Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар як рӯз: мубтало шудани беш аз 2 ҳазор нафар ба коронавирус дар Эрон

© REUTERS \ WANAМужчина на автобусной остановке в Куме, Иран
Мужчина на автобусной остановке в Куме, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон давоми як шабӣнарӯзи ахир беш аз 2 ҳазор нафар мубталои маризии сироятии коронавирус гардиданд

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Симо Содоти Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз ошкор шудани беш аз 2 ҳазор мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус дар як рӯз хабар дод.

Жители Узбекистана в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 191 ҳолар дар як шабонарӯз

Ба изҳори ӯ, ҳудуди 163 ҳазор аз ин маризӣ шифо ёфтанд.

 

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 368 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 1 114 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 204 ҳазору 952  нафар расидааст афзуд:

Дар тӯли 24 соати гузашта 116 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 9 ҳазору 623 нафар расид.

Лентаи хабарҳо
0