Ҷарима ё маҳбас?: мақомоти Покистон гуфт, бениқобон чӣ гуна муҷозот хоҳанд шуд

101
(Таҷдидшуда 17:04 26.06.2020)
Мақомоти Покистон эълом карданд, шаҳрвандоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқоб истифода намекунанд, ҷарима ё ҳатто ба маҳбас кашида хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳамза Шафқат, муовини шаҳрдори Исломобод дар саҳифаи Твиттерии худ гуфтааст, ки истифода аз ниқоб ва пӯшондани сурати худ дар кулли маконҳои умумии Исломобод ҳатмӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Ба гуфтаи вай, бозорҳо, маконҳои умумӣ, масҷидҳо, маркази ҳамлу нақли умумӣ, хиёбонҳо ва ҷодаҳо баррасӣ мешавад.

Пеш аз ин низ Умронхон , нахуствазири Покистон бо ишора ба шуюи вируси корона дар ин кишвар гуфта буд, ки аз ин пас ҳеч кас ҳаққи тараддуд ва ҳузур дар маконҳои умумӣ бидуни истифода аз ниқобро надорад.

"Акнун замони сахтгирӣ ва ташдиди завобити марбут ба фосилагузории иҷтимоӣ, пешгирӣ аз интишори вирус, шиносоии ноқилин ва ҷудосозии онҳо аз дигар афрод фаро расидааст.", - гуфт ӯ.

101
Барчаспҳо:
маҳбас, ҷарима, вирус, истифода, ниқоби сиёҳ, Покистон
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

40
(Таҷдидшуда 11:10 07.07.2020)
Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон тасимим доранд истеҳсоли доруи муассирри зидди коронавирус таҳти унвони “Ковипир” -ро роҳандозӣ кунанд, дар ин бора Kun.uz бо истинод ба мушовири вазири рушди инноватсия Исоҷон Султонов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии Nobel Pharmsanoat, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи директори сифати ширкат Шамшод Шарипов, патент барои ин дору ба ширкати японии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

"Исбот шудааст, ки ин дору дорои доираи васеи зидди вирусҳо мебошад, ки кислотаи рибонуклеиро нигоҳ медорад (зуком, риновирус, вирусҳои роҳи нафас ғайра) ва таъсири мусбати зидди коронавирус дорад. Он аз моҳи феврали соли 2020 дар Ҷопон барои табобати беморони гирифтори коронавирус истифода шудааст. Аз ин моҳ сар карда, ширкати чинии Zhejiang Hisun Pharmaceutical ба истеҳсоли он таҳти бренди "Фавилавир" шурӯъ кард. Дар Русия Авифавирро моҳи майи соли равон аз ҷониби аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда карданд ва барои истеҳсол иҷозат дода шуд",-гуфт Шарипов.

Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад.

Мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон: 262 ҳолат дар як рӯз

Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 10 ҳазору 459 нафар мерасад. Аз ин теъдод 38 нафар фавтидаю беш аз 6 ҳазору 628 бемор шифо ёфтаанд.

 

40

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

188
(Таҷдидшуда 09:58 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии мқҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр ёфтаанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии “Ритуал” гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муаян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

188
Мужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото

Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

0
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дамои ҳаво дар ҷумҳуриро камабру бебориш арзёбӣ мекунад. Дар ғарби ВМКБ то 30 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағирёбанда  мешавад.Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, гармӣ, Ожонси обуҳавошиносӣ