Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Пирӯзии қарибулвуқӯи Эрон бар коронавирус: ҳудуди 149 ҳазор шифо ёфтанд

137
(Таҷдидшуда 19:10 14.06.2020)
Мақомоти Эрон эълон карданд, ки то кунун, 148 ҳазору 674 нафар аз беморони коронавирус беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, аз шиносоии беш аз 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус ва беҳбудии 149 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар ишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 472 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 864 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 187 ҳазору 427 нафар расидааст.

"Дар тӯли 24 соати гузашта, 107 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 ҳазору 837 нафар расид", - афзуд вай.

Охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон: ҳудуди 145 ҳазор нафар беҳбуд ёфт

Вай ҳамчунин изҳор дошт: То кунун, 148 ҳазору 674 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд

137

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

11
(Таҷдидшуда 11:44 07.07.2020)
Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт оилд ба масоили коронавирус рӯзи гузашта вориди Туркманистон гардид Ханс Клюге, раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо дар Твиттераш дар ин бора хабар додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ду рӯз пеш Катерине Смоллвуд,  намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус Туркманистон мераванд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони СҶБ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони ТУТ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотие изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

СҶБ ба ваксинаи Русия алайҳи коронавирус эътимод дорад ва пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на  саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст. 

 

 

11
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

55
(Таҷдидшуда 11:10 07.07.2020)
Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон тасимим доранд истеҳсоли доруи муассирри зидди коронавирус таҳти унвони “Ковипир” -ро роҳандозӣ кунанд, дар ин бора Kun.uz бо истинод ба мушовири вазири рушди инноватсия Исоҷон Султонов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии Nobel Pharmsanoat, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи директори сифати ширкат Шамшод Шарипов, патент барои ин дору ба ширкати японии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

"Исбот шудааст, ки ин дору дорои доираи васеи зидди вирусҳо мебошад, ки кислотаи рибонуклеиро нигоҳ медорад (зуком, риновирус, вирусҳои роҳи нафас ғайра) ва таъсири мусбати зидди коронавирус дорад. Он аз моҳи феврали соли 2020 дар Ҷопон барои табобати беморони гирифтори коронавирус истифода шудааст. Аз ин моҳ сар карда, ширкати чинии Zhejiang Hisun Pharmaceutical ба истеҳсоли он таҳти бренди "Фавилавир" шурӯъ кард. Дар Русия Авифавирро моҳи майи соли равон аз ҷониби аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда карданд ва барои истеҳсол иҷозат дода шуд",-гуфт Шарипов.

Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад.

Мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон: 262 ҳолат дар як рӯз

Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 10 ҳазору 459 нафар мерасад. Аз ин теъдод 38 нафар фавтидаю беш аз 6 ҳазору 628 бемор шифо ёфтаанд.

 

55