Пистолет

Тирпарронӣ дар Маскав: ронандаи таксӣ ду корманди пулис ва роҳгузарро захмӣ кард - навор

550
(Таҷдидшуда 12:20 16.06.2020)
Бар асари тирпарронӣ дар қисмати ҷануби шаҳри Маскав, ду корманди пулис ҷароҳатдор шуданд ва феълан вазъияти як тан аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 16  июн — Sputnik. Дар хиёбони Лененский шаҳри Маскав тирпарронӣ рух дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба хабари манбаъ, ронандаи таксӣ, ки аз ҷониби кормандони пулис барои нақзи қавонини роҳ боздошта шуд, сӯйи намояндагони мақомоти қудратӣ оташ кушод.

Дар натиҷа як тан аз кормандони пулис сахӣт ҷароҳат бардошта, пизишкон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.

"ФСБ" аз ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ кард: навори тирпарронӣ дар маркази шаҳри Маскав

Ҳамчунин манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки аз тири ронанда пулиси дигар ва инчунин як роҳгузар низ захмӣ шуд.

Манобеи РБК ъабар медиҳад, ки шахсияти ронандаи таксӣ аллакай дақиқ шудаст ва ӯ Ратмин Галаев, зодаи ҷумҳурии Ингушистон буда, 25 - сола аст.

Зикр мегардад, ки Галаев феълан дар боздошт қарор дорад.

550
Барчаспҳо:
навор, тирпарронӣ, Маскав

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

44
(Таҷдидшуда 09:58 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии мқҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр ёфтаанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии “Ритуал” гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муаян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

44
Cотрудники, проводящие дезинфекцию на северном железнодорожном вокзале Интан в Наньчане

Дар 24 соат мекушад: Чин аз таҳдиди нави бемории тоун ҳушдор дод

987
(Таҷдидшуда 17:51 06.07.2020)
Тоуни бубуникӣ ё хиёрикӣ метавонад бузургсолро, агар саривақт муолиҷа шурӯъ нашавад, дар камтар аз 24 соат бикушад

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шимоли Чин хатари дараҷаи севуми тоуни бубуникӣ эълон шуд, хабар медиҳад расонаҳои чинӣ дар истинод ба Вазорати тандурустии кишвар.

Бино бар иттилои манобеъ, режими эпидемиологӣ бо далели таҳдиди шуюи маҳалли тоуни бубуникӣ ҷорӣ гардидаст.

Таъкид карда мешавад, ки назорати шадид дар шимоли Чин то авали соли 2021 идома меёбад.

Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки тозагиро риоя кунанд ва ҷойҳое ки хояндагон ҳастанд, худро канор гиранд.

Мақомот пас аз тасдиқ шудани маризии тоун дар як сокини шимоли Чин бонги хатар задаанд.
Афзун бар ин, ду нафари дигар бо гумони ин беморӣ бистарӣ шуданд.

Сабаби олудашавӣ ба беморӣ хӯрдани гӯшти хоми мормут будааст. Пас аз сироятёбӣ як бемор бо 500 нафар иртибот доштааст.

Тоун бемории бактериологиест, ки дар дараҷаи аввал ба хояндагони ваҳшӣ таъсир мекунад. Он байни ҳайвонҳо ба воситаи кайкҳои заминӣ паҳн мешавад. Одамонеро, ки кайкҳои сироятёфта мегазанд, одатан ба бемории тоуни бубуникӣ гирифтор мешаванд.

Чин доруи зидди коронавирусро то авохири соли ҷорӣ вориди бозор мекунад

Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ин беморӣ одамро метавонад, агар сари вақт ёрии тиббӣ нарасад, дар 24 соат ба ҳалокат расонад. Нишонаҳои ин маризиро тасби баланд ва заифӣ гуфтаанд.

987