Олимон: паҳншавии бештари вируси корона дар фасли зимистон дар назар аст

1067
(Таҷдидшуда 02:31 10.07.2020)
Таҳқиқоти нав таъйид мекунад сармои зимистон густариши вируси коронаро боз афзоиш хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik.  Донишмандони Ҳиндустон эълон карданд, ки дамои сардтар дар зимистон ба афзоиши шуюи Ковиди-19 сабаб хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, коршиносони ҳинд дамои теъдоде аз кишварҳо ва мавориди вируси коронаи онҳоро бо якдигар муқоиса карданд ва ба хулоса расиданд, ки кишварҳои сардтар маъмулан шуюи вирус дар миқёси бузргтарро шоҳид будаанд.

Пужуҳишгарон таъкид мекунанд тобистон муносибтарин фасл ва замон барои мубориза бо ҳамагирии бемории Ковиди-19 аст.

Муҳақиқони Ҳинд робитаи байни миёнгини дамои як кишвар ва теъдоди мавориди мубтало ба Кувиди-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо иртиботи қобили таваҷуҳе байни кишварҳои бо дамои сардтар ва шуюи вирус масири корона дар миқёси бузургтар пайдо карданд.

Муҳақиқони ҳиндӣ додаҳои марбут ба ин пажуҳишро аз охири моҳи март то миёнаҳои апрел ҷамовари карданд ва дар ниҳоят дарёфтанд кишварҳое ,ки дорои тул ва арзи ҷуғрофиёи болотар дорои обуҳавои сардтаре ҳастанд, ба таври қобили таваҷуҳе беш аз дигар кишварҳо бо шуюи бемории Кувиди 19 дасту панҷа нарм мекунанд.

Донишмандон хотирнишон карданд, ки ҳамаи ин мушоҳидаҳо ҳоки аз он аст, ки дамои поин мункин аст як омили хатар барои афзоиши мавориди ибтило ба вируси корона бошад.

Онҳо афзуданд, бо ин ҳол дар ҳоли ҳозир ин мутолиа қодир ба тавзеҳи ин, ки чигуна бархе аз кишварҳои сард масир бо олудагии бештари корона рӯ ба рӯ нашудаанд, нест ва ба баррасиҳои бештаре иҳтиёҷ аст то аз ҷузиёти шуюи корона ба даст ояд.

1067
Барчаспҳо:
Ҳиндустон, афзоиш, вирус, густариш, зимистон, таҳқиқот
Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико бо Ллойд Остин. 8 апрели соли 2009

Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?

212
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2021)
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Ӯ ҳанӯз соли 2016 ба нафақа баромада буд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.

Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.

Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.

Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд. 

Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.

Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.

212
Барчаспҳо:
роҳбар, Амрико, Пентагон
Мухаммед Джавад Зариф, архивное фото

Эрон интизориҳояшро аз президенти нави Амрико гуфт

45
(Таҷдидшуда 14:24 23.01.2021)
Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме гуфтааст, ки аз раисҷумҳури нави ИМА, Ҷой Байден кишвараш чи интизориҳо дорад

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷа гуфтааст, умед дорад Амрико минбаъд сиёсати хориҷиашро тағйир медиҳад.

​Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар Твиттер ба интихобҳои асосӣ, ки пешорӯи давлати ҷадиди Амрико қарор дорад, ишора кардааст.

"Давлати нави Амрико бо интихобе асосӣ рӯ ба рӯ аст, ин давлат метавонад сиёсатҳои шикастхурдаи қаблиҳоро дар пеш бигирад ва ба масири таҳқири ҳамкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ идома диҳад ё метавонад фарзҳои шикастхурдаро рад карда, сулҳу оромишро дунбол кунад", - омадааст дар паёми Зариф.

Махфӣ нест, ки муносибатҳои Эрону Амрико зуд-зуд тезутунд мешаванд.

Ахиран пас аз куштори Қосим Сулаймонӣ, сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, ки гуфта мешуд аз дасти Амрикост, муносибатҳо дучанд муташанниҷ шуданд.

Байден чанд фармони Трампро бекор кард: ӯ ба вуруди мусалмонон иҷозат дод

Интихоботи президентӣ дар ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд. Барои мақоми сардори давлат, ҷумҳурихоҳ Трамп бо демократ Ҷо Байден мубориза бурд.

Ҳисобкунии овозҳо бо сабаби дер фиристодани бюллетенҳо тавассути почта барои як моҳ кашол гардид. Дар интихобот Байден пирӯз шуд, ки 20 январ ба ҳайси президенти Иёлоти Муттаҳида ба кор шурӯъ кард. Трамп дар маросими савгандёдкунии ӯ ҳузур надошт.

45

Тасмими Собянин: дар Маскав коргарони сохтмонҳо эм мешаванд - ихтиёрӣ

13
(Таҷдидшуда 14:40 23.01.2021)
Ба таъкиди муовини раиси шаҳри Маскав, эмгузаронии сохтмончиён дар пойтахт танҳо бо хоҳиши худи онҳо сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ояндаи наздик, дар сохтмонгоҳҳои шаҳри Маскав пойгоҳҳои сайёри эмгузаронӣ пайдо мешаванд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти Андрей Бочкарев муовини раиси пойтахт оид ба сиёсати шаҳрсозӣ ва сохтмон.

"Мо нақша дорем, ки эмгузаронии оммавии бинокоронро гузаронем ва эҳтимол ин марказҳои сайёр бошанд, ки ҳамаи расмиёти заруриро иҷро мекунанд", - изҳор доштаст Бочкарев.

Ба таъкиди ӯ, эмгузаронӣ танҳо бо хоҳиши бинокорон сурат мегирад.

Аммо ӯ зикр намуд, ки алъон ҳамагон дар як вазъияти ташвишовар қарор доранд ва "ягона роҳи дуруст дар мубориза бо вирус, ин эм гирифтан аст".

Муовини Собянин мегӯяд, бунгоҳҳои эмгузаронӣ аллакай омода ҳастанд ва ҳамагӣ ду ё се ҳафта пас, эмгузаронии оммавӣ дар иншооти сохтмонии шаҳри Маскав доир мегардад.

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

Ногуфта намонад, ки аксари коргарони сохтмонҳо дар Русияро маҳз муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Эмгузаронии оммавӣ дар Русия сар аз 18 январ, пас аз супориши Владимир Путин оғоз ёфт. Ҳамакнун шаҳрвандони ин кишвар метавонанд бевосита аз миёни ду ваксинае, ки дар Русия сабти ном шудаанд, якеро интихоб намуда эм гиранд.

Ҳукумати Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон намуд, ки нахуст пизишкону муаллимон, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафароне, ки маризи қанду дил ва фарбеҳӣ доранд, эм мешаванд.

13
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, сохтмон, коргарон, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон