Маскав ва Теҳрон аз дастгирии Башор Асад даст кашанд.

"ИМА хоҳиш ва имконоти Русияро барои густариши таъсири худ дар Ховари Миёна нодида гирифтанд, - навиштаанд таҳлилгарон. Дар баробари ин бояд дарк кард, ки Маскав то чӣ андоза барои дастгирии шарики худ омада аст".

Муттаасифона муаллифони гузориш мегӯянд, ҳоло зарба задан ба Дамаск душвортар шудааст. Хатти фронро аз пойтахти Сурия дар навбати аввал бо кӯмаки қувваҳои ҳавоии Русия ба ақиб партофтанд ва қисмати бузурги кишвар таҳти назорати низоми Асад шуд. Душманони сиёсии Башор Асад қариб ки бе ҳеҷ чиз монданд. Дар баробари ин курдҳо бо Димишқ наздиктар мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки минтақаи марказӣ ва шимолу шарқӣ зери назорати Димишқ бар хоҳад гашт.

Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамоно хатар дорад

Моҳи декабри соли 2018 Доналд Трамп дар бораи пирӯзӣ бар Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) эълом кард. Вале таҳлилгарон бар онанд, ки гурӯҳҳои мухолифин то ҳол нобуд нашудаанд. Шарикони ИМА нуқтаҳои қавии Давлати Исломиро дар Сурия соли 2019 аз худ карданд. Вале исломгароён низоми идоракуниро чӣ дар Сурия ва чӣ дар Ироқ нигоҳ доштанд. Яъне то ҳол қодиранд ҳамла кунанд.

"Дар дурнамо тақдири Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз имконоти мо барои созмони иттиҳодияҳои амниятӣ вобаст аст, ки нагузорад гурӯӯҳо боз қувваи худро такмил диҳад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Вале таҳдиди Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дурудароз аст. Мо дар оянда низ бояд курдҳоро дастгирӣ кунем, то онҳо бо тероризм мубориза баранд".

Таҳдиди дигар урдугоҳи маҳбусони низомӣ мебошад, ки феълан он ҷо наздики 10 ҳазор ҷанҷӯёни ДИ қарор доранд. Онҳо асосан дар шимоли кишвар ҷойгиранд ва аз ҷониби низомиёни курдӣ идора мешаванд. Дар баробари ин боз як урдӯгоҳи дигар барои аъзои хонаводаи эктремистҳо вуҷуд дорад. Дар бузургтарин урдугоҳ -Ал-Хол наздики 66 ҳазор занон ва кӯдакони террористон ба сар мебаранд. Ба гуфти таҳлилгарон ҷангҷӯён дар миёни ин қишр тағрибот мегузаронанд, то маҳбусонро дастгирӣ кунанд, вале ДИ қасди ҳуҷумро дорад, то тарафдоронашонро озод кунад.

Раҳбарияти курдҳо чандин бор дар бораи нарсидани қувва барои нигоҳдории маҳбусон изҳор дошт. Амрикоиҳо барои кумак шитоб надоранд - Вашингтон бар ин аст, ки давлатҳо шаҳрвандони худро барои идомаи ҷазо ба кишварҳои худ интиқол диҳанд. Вале касе намехоҳад "террорист" - ҳои худро бозгардонад ва барои анҷом надодани ин кор баҳонаҷӯӣ мекунад. 

Вилояти мушкилзо

Гармтарин нуқта ин вилояти Идлиб мебошад. Феълан он ҷо Сурия, Русия, Эрон ва Туркия фаъол ҳастанд. Қувваҳои ИМА он ҷо нест, вале амрикоиҳо чандин бор ба низомиёне, ки бо "Ал-Қоида"  ҳамроҳӣ доранд ҳуҷум кардаанд.

Ноҳияҳои шимолии Идлиб - ягона минтақаест, ки таҳти назорати қувваҳои мухолифин мебошад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Гурӯҳҳои маҳаллӣ - он дастаҳое, ки соли 2011 бар зидди Димишқ бархоста буд. Аз 5 март дар Идлиб сулҳе, ки президентҳои Русия ва Туркия карданд, ҳукмфармост. Низомиёни ин ду кишвар ҳамроҳ масири стратегии М4-ро идора мекунанд.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ба тирпарронии ҷангҷӯён нигоҳ накарда, ҳоло дар ин макон сулҳро нигоҳ дошта мешавад. Вале Туркия то ҳол интиқоли қувваҳои низомияшро ба ин макон хотима надодааст ва чанде пеш аз оғози амалиёти ҷангӣ эълон кард. Ин маънои онро дорад, ки ҷанг дар Сурия ҳоло хотима наёфтааст.

66
Барчаспҳо:
террорист, Давлати Исломӣ, ИМА, Русия, Сурия
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

83
(Таҷдидшуда 03:08 07.08.2020)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.

83
Барчаспҳо:
содир, Осиёи Марказӣ, газ, Чин

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0