Пациент в центральной клинической больнице

Ҳамагири даҳшатнок: 450 ҳазор кас қурбони коронавирус шуданд

321
(Таҷдидшуда 17:13 18.06.2020)
Танҳо давоми шабонарӯзи гузашта 141 872 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 264 сироятшуда фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ба ҳолати 18 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 8,4 миллион шуда, зиёда аз 450 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад "Ховар" дар ба истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 141 872 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 264 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 8 400 274 буда, теъдоди фавтидагон 451 265 мебошад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 234 471 нафар), Бразилия (960 309), Россия (553 301), Ҳиндустон (367 264), Британияи Кабир (299 251), Испания (291 763), Перу (240 908), Италия (237 828), Эрон (195 051) ва Германия (190 179) ва  дохил мешаванд.

Охирин омори гирифторони коронавирус дар Эрон

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

321

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

225
(Таҷдидшуда 13:57 11.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт тозатарин гузориш дар мавриди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, шумораи умумии гирифторони маризии коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 12 миллион нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаҳон 12 631 067 ҳолати сироятёбӣ ва 562 889 фавт ба қайд гирифта шудааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта  236 918 нафар тоза ба ин маризӣ гирифтор шуда, ҳамзамон 5 416 бемор ҷони худро аз даст доданд.

Омори СҶБ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 223 640 ҳолати сироятёбӣ ва 5 400 фавт ошкор гардида буд.

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 291 786 нафар), Бразилия (1 804 338), Ҳиндустон (822 603), Русия (13 936), Перу (319 646), Чили (309 274), Испания (300 988), Мексика (289 174), Британияи Кабир (288 133) ва Эрон (252 720) дохил мешаванд.

225
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска

Санаи барқароршавии парвозҳои байналмилалӣ дар Русия дақиқ шуд

1462
(Таҷдидшуда 09:24 11.07.2020)
Муовини сарвазири Русия Татяна Голикова дубора барқарор шудани парвозҳои байналмилалии ҳавоӣ дар Русияро эълом кард

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Иҷозати парвозҳои байнулмилалӣ дар Русия 15 июл оғоз хоҳад шуд, гуфт муовини сарвазири ин кишвар Татяна Голикова.

Барои барқарор кардани парвозҳо бо кишвар се омил муҳим аст: бемории COVID-19 бояд ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ тақрибан 40 нафар бошад, афзоиши миёнаи шабонарӯзии сироятҳо набояд аз 1% зиёд бошад ва паҳншавии вирус набояд аз 1 зиёд бошад.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Ин меъёрҳоро гурӯҳи машваратии эпидемиологҳо таҳия намуданд.

Фаъолияти дубора ба роҳ мондани парвозҳои байналмилалии ҳавоӣ ба туфайли коҳиши дарозмуддати бемории коронавирус дар Русия имконпазир гардид, гуфт муовини сарвазир.

Русия омода аст парвозҳоро ба 13 кишвар барқарор кунад 

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

 

1462
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

0
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

0
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон