Ояи Софияи Истамбулро дубора ба масҷид табдил доданд

251
Калисои Софияи Стамбул акнун осорхона нест: дарҳои он ба наздикӣ дубора барои мусалмонон кушода мешавад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Калисои Софияи Стамбул дигар наметавонад ҳамчун осорхона фаъолият кунад, хабар медиҳанд расонаҳои туркӣ.

Шӯрои давлатии Туркия қарор дар бораи бинои торихӣ эълон шудани Ояи Софияро бекор кардааст. Қарори мазкур соли 1935 судур шуда буд. 

Акнун Ояи Софияро метавонанд ҳамчун масҷид истифода баранд. Ташаббускори дубора ба маҷид табдил додани ояи София раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст.

Феълан наздики бинои София мардум ва намояндагони расонаҳо ҷамъ омадаанд. Гоҳ гоҳ шиорпартоии ҷамъомадагон шунида мешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъиятро контрол мекунанд.

 

Ёдрас мешавем, калисо 27 декабри соли 537 ифтитоҳ шудааст. Онро соли 1453 ба масҷид табдил дода буданд ва баъди 500 соли дигар Ояи София ба осорхона мубаддал гашт.

 

251
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Саломатии иштирокчиён муҳимтар аз ҳама: лағви Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквандо

16
(Таҷдидшуда 16:20 15.08.2020)
Шӯрои Таеквондои ҷаҳонӣ чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни наврасонро дар соли 2020, ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчиён, барҳам дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷаласаи шӯро тариқи онлайнӣ сурат гирифт ва аъзои он розӣ шуданд, ки масъалаи амнияти оилаи таеквондо дар ҷои аввал меистад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз машварат бо федератсияҳои миллӣ, кумитаҳои Таеквондои ҷаҳонӣ, бахусус кумитаи тиббӣ ва зидди допинг ва дар мувофиқа бо мақомоти тандурустии маҳаллӣ оид ба барҳам додани чемпионати имсола қарор қабул гардид.

Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

Софияи Булғористон, ки мебоист чемпионати имсоларо моҳи октябр мизбонӣ мекард, акнун чорабиниро соли 2022 қабул мекунад.

"Мо аз он ки имсол чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро дар София баргузор карда наметавонем, андуҳгинем. Вале бароямон ҳамеша возеҳ аст, ки солимии оилаи таеквондои ҷаҳонӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Пас аз машварат ва баррасиҳои зиёд ба хулоса омадем, ки баргузор кардани чемпионат дар соли равон хатар дорад. Мо бовар дорем, ки соли 2022 София чорабиниро бошаҳомат мегузаронад", изҳор доштааст президенти ташкилоти "Таеквондои ҷаҳонӣ" Чунгвон Чоу.

Қарор дар бораи финали Гран прӣ дар Канкун-2020 (Мексика) ва Гранд слам дар Вуши-2020 (Чин), ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, моҳи октябр дар ҷаласаи навбатии шӯро қабул карда мешавад. То он замон Таеквондои ҷаҳонӣ бо ташкилкунандагон ва ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати огоҳ будан аз вазъияти ин кишварҳо дар тамоси доимӣ хоҳад буд.

16

СҶБ ҳаҷми хисороти коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонро эълон кард

218
(Таҷдидшуда 14:34 15.08.2020)
Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳаҷми умумии хисороти коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳонро эълон намуда, изҳор дошт, ки боз 100 миллиард доллари дигар масраф мешавад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба гузориши СҶБ зарари умумии коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон дар ду сол аз 12 триллион доллар зиёдтар хоҳад шуд.

Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Аданом рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни брифинге дар Женева ба масоили истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус таъкид карда гуфт, ки  барои коркард ва истеҳсоли ваксинаи муассири зидди коронавирус, ҷаҳон бояд на камтар аз 100 миллиард доллар харҷ кунад.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи ӯ, пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ дар як моҳ 375 миллиард доллар зарар мерасонад.

Тедрос Аданом Гебрейесус гуфтааст, "ҷаҳон аллакай триллионҳо долларро барои мубориза бо оқибатҳои кӯтоҳмуддати пандемия сарф кардааст".

"Ҳоло ҳама савол медиҳанд, ки чӣ тавр мо ба зиндагии муқаррарӣ баргардем? Ман боварӣ дорам, ки набояд дар бораи он бигӯем, ки чӣ тавр ба қафо бозгардем, балки дар бораи он бигӯем, ки чӣ гуна ба пеш хоҳем рафт. Ва барои ба пеш ҳаракат кардан мо бояд якҷоя кор кунем", - афзудаст роҳбари СҶБ.

Мувофиқи гуфтаҳои роҳбари СҶБ, ҷаҳон бояд якчанд намуд ваксинаҳои мухталиф эҷод кунад, то имкони таҳияи доруи муносибро зиёд намоянд. Вақте як ваксинаи муассир ва универсалӣ таҳия мешавад, таъкид кард ӯ, талабот ба он аз пешниҳод дида, ба маротиб зиёд хоҳад буд.

 

218
Барчаспҳо:
иқтисод, хисорот, ҳаҷм, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Довари бозии "Куктош" ва "Хатлон" муҷозот карда шуд

0
(Таҷдидшуда 18:22 15.08.2020)
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирози дастаи "Хатлон"- ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии даври 11-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хатлон" (2:1) Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварӣ дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Кумитаи доварони ФФТ эътирози дастаи "Хатлон"-ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ Кумитаи доварон ба хулосае омад, ки Беҳрӯз Муртазоев ҷониби дарвозаи "Хатлон" пеналтиро дуруст таъин кардааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Аммо дар ҳолати дигар Муртазоев иштибоҳан корти сурх ба дарвозабони "Куктош" Қурбоналӣ Бобоев нишон надод, ки номбурда қасдан бозигари рақибро бо пой зад.

Бинобар ин, Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон кардани Кодекси интизомии доварон қарор баровард, ки Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварии ду даври мусобиқаҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешуда, маҳрум карда шавад.

0
Барчаспҳо:
муҷозот, довар, Тоҷикистон, футбол