Вакцина

Чин қимати ваксинаи зидди вируси коронаро эълон кард

2383
(Таҷдидшуда 16:00 19.08.2020)
Ширкати дорусозии Синуформ, созандаи яке аз ваксинаҳои зиддикороноии Чин, ки дар ҳоли тайи марҳилаи ниҳоии озмоишҳои клиникӣ аст, баҳои ин ваксинаро ҳудуди 150 доллар эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Лю Сзин Ҷин,  раиси ин ширкати дорусозии Синуформи чинӣ рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси хабарӣ дар Пекин эълом кард, ки ваксина то поёни соли 2020 мелодӣ вориди бозор мешавад ва ду бор тазриқи он, ҳазор юан муодили 150 доллар ҳазина дорад, хабаргузории Ирна.

Вай афзуд, ин ваксина ба зудӣ мароҳили поёнии озмоишро пушти сар мегузорад ва тибқи арзёбиҳое, ки сурат гирифта баҳои он барои дарёфткунандагон зиёд нест. 

Дар ҳамин ҳол, Лю Сзин Ҷин гуфт: лозим нест, ки ҳама як миллиарду 400 миллион нафар ҷамъияти Чин ин ваксинаро тазриқ кунанд, аммо пешниҳод мешавад, ки донишҷуён ва ё касоне, ки дар шаҳрҳо машғули кор ҳастанд ваксина бизананд ва дар рустоҳо ва манотиқи маҳрум, ки камҷамъияттар ҳастанд зарурате барои ин кор нест.

Ёдрас мешавем, ки санаи 11 - уми август нахустин ваксинаи алайҳи вируси коронаи сохти Русия, бомуваффақият озмоиш ва ба қайд гирифта шуд. Ба истеҳсоли ваксин корхонаи дорусозии "Бинофарм" шурӯъ намуд

Вазорати тандурустии Русия хабар дод, ки дар кишвар ба истеҳсоли нахустин ваксинаи алайҳи коронавирус дар шароити корхонаҳои дорусозӣ шурӯъ намуданд.

Ваксинаи алайҳи коронавирус, ки Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, истеҳсол кард, номи "Спутник V"- ро гирифт.

Ин ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалеи таҳия шудааст.

2383
Барчаспҳо:
ширкат, марҳалаи ниҳоӣ, вирус, Чин
Задержанный, архивное фото

ВКД: онҳое, ки аз маҳбаси Доғистон гурехтанд, нақша доштанд ба Тоҷикистон раванд

353
(Таҷдидшуда 10:38 01.10.2020)
Сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД-и Доғистон гуфт, чӣ гуна кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд маҳбусони фироркардаро пайдо ва дастгир кунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Доғистон, полковники милитсия Магомеднаби Одилхонов дар бораи чӣ гуна дастгир шудани шаш маҳбуси аз зиндон фироркарда гуфт.

Ёдовар мешавем, ки ду ҷинояткори фирорӣ, зодагони Тоҷикистон - Шамил Бойматови 29-сола ва Маҳмадрасул Машрабови 30-сола ҳастанд.

"Мо тахмин мезанем, ки ҷинояткорон мехостанд Федератсияи Русияро тарк кунанд, ба Қазоқистон ва бо назардошти он, ки дар ин гурӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд - минбаъд ба Тоҷикистон бираванд. Онҳо нақша доштанд, ки бо кадом роҳ шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба даст оранд, аммо нақшаҳояшон пешбинӣ амалӣ нашуд ", - гуфт Одилхонов.

Ҷустуҷӯйи маҳбусони фирорӣ душвор буд, аммо ба ҳадаф расонд.

Фирори маҳбусон аз зиндоне дар Доғистон: миёнашон зодаи Тоҷикистон низ будааст

Ба иттилои манбаъ, пас аз гурехтани маҳбусон санаи 22 сентябр, кинологҳо бо сагҳо аз колония пайи изи онҳо рафтанд. Рӯзи дигар як мошини партофташудаи ВАЗ 2109 ёфт шуд, ки эҳтимолан ҷинояткорон барои фирор ва тарки ҷумҳурӣ истифода мекарданд.

