Путин: Русия аз пандемия бо сарбаландӣ ва камтарин талафот мебарояд

702
(Таҷдидшуда 17:12 14.06.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, авҷи маризии сироятии коронавирус дар кишвар рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ба изҳори Владимир Путин, Русия аз пандемия бо сарбаландӣ ва талафоти ҷонии камтарин дар ҳоли беруншавӣ қарор дорад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо дар мавриди он сухан мекунем, ки новобаста аз мушкилоту хароҷот ва ҳамзамон талафот, фаъолияти мо дар ин самт бобарор аст ва бо итминони комил метавонам гӯям, ки Русия ин маризиро бо сарбаландӣ ва талафоти камтарин паси сар мекунад", - афзудааст кишвардори Русия.

Кишвардори Русия аз он изҳори умед намуд, ки вазъият минбаъд ҳам беҳтар мешаваду баръакс не.

Путин аз беҳбуд шудани вазъи коронавирус дар Русия хабар дод

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маризии сироятии коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти СҶБ, дар ҷаҳон беш аз 7,5 миллион ба ин маризӣ гирифторшуда, зиёда аз 423 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Русия 528,964 нафар мубтало шуданд, ки 6948 нафари онҳо фавтиданд ва беш аз 280 ҳазор нафар шифо ёфтанд.

702
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (628)
Новорожденный ребенок.

Дар Ҳиндустон навзод дар маросими дафнаш ба гиря даромад

0
(Таҷдидшуда 13:05 14.07.2020)
Хонаводаи навзод пизишкони зоишгоҳро муттаҳам мекунанд, ки ба кори худ саҳлангорӣ намуданд, ки оқибат ба фавти кудаки навзоди онҳо анҷомид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Навзодеро, ки пизишкони яке аз зоишгоҳҳои Ҳиндустон мурда пиндоштанд, дар маросими дафнаш ба гиря омад, хабар медиҳад Times of India.

Ҳодисаи мазкур дар шаҳри Гогунда рух додааст. Зани ҳомила рӯзи 9 - уми июл духтарчаеро таваллуд кард, аммо ҳамшираи шавқат иштибоҳан ба далели мурда будани кӯдак ӯро барои дафн намудан ба хешовандонаш супурд.

Аснои омодагӣ ба маросими дафни навзод ӯ ба гиря омадааст.

Манбаъ меафзояд, падари навзод фавран мошини Ёрии таъҷилиро даъват кард, аммо пизишкон бо гузашти як соат ба макони ҳодиса расиданд, ки духтарча аллакай ҷон дода буд.

Даҳшат: дар Қазоқистон бинобар дарёфти ҷасади навзод аз яхдон, дари зоишгоҳро бастанд

Акнун пайвандони навзод духтуронро дар марги фарзанди худ муттаҳам мекунанд. Ба изҳори онҳо, кӯдак дар асл зинда таваллуд шуд, аммо ба далели хунукназарии табибон ӯ ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, духтурон гуноҳи худро рад карда, изҳор доштанд, ки хешовандон ҷасади навзодро бидуни расман эълон кардани марги ӯ гирифтаанд.

0
Барчаспҳо:
навзод, Ҳиндустон
Гробы с умершими от заражения вирусом

Омори нави коронавирус дар як рӯз: 195 000 сироят шуда, беш аз 3 000 кас фавтиданд

50
(Таҷдидшуда 12:29 14.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳонро нашр намудааст

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. СҶБ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 195 ҳазор нафар ба маризии коронавирус гирифторшудаанд, ки ҳамакнун теъдоди умумии сироятёфтагон ба 13,2 миллион нафар баробаршуд.

Ба гузориши созмони мазкур, аз ин маризӣ дар ҷаҳон 575 540 нафар вафот карда, 7 698 371 кас шифо ёфтаанд. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 195 878 нафар ва теъдоди фавтидагон 3 731  кас зиёд шуд.

Омори СҶБ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 198 197 ҳолати сироятёбӣ ва 4 122 фавт ошкор гардида буд.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 479 483 нафар), Бразилия (1 887 959), Ҳиндустон (907 645), Русия (733 699), Перу (330 123), Чили (317 657), Мексика (304 435), Испания (303 033), Британияи Кабир (290 133) ва Африқои Ҷанубӣ (287 796) дохил мешаванд.

50
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (628)