Пробирка с тестом на коронавирус в руках

Хурӯҷи нахуствазири Қазоқистон аз карантин

126
(Таҷдидшуда 19:37 20.06.2020)
Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури кишвар ҳам ба коронавирус гирифтор шудаас. Дафтари матбуоти Назарбоев вазъи ӯро хуб арзёбӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нахуствазири Қазоқистон аз карантин хориҷ шуд, иттилоъ медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои кишвар.

Гуфта мешавад,  нахуствазири Қазоқистон баъд аз итмоми замони пешбинишуда барои карантин ва манфӣ будани тести такрорӣ барои ташхиси коронавирус, аз карантин хориҷ шуд.

Илова бар ин, Асхат Аймагамубитов, вазири омӯзиш ва улум, Сапархан Умаров, вазири кишоварзӣ ва Мағзум Мирзоголиев, вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон низ баъд аз тай кардани ин марҳила ва тести манфӣ ба кори маъмулии худ баргаштанд.

Бозгашти қарантина ба Қазоқистон бинобар хуруҷи дубораи коронаврус

Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури кишвар ҳам ба коронавирус гирифтор шудаас. Дафтари матбуоти Назарбоев вазъи ӯро хуб арзёбӣ мекунад.

 

126
Невеста идет босиком по дороге

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

496
(Таҷдидшуда 15:07 09.07.2020)
Арӯсшавандаҳо аз ҳукумадорон талаб намудаанд, то қарори манъ намудани маросими баргузории тӯйро, ки дар пасманзари авҷи маризии коронавирус ҷорӣ гардида шуд, лағв намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дасти кам 15 нафар арӯсшаванда дар Италия, ки маросими тӯйи онҳо ба хотири авҷи маризии коронавирус ба вақти дигар гузаронда шуд, даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад The Daily Mail. 

Ба иттилои манбаъ, духтарон либоси арӯсиро ба бар намуда дар назди фаввораи Треви дар маркази Рим гирд омаданд то нигаронии худро дар робита ба манъ будани баргузории маросими арӯсӣ иброз кунанд.

Эрон: пас аз баргузории тӯй 50 кас ба коронавирус гирифтор шуданд

Зимнан, ба сафи арӯсшавандаҳо кормандони ташкилотҳое, ки маъракаи арӯсиро сомон медиҳанд пайвастанд ва то бинои парлумон роҳпаймоӣ намуданд.

Арӯсшавандаҳо дар даст шиорҳо бо навиштаҷоти "Тӯйҳо бидуни маҳдудият", "Шумо издивоҷи моро қатъ кардед", "Дари калисо барои баргузории тӯйро бастед", доштанд.

"Ман эътироз мекунам, зеро мехоҳам издивоҷ кунам! Тӯйи ман то соли оянда мавқуф гузошта шуд, дар ҳоле, ки ман аллакай ҳама чизро бо  рӯҳонӣ муҳокима карда будам. Аммо бо роҳбарияти тарабхона ва кошонаи ҳусн ба мувафиқа омада натавонистам", - афзудааст яке аз эътирозгарон.

Арӯсшавандаҳо дар сӯҳбат ба The Daily Mail изҳор доштаанд, "аз он ҳарос доранд, ки домодҳо то ин муддат фикри худро дар бораи издивоҷ намудан бо онҳо дигар мекунанд".

496
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

94
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

94
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

0
(Таҷдидшуда 16:16 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷоро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод поруи мурғро нигоҳ надоранд ва поруи мавҷудбударо ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғалис дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сапт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

0