Боз як хатсайр аз Душанбе ба Русия: рӯзи парвоз дақиқ шуд

2243
Парвози навбати ба самти Душанбе - Новосибирск - Екатеринбург 22 июни соли равон соати 14:25 бо вақти маҳаллӣ суръат мегирад

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Аз Душанбе ба Русия як парвози дигари чартерӣ анҷом дода мешавад. Рӯзи парвозро ҷонибҳои Тоҷикистону Русия ба самти Душанбе - Новосибирск - Екатеринбург дақиқ кардаанд.

"Бино бар реҷаи пешакӣ, парвози махсуси Душанбе - Новосибирск - Екатеринбург, ки шаҳрвандони Русияро ба кишвар интиқол хоҳад дод, 22 июн соати 14:25 анҷом дода мешавад", - менависанд расонаҳои Русия.

Таъкид карда мешавад, ки тариқи ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русия, ки дар вилоятҳои Новосибирск, Иркутск, Томск, Кемерово, Омск, Свердловск, Челябинск, Курган, Тюмен, Перм, ҷумҳурии Бошқирдистон, минтақаи Ханти-Мантинск, ҷумҳурии Кома, минтақаи худмухтори Ямало-Ненетс, вилояти Алтай, ҷумҳурии Алтай, вилояти Красноярск, ҷумҳуриҳои Тива ва Хакасия зиндангӣ мекунанд, сафар карда метавонанд.

Мусофирон сараввал бояд худро дар сайти "Госуслуги" ба қайд гиранд. Шумораи ҷой дар ҳавопаймо маҳдуд аст.

Қарори Ситод дар бораи парвозҳо ба Дубай, Ӯзбекистон, Русия ва Туркия

Рӯйхати масофирон дар асоси бақайдгирии  онҳо дар сайти "Госуслуги" тартиб дода мешавад.

 

Бино бар маълумоти ширкати "Уральские авиалинии" арзиши билет барои ҳар як нафар ва кӯдаки то 2-сола 400 евро, барои кӯдакони то 2-сола 40 евро (бе ҷои нишаст) мебошад.

2243
Новорожденный ребенок.

Дар Ҳиндустон навзод дар маросими дафнаш ба гиря даромад

55
(Таҷдидшуда 13:05 14.07.2020)
Хонаводаи навзод пизишкони зоишгоҳро муттаҳам мекунанд, ки ба кори худ саҳлангорӣ намуданд, ки оқибат ба фавти кудаки навзоди онҳо анҷомид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Навзодеро, ки пизишкони яке аз зоишгоҳҳои Ҳиндустон мурда пиндоштанд, дар маросими дафнаш ба гиря омад, хабар медиҳад Times of India.

Ҳодисаи мазкур дар шаҳри Гогунда рух додааст. Зани ҳомила рӯзи 9 - уми июл духтарчаеро таваллуд кард, аммо ҳамшираи шавқат иштибоҳан ба далели мурда будани кӯдак ӯро барои дафн намудан ба хешовандонаш супурд.

Аснои омодагӣ ба маросими дафни навзод ӯ ба гиря омадааст.

Манбаъ меафзояд, падари навзод фавран мошини Ёрии таъҷилиро даъват кард, аммо пизишкон бо гузашти як соат ба макони ҳодиса расиданд, ки духтарча аллакай ҷон дода буд.

Даҳшат: дар Қазоқистон бинобар дарёфти ҷасади навзод аз яхдон, дари зоишгоҳро бастанд

Акнун пайвандони навзод духтуронро дар марги фарзанди худ муттаҳам мекунанд. Ба изҳори онҳо, кӯдак дар асл зинда таваллуд шуд, аммо ба далели хунукназарии табибон ӯ ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, духтурон гуноҳи худро рад карда, изҳор доштанд, ки хешовандон ҷасади навзодро бидуни расман эълон кардани марги ӯ гирифтаанд.

55
Барчаспҳо:
навзод, Ҳиндустон
Гробы с умершими от заражения вирусом

Омори нави коронавирус дар як рӯз: 195 000 сироят шуда, беш аз 3 000 кас фавтиданд

57
(Таҷдидшуда 12:29 14.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳонро нашр намудааст

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. СҶБ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 195 ҳазор нафар ба маризии коронавирус гирифторшудаанд, ки ҳамакнун теъдоди умумии сироятёфтагон ба 13,2 миллион нафар баробаршуд.

Ба гузориши созмони мазкур, аз ин маризӣ дар ҷаҳон 575 540 нафар вафот карда, 7 698 371 кас шифо ёфтаанд. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 195 878 нафар ва теъдоди фавтидагон 3 731  кас зиёд шуд.

Омори СҶБ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 198 197 ҳолати сироятёбӣ ва 4 122 фавт ошкор гардида буд.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 479 483 нафар), Бразилия (1 887 959), Ҳиндустон (907 645), Русия (733 699), Перу (330 123), Чили (317 657), Мексика (304 435), Испания (303 033), Британияи Кабир (290 133) ва Африқои Ҷанубӣ (287 796) дохил мешаванд.

57
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото

Аввал занашро корд зад, сипас худашро: шарҳи ВУД бистарӣ шудани ду ҷавон дар беморхона

0
(Таҷдидшуда 13:52 14.07.2020)
Ҷавони муттаҳам ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ соати 1-и шаб, ба манзили падарарӯсаш ба назди ҳамсараш рафта, ҷанҷол намуда, сипас кордкашӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи кордкашӣ дар ноҳияи Кушониёнро, ки дар пайи онр ду ҷавон - зану шавҳар дар беморхона бистарӣ шудаанд, тавзеҳ додаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 13 июл рух додааст.

ВУД менависад, "дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён шаби 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00 ба хонаи падарарусаш рафтааст".

Гуфта мешавад, ӯ бо ҳамсараш, зани 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои муҳими бадани охирон зада, сипас бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои бадани худаш зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Сабаби ин амали ҷвон маълум нест.

Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

0