Король Саудовской аравии Салман ибн Абдул-Азиз Аль Сауд

Подшоҳи Арабистони Саудиро ба бемористон интиқол доданд

288
(Таҷдидшуда 14:58 20.07.2020)
Малик Салмон бин Абдулазиз, ҳафтумин подшоҳи саудӣ аст, ки соли 2015 ба думболи марги бародараш Малик Абдуллоҳ ба подшоҳии Арабистон расид

ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз ба бемористон интқил ёфтааст, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои арабӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, Абдулазиз ба бемористони тахассусии Малик Файсал дар Риёз фиристода шудааст.

"Дарбори салтанатии саудӣ эълом кард, Малик Салмон ба далели вуҷуди илтиҳоб дар гурда ва барои анҷоми озмоиш роҳии бемористон шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Малик Салмон бин Абдулазиз, ҳафтумин подшоҳи саудӣ аст, ки соли 2015 ба думболи марги бародараш Малик Абдуллоҳ ба подшоҳии Арабистон расид.

Ӯ, ки бисту панҷумин писари Малик Абдулазиз аст дар шаҳри Риёз ба дунё омада ва 84 сол дорад.

Арабистони Саудӣ ҳаҷро барои зиёраткунандагон аз хориҷа бекор кард

288
Город Лондон. Великобритания

Мавҷи дуюми коронавирус дар Британия: сарвазир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

137
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Сарвазири Британия дар робита ба авҷ гирифтани мавҷи дуюми маризии коронавирус, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Британияро мавҷи дуюми маризи коронавирус фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин робита, сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе аснои баромади худ дар парлумон, маҳдудиятҳои нав барои ним соли оянда ҷорӣ кард.

"Коронавирус дар баробари гузариш аз фасли тирамоҳ ба зимистон зудтар паҳн мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд аз ҳозир омодагӣ гирем", - таъкид намудаст Ҷонсон.

Бар тибқи қарори сарвазири Британия, коргарҳо бояд аз фосилаи дур кор кунанд, кори тарабхонаю майкадаҳо на дертар аз соати 10 - и бегоҳ тӯл кашад.

Ҳамчунин, Ҷонсон аз тамоми сокинон даъват намуд, ки маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла тӯю маъракаҳо танҳо бо иштироки 15 меҳмон баргузор шаванд. Дар маросими азодорӣ, ҳамоно на беш аз 30 нафар бояд иштирок кунанд.

Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

Қобили зикр аст, ки шабонарӯзи ахир дар Британия 4368 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Инчунин давоми як рӯз аз ин беморӣ дар Британия 11 нафар ҷон бохт.

Дар умум, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Британия 398 625 нафар мубтало шуда, 41 788 мариз ба ҳалокат расиданд.

137
Барчаспҳо:
маҳдудият, маризӣ, сарвазир, Британия
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября

Дар Қундуз аз дасти ҷангиёни Толибон 7 низомӣ кушта шуд

39
(Таҷдидшуда 18:26 23.09.2020)
Низмиёни Афғонистон тавонистанд 4 ҷангии толибро маҳв кунанд ва ҳамзамон 4тани дигарро сахт маҷрӯҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Бар асари ҳамалоти ҷангиёни гурӯҳи террористии Толибон ба ду музофот, дасти кам 7 низомии афғон кушта шуданд, хабар медиҳад агентии Синхуа.

Бар хабари волии Имом Соҳиб дар наздикии марз бо Тоҷикистон, ҷангиён нимашаб  ду гузаргоҳ дар музофоти Қундузро мавриди ҳамла қарор доданд. Дар натиҷаи задухӯрди шадид миёни ҷангиён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, 5 низомӣ кушта шуда, 8 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Зимнан,мақомоти қудратии Афғонистон 4 ҷангиро маҳв карда, чаҳор тани дигарро ҷароҳатдор намуданд.

Вокуниши давлати Афғонистон ба суханони Доналд Трамп дар бораи Толибон

Бар хабари сокинони маҳаллӣ, ҷангиёни Толибон як гузаргоҳро забт намуданд.

Дар ҳамин ҳол, як ҳамлаи дигарро ҷангиёни Ҷунбиши ҳаракати толибон дар музофоти Ҳирот гузаронданд. дар ин ҳамла ду корманди пулис кушта шуданд ва чандн нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

 

39
Барчаспҳо:
Толибон, даргирӣ, Афғонистон
Река Кофарниган, архивное фото

Наврӯз нагуфт, ки ӯро Шаҳзода оташ зад: ҷузъиёти ишқи сӯзон дар Ваҳдат-видео

480
(Таҷдидшуда 21:13 23.09.2020)
Наврӯз Раҷабов ба Шаҳзода Шамсиева зарфи сӯзишворӣ дода, гуфтааст, ҳар коре бихоҳад бо ӯ анҷом диҳад, то дилаш ором шавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26 - уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат, дар соҳили дарёи Кофарниҳон Шамсиева Шаҳзодаи 21-сола, дӯстдоштааш Наврӯз Раҷабови 25-соларо оташ задааст.

Наврӯз худаш ба Шаҳзода сӯзишворӣ дода гуфтаст, ҳар коре хоҳад бо ӯ бикунад

“Аз пушти мошин, бақлашкаи бензинро қатии зажигалка гирифта, дар дастам доду гуфт ин марҳамат чӣ кореям кунӣ, бикун, то дилат хунук шудана. Росто истода ин марҳамат гуфт. Ман ҳам бақлажка дар дастам, аз тори санг истода, болояш рехтам. Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод Шаҳзода ҳодисаро.

ВУД мегӯяд, ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, аммо кормандони милиса муайян кардаанд, ки ин корро Шаҳзода кардааст.

Наврӯз баъди сӯхтан ба Шаҳзода гуфтаст, ки ба касе чизе нагӯяд-видео

Шаҳзода дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки Наврӯз дар роҳ ба ӯ гуфт, “рост ба хона рав, ба телефони ҳеч кас ҷавоб надеҳ, маро надидаӣ, намедонӣ”.

Шаҳзода изҳор доштааст, ки Наврӯз Раҷабов ба зиндагии осоиштаи ӯ дахл карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст.

Ба иттилои ВУД феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Шаҳзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

480