Се доруи муассир дар муолиҷаи коронавирус: олимони эронӣ ҳам тавсия доданд

461
(Таҷдидшуда 19:56 18.06.2020)
Муҳақиқони эронӣ се дору - Преднизулун, Напруксен ва Азитрумойсинро барои беҳбуди беморони корона тавсия доданд. Дирӯз Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ ҳам ин дармонро таъйид кардааст

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бар асоси таҳқиқоте ,ки дар Донишгоҳи улуми пизишкии Бақиятуллоҳ бар рӯи беморони бистарии мубтало ба Кувиди 19 сурат гирифт , нишон дода шуд ,ки таркиби се доруи Преднизулун, Напруксен ва Азитрумойсин метавонад боиси беҳбуди саритари илтиҳоби шуш ва мурахас шудани зудтари беморон ва афзоиши оксигени хун ва коҳиши илтиҳоб дар шуш шавад, менависад Парс тудэй.

Мустафо Қонеъӣ Дабири ситоди зистфановарии муовинати илмӣ ва фановарии раёсати Ҷумҳурии Эрон гуфтаст, натиҷаҳои ин таҳқиқ баррасӣ шуд аз ҳудуди 3 ҳафтаи пеш бар асоси муҷавизи Кумитаи ахлоқи шуруъ шуда буд ва баъд аз поён, натоиҷ эълон шуд. Яъне ин таҳқиқ ба ҳамон ибтидое бармегашт ,ки бемори вориди кишвар шуда буд.

"Ин ба ин маъност ,ки мо аз ибтидои амри зойиъаи илтиҳоби шушро мутаваҷеҳ шуда будем ва пратаколидармонии мушахасеро барои он ироа кардем", - афзудааст Мастафо Қонеъӣ.

Рейд ба дорухонаҳо: фурушанда як қути “Арбидол”-ро 250 сомонӣ мефурӯхтааст

Ӯ изҳор доштаст, ки дар он таҳқиқ ҳам нишон дода шуда ,ки ин таркиб ба танҳои метавонад дар фози илтиҳоби шуш боиси беҳбуди беморон шавад.

 

461

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

30
(Таҷдидшуда 11:44 07.07.2020)
Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт оилд ба масоили коронавирус рӯзи гузашта вориди Туркманистон гардид Ханс Клюге, раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо дар Твиттераш дар ин бора хабар додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ду рӯз пеш Катерине Смоллвуд,  намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус Туркманистон мераванд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони СҶБ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони ТУТ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотие изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

СҶБ ба ваксинаи Русия алайҳи коронавирус эътимод дорад ва пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на  саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст. 

 

 

30
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

72
(Таҷдидшуда 11:10 07.07.2020)
Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон тасимим доранд истеҳсоли доруи муассирри зидди коронавирус таҳти унвони “Ковипир” -ро роҳандозӣ кунанд, дар ин бора Kun.uz бо истинод ба мушовири вазири рушди инноватсия Исоҷон Султонов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии Nobel Pharmsanoat, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи директори сифати ширкат Шамшод Шарипов, патент барои ин дору ба ширкати японии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

"Исбот шудааст, ки ин дору дорои доираи васеи зидди вирусҳо мебошад, ки кислотаи рибонуклеиро нигоҳ медорад (зуком, риновирус, вирусҳои роҳи нафас ғайра) ва таъсири мусбати зидди коронавирус дорад. Он аз моҳи феврали соли 2020 дар Ҷопон барои табобати беморони гирифтори коронавирус истифода шудааст. Аз ин моҳ сар карда, ширкати чинии Zhejiang Hisun Pharmaceutical ба истеҳсоли он таҳти бренди "Фавилавир" шурӯъ кард. Дар Русия Авифавирро моҳи майи соли равон аз ҷониби аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда карданд ва барои истеҳсол иҷозат дода шуд",-гуфт Шарипов.

Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад.

Мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон: 262 ҳолат дар як рӯз

Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 10 ҳазору 459 нафар мерасад. Аз ин теъдод 38 нафар фавтидаю беш аз 6 ҳазору 628 бемор шифо ёфтаанд.

 

72