Сотрудники ФСБ, архивное фото

Дар Маскав аз ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шуд: боздоштшуда муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ

524
(Таҷдидшуда 16:12 27.07.2020)
Муҳоҷири яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадаф дошт дар шаҳри Маскав як ҳамлаи террористӣ пиёда кунад, вале дастгир гардид

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Маскав аз як ҳамалоти террористӣ дар макони пуриздиҳом ҷилавгирӣ кард, хабар медиҳад ФСБ Русия.

Тибқи иттилои расмӣ, мақомоти амниятӣ як мардро дар таввақуфгоҳи партофташуда дар Химки пайдо кардаанд. Ҳангоме, ки амниятиҳо кӯшиш карданд, ӯро боздошт кунанд, тарафи онҳо оташ кушод.

Гуфта мешавад, аснои тирпарронӣ ӯро боздошт намуданд ва аз макони ҳодиса тапонча ва чандин норинҷакро пайдо намуданд.

Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

ФСБ мегӯяд, боздоштшуда ният дошт дар макони серодам ҳамалоти террористиро пиёда кунад.

Зикр мегардда, ки номбурда шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва феълан дақиқан гуфта намешавад, ки зодаи кадом давлат аст.

Боздоштшуда дар шаҳри Маскав дар хонаи иҷора ба сар мебурд ва ҳамчунин бо ҷангиёни Сурия низ дар алоқаи зич қарор доштааст.

524
Барчаспҳо:
пешгирӣ, террористӣ, ҳамла, Маскав

Вокуниши давлати Афғонистон ба суханони Доналд Трамп дар бораи Толибон

444
(Таҷдидшуда 10:10 22.09.2020)
Вазорати хориҷаи Афғонистон шомгоҳи якшанбе ба суханони раисҷумҳури Амрико, ки Толибонро гурӯҳи зираку сарсахт хонда буд, вокуниш нишон дод

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз шабакаи телевизионии Тулӯъ, Гирон Ҳивод, сухангӯии вазорати хориҷи Афғонистон гуфт, ки суханони Доналд Трамп масрафи дохилӣ доштааст.

 Трамп рӯзи ҷумъа дар конфаронси хабарӣ гуфт, ки Амрико бо Толибон бисёр хуб муомила мекунад.

“Онҳо бисёр сарсахт, боҳуш ва тезбин ҳастанд, аммо шумо медонед, ки онҳо низ аз ҷанг хаста шудаанд”, - таъкид дошт Трамп

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар мавриди ин суханон гуфт, ки изҳороти раисҷумҳури Амрико барои расонаҳо ва мардуми худаш баён шудааст.

“Давлати Афғонистон кори худашро ба пеш ме‌барад”, - Гирон Ҳивод.

 Ба дунболи ҷонибдории Трамп аз Толибон, илова бар давлати Кобул бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон низ изҳороти Трамп дар мавриди Толибонро дар воқеъ наздик шудани беш аз ҳадди Кохи Сафед ба ин гурӯҳ ва ба заъф кашондани ҳукумати Афғонистон медонанд .

 Ба гузориши шабакаи Тулӯъ, 9 рӯз аз вуруди гуруҳҳои Кобул ва Толибон ба Давҳаи Қатар мегузарад, аммо ду тараф то кунун муваффақ нашудаанд, ки дар бораи дастури музокирот ба тавофуқ бирасанд.

 Охирин изҳороти намояндагони давлати Афғонистон дар Давҳа нишон медиҳад, ки онҳо ба расидан ба оташбас дар ин давр аз музокирот бисёр умедворанд, дар ҳоле ки гуруҳи Толибон дастёбӣ ба оташбаси фавриро ғайримумкин медонад.

444
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, вокуниш, Толибон, Раисҷумҳур, Амрико, Афғонистон
Анатолий Альштейн

Алштейн афзоиши бемории коронавирусро дар ҷаҳон шарҳ дод

348
(Таҷдидшуда 18:59 21.09.2020)
Вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар бораи вазъи афзоиши паҳншавии коронавирус ибрози назар кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Ҳоло дар бораи мавҷи дуюми коронавирус сӯҳбат кардан душвор аст, гуфт вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар муколама бо Sputnik Латвия.

Коршинос илова кард, ки дар бораи хуруҷи нави паҳншавии COVID-19 бо боварӣ метавон танҳо дар Испания сӯҳбат кард, ҳарчанд афзоиши беморӣ дар бисёр кишварҳои дигар мушоҳида мешавад.

"Бояд қайд кард, ки афзоиш ва мавҷи дуввуми коронавирус бо коҳиши шадиди марг ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо дар сатҳи 1% ва аз он камтаранд", - гуфт Алштейн.

Вирусшинос қайд кард, ки коҳиши фавт метавонад сустшавии вирусро нишон диҳад ("суст шудан" -и вирус, коҳиш ёфтани патогенияти он - ред.), Аммо ба эҳтимоли зиёд усулҳои табобати беморони ковид хеле беҳтар шудаанд.

Профессор афзуд, ки бояд тақвияти дубораи чораҳои зидди эпидемиро интизор шуд, аммо онҳо на бо кӯмаки мамнӯъиятҳо, балки дар заминаи мусоидат ба риояи меъёрҳои санитарӣ тақвият дода мешаванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт табобати коронавирусро бо гиёҳ иҷозат дод

Алштейн шарҳ дод, ки чаро дар ҷаҳон беморони гирифтори коронавирус зиёд мешаванд.

"Як омил ин аст, ки одамон бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва аз риояи чораҳои асосии зидди эпидемия даст мекашанд. Аз тарафи дигар, паҳншавии бемориҳои шадиди роҳи нафас одатан тирамоҳ меафзояд ва COVID-19 яке аз онҳост", - гуфт вирусшинос.

Алштейн изҳори итминон кард, ки барои башарият ҳеҷ фалокате наздик нахоҳад буд, алахусус бо назардошти кори ваксина дар Русия ва дар саросари ҷаҳон.

348

Тоҷикистон дар навбат: кадом кишварҳо мехоҳанд аз Русия бар зидди COVID-19 даво бихаранд

0
(Таҷдидшуда 17:46 22.09.2020)
Аксари кишварҳои ҷаҳон барои харидории воксинаи сохти Русия - "Спутник V" алоқамандӣ пайдо карданд. Аксари кишварҳои хориҷи наздик омода ҳастанд аз Русия ин ваксинаро харидорӣ намоянд

Дар Русия ба сохти воксинаи зидди вируси корона ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз карда буданд. Ба сохти воксина якбора чанд гурӯҳи олимон шурӯъ карданд.

Дар ниҳоят Вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди вируси коронаро дар моҳи августи соли равон ба қайд гирифт. Ин воксина аз сӯи маркази тадқиқотии зиддиэпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи кашф карда шуд ва сохти ин даво дар ҳамкорӣ бо бунёди сармояҳои мустақими Русия сурат мегирад.

Дар ниҳоят ин воксина комилан безарар дониста шуд. Ин даво метавонад бар муқобили вируси корона мубориза барад. Сипас аз самаранокии ин воксина маҷалаи бонуфузи The Lancet мақолае чоп кард.

Русия дар ҳоли ҳозир, аз кишварҳои хориҷӣ ба андозаи як миллиард адад воксина дархост қабул кардааст. Аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Араб, филипин, Мексика, Венесуэлло, Молдова ва Озарбойҷон омодагии худро барои харидории ин воксина эълон карданд.

Нахустин кишваре, ки ба воксинаи зидди вируси корона дастрасӣ пайдо мекунад, ин Белорус мебошад.

Инчунин Руся созишнома барои фуруши воксина бо Қазоқистон низ ба имзо расонидааст. Тибқи ин созишнома ба Қазоқистон беш аз миллион адад воксина дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ хариди ин воксинаро баррасӣ доранд.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, кишварҳо, Русия, харидорӣ, навбат, Тоҷикистон