Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров: то ҳол маълум нест марзҳои Русия кай боз мешаванд

687
(Таҷдидшуда 18:37 30.06.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт ҳанӯз замони боз шудани марзҳои ин кишвар рӯи дигар кишварҳо маълум нест

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik.  Сергей Лавров, вазири умури хорҷаи Русия дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии RT  зимни изҳори беиттилоотӣ аз таърихи бозгушоии марзҳои Русия афзуд, ҳудуди 40 нафар аз коркунони вазорати хориҷа ва шӯъбаҳои он дар манотиқи ин кишвар ба Ковид-19 мубтало шудаанд.

Мурашко: Русия омода аст, ваксинаҳои коронавирусро ба бозори ҷаҳонӣ ворид созад

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт тақрибан 50 дарсади кормандони ин вазоратхона ба тарзи фосилавӣ кору фаъолият доранд.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров қайд кардааст, ки ба Ковид-19 мубтало нашудааст. 

Путин гуфт Русия COVID - 19 - ро бо камтарин талафот паси сар мекунад

ар асоси охирин гузоришҳо то кунун 641 ҳазору 156 нафар дар Русия ба Ковид-19 мубтало шуда, 403 ҳазору 430 нафар беҳбуд ёфта ва 9 ҳазору 166 тан ҳам ҷони худро бохтаанд.

687
Барчаспҳо:
боз, вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров, марз, Русия
Президент РФ В. Путин

Путин гуфт, Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон ниёз дорад

817
(Таҷдидшуда 17:54 04.07.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия барои рушди иқтисодӣ ба муҳоҷирон ниёз дорад, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо лоиҳакашони ислоҳоти конститутсионӣ.

"Русия ба воридшавии муҳоҷирон манфиатдор аст, вале ба онҳое, ки ба кишвар лозиманд.<...> Русия ба воридшавии шаҳрвандони ҷадид ниёз дорад.<...> Чизе, ки ба иқтисод вобаста аст, комилан возеҳ аст ва пас аз чанде боз норасоии қувваи корӣ аёнтар хоҳад шуд", - гуфт президент.

Путин нарасидани қувваи кориро барои пешрафти иқтисоди кишвар монеъаи ҷиддӣ хонда аз онро аз мушкилоти мубрам гуфт.

Паспорта РФ в процессе производства
© Sputnik / Владимир Астапкович

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки  Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ, ниёз дорад.

Дар баробари ин кишвардор қайд кард, ки дар раванди ҷалби муҳоҷирон набояд ҳуқуқи шаҳрвандони Русия нақз шавад.

Путин афзуд, ки Русия бамаротиб хостори воридшавии донандагони забони русӣ ва фарҳанги ин кишвар аст.

817
Барчаспҳо:
муҳоҷират, баррасии воридшавӣ, муҳоҷирон, Владимир Путин
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Санаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон маълум шуд

56
(Таҷдидшуда 13:06 04.07.2020)
Раисҷумҳури Қирғизистон бо судури ҳукме, аз замони баргузории интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар дар таърихи чаҳоруми октябри соли 2020 хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бар асоси ҳукми Соронбой Жеенбеков, комиссияи марказии интихобот бояд тибқи қавонини ҷумҳурии Қирғизистон барои иҷрои интихобот омодагӣ дошта бошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Бар асоси ин гузориш, давлати Қирғизистон бояд зимни анҷоми иқдомоти лозим барои таъмини амнияти шаҳрвандон дар тарҳи раъйгирӣ, ҳамроҳ бо риояти усули беҳдоштӣ, бо таваҷҷуҳ ба густариши вируси корона дар ин кишвар, ба комиссияи марказии интихобот дар заминаи таъмини амнияти киберии сомонаҳои диҷитали, ироаи каналҳои иртиботии қобили эътимод ва таомул байни дигар ниҳодҳои давлатӣ кумак кунад.

Интихоботи парлумонии пешини Қирғизистон дар соли 2015 баргузор шуд ва дар натиҷаи он намояндагони аҳзоби сотсиал - демократ, республика Отажурт, Қирғизистон ва дигар аҳзоби сиёсӣ вориди маҷлис шуданд.

Парлумони Қирғизистон 120 намоянда дорад ва олитарин ниҳоди тасмимгирӣ дар он кишвар аст. 

56
Барчаспҳо:
Сооронбой Жээнбеков, Раисҷумҳур, таърих, интихобот, парлумон, Қирғизистон

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон