Живая цепь из людей

30 нафар даст ба даст гирифта зани ғарқшударо аз об берун оварданд - навор

1416
(Таҷдидшуда 15:19 27.07.2020)
Ҳудуди 30 нафар роҳгузар даст ба даст гирифта занҷири мустаҳкам ташкил карда, зани ғарқшударо аз об берун оварданд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳодиса дар Перм рух додааст ва навор, ки дар он лаҳзаи наҷоти як зан аз ғарқшавӣ дар об сабт гардидааст, губернатор Дмитрий Махонин дар сафҳаи худ Инстаграм нашр намудааст.

Навори мазкур аз ҷониби садҳо нафар тамошо ва писандида шуда, ба ҷасорат ва имдодрасонии роҳгузарон таҳсину офаринхонӣ шудааст.

Муайян гардидааст, ки як сокини Перм аснои шиноварӣ кардан, дур аз соҳил рафта, вақти баргаштан дар нимароҳ қуввати дастак заданро гум мекунад ва додзанон кумакпурсӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ба кумаки ӯ як мард шитофт, аммо аснои ба берун оварданд, ба иллати лағжон будани бетон ин корро мустақилона анҷом додан, натавонист.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Зимнан, ба кумаки онҳо 30 роҳгузари дигар шитофтанд. Онҳо қатор шуда, даст ба даст гирифтанд ва занҷираи бақувватро сомон дода зан ва наҷотдиҳандаи ӯро аз об берун оварданд.

Хабаргузории РИА Новости менависад, феълан ин зан дар бемористон қарор дорад ва ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад.

1416
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

421
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

421
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Клуб самбо Рико

Қаҳрамонии самбо бидуни тамошобин дар Сербия баргузор мешавад

29
(Таҷдидшуда 13:05 27.09.2020)
Туркманистон ба далели пандемияи коронавирус аз мизбонӣ намудани ин мусобиқаи ҷаҳонӣ даст кашид. Акнун ба ҳайси мизбон шаҳри Нови Сади Сербия пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Нови Сад (Сербия) доир мешавад. Дар ин бора қарори Федератсияи байналмилалии самбо ба тасвиб расид.

Ба иттилои сомонаи расмии федератсияи байналмилалии самбо, чорабинӣ ҳамроҳ бо Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат мегирад ва давоми 4 рӯз – 5-8 ноябр идома меёбад.

Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо соҳиби медали тилло гашт

Ин мусобиқа мебоист дар шаҳри Ашқобод баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус Федератсияи самбои Туркманистон аз мизбонӣ кардани мусобиқа даст кашид.

Зимнан, президенти Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаков гуфт, мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва профилактикаи баъд аз пандемияи COVID-19" доир мегардад.

"Аз гашту гузори варзишгарон дар шаҳр ҷилавгирӣ шуда, ҳамчунин дар толори варзишӣ риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатман риоя мешавад", - изҳор дошт Шестаков.

Ба гуфтаи ӯ, мухлисон имкон доранд қувваозмоиҳоро ба таври мустақим дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо тамошо кунанд. Қисмати финалии қаҳрамонӣ дар шабакаи телевизионии "Eurosport" ва шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногун намоиш дода хоҳад шуд.

29
Барчаспҳо:
самбо, қаҳрамонӣ, Сербия

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

0
(Таҷдидшуда 20:48 27.09.2020)
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ИМА тариқи оммавӣ ба паст задани Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Олмон машғул мебошад

Лавров дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои эронияш, Муҳаммад Ҷавод Зариф, зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ “Маҷрои Шимол – 2” гуфт.

“Мо мебинем, ки чигуна ИМА ҳамарӯза тариқи оммавӣ талош мекунанд, Иттиҳоди Аврупоро паст зананд ва пеш аз ҳама Олмонро. ИМА аз забони намояндагони расмияш аз Олмон талаб мекунад, ки бахташро дарк кунаду амнияти энергетикияшро таъмин созад”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров таҳримҳои амрикоӣ алайҳи лӯлаи газ ба он равона шудаанд, ки аврупоиҳоро водор созанд, гази ба маротиб қимати моеъро аз ИМА харанд.

Вазири умури хориҷии Русия илова намуд, ки раёсати ИМА талош дорад, ин иқдомашро ҳамчун “таҳкими амнияти энергетикии Аврупо” шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи Лавров, акнун барои Олмон анҷоми сохтмони лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” барои Олмон масъалаи нангу номус аст.

0
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Русия