В лаборатории, архивное фото

СҶБ ба ваксинаи Русия алайҳи коронавирус эътимод дорад ва пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

694
(Таҷдидшуда 12:41 06.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт изҳори умед намуд, ки олимони рус дар таҳия намудани ваксинаи алайҳи коронавирус бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ин созмон ба ваксинае, ки дар Русия алайҳи коронавирус омода гардидааст, эътимоди зиёд дорад ва дархости ҳамкории муштарак бо олимони рус намуд.

Мурашко: Русия омода аст, ваксинаҳои коронавирусро ба бозори ҷаҳонӣ ворид созад

СҶБ аз ҷумла доруи "Афивавир" - ро зикр намудааст, ки муассирияти он дар қиболи маризони мубталои вируси COVID - 19  собит гардидааст. 

"Афивавир" аллакай дар дармонгоҳҳои бемориҳои сироятӣ васеъ истифода бурда мешавад ва муайян гардид, маризони гирифтори бемории коронавирус, ки дар ҳолати миёна қарор доранд, пас аз истеъмоли ин дору бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз шифо ёфтанд.

"Мо медонем, ки доруи "Афивавир" дар маризони коронавирус мавриди озмоиш қарор дорад. Ду ё се санҷиши доруҳо идома доранд, ва аз ин рӯ мо интизори натиҷаҳои ниҳоии озмоиш мебошем. Аммо, илова бар ин, мо инчунин ба ваксинаҳои Русия таваҷҷӯҳ дорем", - изҳор намудааст намояндаи СҶБ Сумия Сваминатхан ба РИА Новости.

Ёдовар мешавем, дар Русия се навъи ваксинаи бар зидди коронавирус пешбинишуда, муфидияти худро тавонистанд, ки нишон диҳанд

Алъон мутахассисон самаранокӣ ва бехатарии шаклҳои моеъ ва лофилизатсияшудаи ваксинаҳои коронавирусро таҳқиқ мекунанд.

Дар озмоиш ду гурӯҳи ихтиёриён иборат аз 38 - нафарӣ иштирок мекунанд. 

694
Барчаспҳо:
Русия, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (680)
Гулмурод Халимов, архивное фото

ВКД: Гулмурод Ҳалимов бо аҳли оилааш нобуд шудааст

1208
(Таҷдидшуда 12:47 03.08.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВУД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ва аҳли хонаводааш хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз нобуд шудани Гулмурод Ҳалимов хабар дод.

Ӯ гуфт, кушта шудани низомии фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов ва аҳли оилаашро шоҳидоне, ки бозпурсӣ шудаанд, таъйид карданд.

"Тибқи қонунгузорӣ барои тасдиқи мурдаи ин ё он нафар санад ё мадраке бояд бошад, мо чунин санадро надорем, лекин бино ба гуфти шоҳидон - онҳое, ки аз Сурия баргаштаанду боздошт шудаанд, Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳи аҳли оилааш кушта шудааст", - гуфт Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ.

Моҳи феврали соли равон, Раҳимзода изҳор дошта буд ки иттилоъ дар бораи кушта шудани Ҳалимовро аз расонаҳо ва ҳамкорон гирифтаанд, аммо боз санҷишҳои иловагӣ ҳастанд, ки онро анҷом дода истодаанд.

Раҳимзода таъкид намуд, ки то ҷасадро набинад, дақиқан кушта шудани Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонад.

“Наметавонам, ба ин суол мушахассан ҳа ё не посух диҳам, то ҷасадро набинам”, - изҳор дошт вазири умури дохилӣ.

Ӯ гуфт, дар маҷмуъ иттилоъ гирифтаанд, ки Ҳалимов дар пайи як амалиёти махсус кушта шудааст. Вазир афзуд, дар мавриди Ҳумайро Мирова, собиқ корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари Ҳалимов, ки баъдан бо ӯ пайваст, феълан иттилое рӯи даст надоранд.

Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2017 хабар дода буд, ки дар шаҳри Дайруззори Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳои ҳавоии Русия собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВУД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.

1208
Барчаспҳо:
вазир, Рамазон Раҳимзода, ВКД ҶТ, кушта шуд, Роҳбари низомии ДИ таъин гаштани Гулмурод Ҳалимов, фирори Гулмурод Ҳалимов, Гулмурод Ҳалимов, Ҷаҳон
Представители движения Талибан, архивное фото

Дар се рӯз дар Афғонистон беш аз 4 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд

107
(Таҷдидшуда 02:21 03.08.2020)
Ахиран мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки ахиран боз 317 зиндонии дигари гурӯҳи Толибон аз зиндонҳо озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дафтари Шӯрои амният милли Афғонистон хиран дар баёниае эълом кард, бо озодии  317 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар се рӯзи таътилоти иди Қурбон теъдоди афроди озодшудаи ин гурӯҳ аз зиндон ба 4 ҳазору 917 нафар расид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Дар баёнияи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон омадааст , раванди озодии зиндониёни Толибон то такмил шудани 5 ҳазору 100 зиндонӣ идома дорад. 

Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсиии Толибон дар Қатар ҳам гуфт, ин гурӯҳ раванди озодии як ҳазор нафар аз зиндониёни давлати Афғонистонро такмил карда ва Кобул низ бояд боқимондаи зиндониёни Толибонро озод кунад.

Гуфта шудааст, ки озодии ин зиндонён яке аз пешшартҳои муҳимм барои аз саргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толиибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст. 

Ин дарҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад.

107
Барчаспҳо:
мақомот, озод, зиндон, Толибон, Афғонистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

0
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

0
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен