Руки в наручниках, архивное фото

Мақомоти Ӯзбекистон аз боздошти 25 узви созмони террористӣ хабар доданд

226
Дар Ӯзбекистон 25 нафар аъзои СБТ "Тавхид ва жиход катибаси" дастгир шуданд. Созмони террористии байналмилали "Тавхид ва жиход катибаси" ба рӯйхати созмонҳое, ки фаъолияташон дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст, шомил мебошад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik.  Зимни амалиёти фаврии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон 25 узви созмони террористии байналмилалӣ (СТБ) «Тавхид ва жиход катибаси» (ТЖК), ки дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд махфиёна амал мекарданд, дастгир гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои мавҷуда, ин афрод зери таъсири як шаҳрванди Ӯзбекистон ва ҳаммаслакони ӯ, ки дар сафи СТБ ТЖК дар Сурия фаъолият мекунанд, қарор гирифта, ният доштанд, ки ба Ҷумҳурии Арабии Сурия ҷиҳати анҷом додани «ҳиҷрат» ва «ҷиҳод» сафар кунанд.

Миёни онҳо се нафар қаблан барои ҷиноёти марбут ба терроризм ва ифротгароӣ муҷозот шуда буданд.

Зимни кофтукови 25 суроға дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд дар ҷойҳои зисти шахсони дастгиршуда далелҳои шайъӣ ёфт гардида, тибқи талаботи қонунӣ ба расмият дароварда шудаанд.  Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома доранд.

Дар Тоҷикистон зиндониёни "террорист" - ро аз дигар маҳбусон ҷудо мекунанд

Созмони террористии байналмилали «Тавхид ва жиход катибаси» ба рӯйхати созмонҳое, ки фаъолияташон дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст, шомил мебошад.

 

226
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

14
(Таҷдидшуда 11:10 07.07.2020)
Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон тасимим доранд истеҳсоли доруи муассирри зидди коронавирус таҳти унвони “Ковипир” -ро роҳандозӣ кунанд, дар ин бора Kun.uz бо истинод ба мушовири вазири рушди инноватсия Исоҷон Султонов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии Nobel Pharmsanoat, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи директори сифати ширкат Шамшод Шарипов, патент барои ин дору ба ширкати японии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

"Исбот шудааст, ки ин дору дорои доираи васеи зидди вирусҳо мебошад, ки кислотаи рибонуклеиро нигоҳ медорад (зуком, риновирус, вирусҳои роҳи нафас ғайра) ва таъсири мусбати зидди коронавирус дорад. Он аз моҳи феврали соли 2020 дар Ҷопон барои табобати беморони гирифтори коронавирус истифода шудааст. Аз ин моҳ сар карда, ширкати чинии Zhejiang Hisun Pharmaceutical ба истеҳсоли он таҳти бренди "Фавилавир" шурӯъ кард. Дар Русия Авифавирро моҳи майи соли равон аз ҷониби аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда карданд ва барои истеҳсол иҷозат дода шуд",-гуфт Шарипов.

Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад.

Мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон: 262 ҳолат дар як рӯз

Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 10 ҳазору 459 нафар мерасад. Аз ин теъдод 38 нафар фавтидаю беш аз 6 ҳазору 628 бемор шифо ёфтаанд.

 

14

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

166
(Таҷдидшуда 09:58 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии мқҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр ёфтаанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии “Ритуал” гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муаян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

166