Работник, в защитном костюме, жестами обращается к пассажиру на станции метро в Пекине

Авҷи коронавирус дар бозорҳои Пекин: ҳукумат вазъи низомӣ пиёда кард

1005
(Таҷдидшуда 14:29 13.06.2020)
Мақомоти Пекин эълом карданд, ки дар бузургтарин бозори яклухтфурӯшии шаҳр, маризии сироятии коронавирус дигарбора авҷ гирифт

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik. Дар яке аз бузургтарин бозорҳои яклухтфурӯшии шаҳри Пекин, олуда шудани 49 нафар ба маризии сироятии коронавирус ошкор шудааст.

Ин 49 нафар аз фурӯшандаҳо ва муштариёни бозор мебошанд, ки ахиран пас аз супоридани ташхис мавҷуд будани вируси COVID ғ19 дар бадани онҳо собит шуд.

Ба изҳори Пан Синхо мудири Маркази мубориза алайҳи сироятҳо, 45 нафар бидуни ягон аломат ба ин маризӣ гирифтор шудаанд.

Баъди карантини 108 миллион кас: ошкоршавии чанд гирифтори коронавирус дар Чин

Синхо қайд намудааст, ки аломатҳои ин маризӣ дар вуҷуди 4 нафар баръало мушоҳида шуд ва онҳо фавран ба бемористон интиқол ёфтанд.

Зимнан, 139 нафар, ки дар тамос бо нафарони мариз қарор доштанд, низ ба қарантин гирифта шуданд.

Пас аз ошкор шудани ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ, ҳукумати Пекин ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус,  вазъи низомиро ҷорӣ кард.

1005
Барчаспҳо:
маризӣ, Пекин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (735)

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

78
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

78
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Человек пишет в блокноте, архивное фото

Бори нахуст дар Колумбия шеъри тоҷикӣ садо дод

170
(Таҷдидшуда 18:03 22.09.2020)
Дар озмуне дар ин кишвар бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бори нахуст дар Фестивали адабии байналмилалии Меделин шеъри тоҷикӣ садо дод, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта мешавад, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд. 

Имсол дар Фестивал 180 нафар шоирону олимони маъруф ва 20 дорандаи мукофоти алтернативии Нобел аз 103 давлати дунё ширкат намуданд.

Фестивали мазкур соли 1991 аз ҷониби шоир, файласуф ва арбоби ҷамъиятӣ Фернандо Рендон таъсис дода шуда, соли 2006 ба Ҷоизаи алтернативии Нобел – “Барои ҳақиқат,  сулҳ ва адолати иҷтимоӣ” сазовор гаштааст.

Инчунин Фестивали адабии байналмилалии Меделин аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии Колумбия эътироф гардидааст.

Абдуқаҳҳори Қосим дар суҳбат бо "Ховар" иброз намуд, ки “фестивал аз  моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида, шоирону нависандагон маҳсули эҷоди худро тавассути сабти видеоӣ пешниҳод намуданд. Ман 15 шеъри худро, ки тараннумгари сарзамини Тоҷикистон, модар, ишқу муҳаббат ва Ватан буданд, қироат намудам”.

Сабти қироати муаллиф бо забони тоҷикӣ ва бо тарҷума ба забони испанӣ тӯли як соат дар ин фестивал тариқи сомонаҳои Ютуб, Зум, Фейсбук ва ғайра намоиш дода шуд. Инчунин аз ҷониби тарҷумонҳо маълумот дар бораи сарзамини Тоҷикистон  ва аксҳои табиати дилрабои мамлакатамон бо забони испанӣ пешниҳод гардиданд.

Эрдуғон дар маросими кушоиши масҷиди Аёсофия ба забони форсӣ шеър хонд- видео

Хусусияти дигари ҳамоиш он аст, ки намояндаи ҳар миллат бо забони худ суханронӣ ва шеър қироат мекунад.

Фестивали адабии байналмилалии Меделин то 10 октябр идома меёбад. То имрӯз дар ин фестивал зиёда аз 1800 шоир аз 170 давлати панҷ қитъаи рӯи дунё ва 165 миллат ширкат варзидаанд. Имсол ҳамоишро дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 350 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

170
Ёкуб Салимов бо фарзандони навзодаш

“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов

130
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш ба манзили Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилиро рад кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ ҳамлае ба хонаи Ёқуб Салимов анҷом нашудааст ва ин хабар аз реша сиҳат надорад.

Вай гуфт, дар ин бора ягон шикоят ё аризае ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид нашудааст.

“Ҳоло ҳеҷ гуруҳе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки суботи ҷомеаро барҳам занад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрати кофии ҳимоят аз ҳар шаҳрванд ва моликияти ӯро доранд. Ҳар ҷиноят дар ин замина зуд пайгирӣ ва ошкор мешавад. Онҳое, ки бо пахши чунин ахбор мехоҳанд афкори умумии ҷомеаро безобита кунанд, даст ба экстремизми иттилоотӣ мезананд ва ин ҷиноят аст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки 18 августи соли равон 12 - 13 нафар ниқобпӯш бо ду микроавтубуси берақам ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи “Водонасос” – и шаҳри Душанбе ҳамла бурда, бо битаҳо шишаҳои мошини Ренҷ-Роверашро шикаста ва писари ӯ - Абубакр Салимовро шадидан латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа мавсуф ба бемористон интиқол дода шудааст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукаш ин хабарро маҳсули хаёлоти муаллиф ва “тӯҳмату гапҳои дурӯғ” нисбати хонаводааашон, бавежа падараш Ёқуб Салимов ва шахси худаш хондааст.

“Ба хонаи мо дар санаи 18 август ягон хел ҳамла нашудааст. Дуруст аст, ки мо дар маҳаллаи Водонасос зиндагӣ мекунем, аммо он рӯз чун рӯзҳои дигар тинҷу ором ва осуда будем”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Мавсуф ҳамлаи ашхоси ниқобпӯш ва ба хонаашон даромада шикастани шишаҳои мошини Ренҷ-Роверро низ рад карда, гуфтааст, ки хонаводаи онҳо чунин тамғаи автомашинаро надорад. Вай гуфтааст, касе ӯро латукӯб накардааст ва ӯ ба беморхона низ наафтодааст.

“Аз номи падар ва тамоми аъзои оилаамон ба кулли хамватанон мерасонам, ки шукри тинҷиву амонии Ватани азизамон мекунем. Чунин ходиса бо оилаи мо рух надодааст ва чизе ки хондаед, бофтаҳои нафарони иғвоангез мебошад”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки як муддат вазири корҳои дохилӣ (1993-1995) ва сафири ин кишвар дар Туркия (1995-1996) буд. Ӯ соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ таҳти пайгарди қонун қарор гирифт. Соли 2003 дар шаҳри Маскави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2005 ӯ барои 15 сол равонаи зиндон гашт ва моҳи июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ҳоло дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

130