Президент Дональд Трамп

Амрикоиҳо Трампро раисҷумҳури заиф донистанд

272
(Таҷдидшуда 01:36 04.07.2020)
Тибқи як назарсанҷии ҷадид дар Амрико, беш аз 3/4 ҳиссаи мардуми ин кишвар аз амалкарди Доналд Трамп норозӣ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Натоиҷи назарсанҷии ҷадиди муассисаи таҳқиқотии "Пио" ҳокӣ аст, ки 87 дарсади мардуми Амрико Трампро раисҷумҳури заиф медонанд ва аз амалкарди вай норозӣ ҳастанд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, агар ҳамин имрӯз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико баргузор шавад, Джо Байден бо ҳимояти 54 дарсадӣ Трампро бо ҳимояти 44 дарсадӣ шикаст хоҳад дод.

"Ба Трамп даф шав мегӯянд": Путин дар бораи бесарусомониҳо дар Амрико

Сиёсатҳои мутаноқиз, фасоди ахлоқӣ, рафторҳои пешбининашуда ва сӯимудирияти Дорналд Трамп, раисҷумҳури Амрико коҳиши маҳбубияти вайро ба дунбол доштааст.

Доналд Трамп,  20 январи соли 2017 45-ум президенти  Амрико интихоб шуд. То интихоб шудан ба мансаби Президенти Амрико ҳамчун соҳибкор (асосан дар соҳаи сохтмон) ва муҷрии телевизион маъруф буд.

272
Барчаспҳо:
назарсанҷӣ, норозигӣ, мардум, Трамп, Амрико
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

78
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

78
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Город Эль-Кувейт

Амири нави Қувайт савганд ёд кард

124
(Таҷдидшуда 22:01 30.09.2020)
Амири нави Қувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Қувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91-солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84-сола, ки ба унвони амири Қувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифоъ, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Қувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91-солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавтид.

Вай 29 январи 2006 дар Қувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Қувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Қувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

124
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт