Нарезные дольки арбуза

Истеъмоли барзиёди тарбуз хатари ҷиддӣ дорад: ғизошинос гуфт ба кадом одамон

3408
(Таҷдидшуда 14:58 29.07.2020)
Мутахассисони соҳаи ғизошиносӣ муайян намуданд, ки истеъмоли барзиёди тарбуз дар пай хатари ҷиддӣ ба организмӣ инсон ба бор меорад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Бар тибқи тавсияи ғизошиносон, инсон дар як рӯз набояд аз 300 грамм бештар тарбуз истеъмол кунад, зеро дар тарқиби донаҳои тарбуз миқдори зиёди қанд ниҳон аст, ки ба саломатии инсон бисёр хатарзост.

Аз ҳад зиёд хӯрдани тарбуз ба фарбеҳшавӣ, касалии қанд, аллергия ва атеросклероз оварда мерасонад, изҳор доштааст Олга Григорян пизишки ғизошинос, номзади илмҳои тиб дар мусоҳиба бо радиои "Говорит Москва".

Оғози содироти тарбузи Тоҷикистон ба Русия

Пизишки рус ба нафароне, ки аллергия дорад, ҳушдор дод, ки истеъмоли барзиёди тарбуз метавонад маризии онҳоро бештар хуруҷ кунад.

"Агар шумо маризии бронхит, асма ва ё псариаз доред, истеъмоли тарбузро ба маротиб коҳиш диҳед, чун метавонад касалии шуморо бештар авҷ диҳад", - афзудааст Григорян.

Таърихи пайдоиши тарбуз аз Мисри қадим маншаъ мегирад. Дар Русия бошад ба кишт ва истеъмоли он мобайнҳои асри 17 шурӯъ намуданд. 

Тавсияи ин пизиш дар ҳолест, ки аксари духтурон истеъмоли тарбузро  барои нафароне, ки аз маризии гурда ранҷ мебаранд, муфид арзёбӣ мекунанд.

3408
Барчаспҳо:
одамон, хатар, тарбуз

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

73
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

73
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Теъдоди қурбониёни таракиши Бейрут ба 135 нафар расид: 5 ҳазор ҷароҳатдор шуданд

106
(Таҷдидшуда 16:44 06.08.2020)
Теъдоди ҷонбохтагони таркиши мудҳиш дар Бейрут ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Ҳоло расман фавти 135 нафар тасдиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шумораи ҷонбохтагони  таркиш  дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут ба 135 нафар расид, хабар медиҳад "Al Jazeera.

Ба иттилои манбаъ, дар ин таркиш ҳадди аққал 135  кас  ҷон бохта,  тахминан  5 ҳазор  нафари дигар  захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмӣ иброз доштааст, ки  эҳтимоли зиёд гардидани шумораи ҷонбохтагон вуҷуд дорад, чунки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯйи одамони зиндамонадаро дар зери биноҳои валангор идома медиҳанд.

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

Губернатори Бейрут Марван Аббуд гуфт, ки дар шаҳр то 300,000 нафар бесарпаноҳ мондаанд. Мақомот барои бо ғизо, об ва манзил таъмин намудани онҳо кӯшиш мекунад.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

106