Ӯ гуфт, осори фирориён боз дар минтақаи ҳамсоя дар қаламрави Калмикия пайдо шуд ва шоҳидоне ёфт шуданд, ки ҷинояткоронро дида ва бо онҳо сӯҳбат кардаанд.

Номбурда гуфт, маҳбусони фирорӣ дар наздикии маҳаллаи Улан-Хол дар Калмикия боздошт шуданд.

353
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, фирориён, маҳбас, Доғистон
Бывший президент СССР Михаил Горбачев, архивное фото

"Мо инро намехостем": Горбачёв дар бораи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ

664
(Таҷдидшуда 16:09 01.10.2020)
Президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв гуфт, ки агар СССР пойдор мемонд, чӣ мешуд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Агар Иттиҳоди Шӯравиро аз фурӯпошӣ наҷот меёфт, ҷаҳон дигар хел мешуд, гуфт президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии The Times.

Ба гуфтаи Горбачёв, агар СССР ҳифз мешуд, олам беҳтар мешуд.

Горбачёв гунаҳкорони аслии пошхӯрии ИҶШС - ро гуфт

"Ҷаҳон чӣ гуна менамуд, агар Иттиход ҳифз мешуд, -таърих агару магарро намедонад. Аммо ман фикр мекунам, ки ҷаҳон беҳтар мешуд. Ин устувортар, бехатартар ва одилтар мебуд "гуфт раҳбари собиқи ИҶШС.

Горбачёв таъкид кардааст, ки  суқути Иттиҳоди Шӯравӣ "натиҷаи ниҳоӣ" -и бозсозӣ набуд.

"Дар ҳеҷ сурат. Ва, албатта, мо инро намехостем",- гуфт ӯ.

Номбурда, таъхир дар ислоҳоти ҳизб, ғайримарказикунонии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ислоҳоти нокифояи беҷуръатонаи иқтисодиро ба ин кор марбут донист.

Вай созишномаҳоро оид ба халъи силоҳи ҳастаӣ, хотима ёфтани ҷанги сард, озодии сухан ва дин, баромади ошкоро аз кишвар, интихоботи алтернативӣ ва низоми бисёрҳизбӣ ба натиҷаҳои мусбӣ марбут донист.

"Ва муҳимтар аз ҳама, мо раванди тағиротро ба дараҷае расонидем, ки баргардонидани он ғайриимкон гашт. Аз ин рӯ, табаддулот дар моҳи августи соли 1991 ноком шуд. Гарчанде зарари он азим буд - ин зарба ба президент ва Иттиҳод буд.  Сипас радикалҳо ва ҷудоихоҳон бидуни андеша дар бораи оқибатҳо Иттиҳодро тамом карданд",-хулоса кард Горбачёв.

664
Барчаспҳо:
Михаил Горбачёв, пошхӯрӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Сатторов дар бораи донишҷӯёни дар Тоҷикистон бандмонда ва даъват аз шаҳрвандон

0
(Таҷдидшуда 18:12 01.10.2020)
Бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Русияро сафири ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, ки ҳангоми пандемияи коронавирусӣ рафтанд, мушкил боқӣ мемонад, гуфт Имомуддин Сатторов, сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия.

Дипломат даъват кард, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ниёзи фаврӣ надоранд, Русияро тарк накунанд.

"Дар ин бора мо тобистон, вақте ҳама фикр мекарданд, ки мераванду тез бармегарданд, сӯҳбат кардем. Асосан мо пешгӯӣ кардем, ки вазъи эпидемиологӣ ба ҳама шаҳрвандон имкон намедиҳад, ки баргарданд. Мо инчунин донишҷӯёне, ки тоза ба таътил баромадаву рафта буданд, даъват кардем, гарчанде онҳо метавонистанд дар ин ҷо мунтазир шаванд ",-гуфт Сатторов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Сафир қайд кард, ки айни замон мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи баргардонидани донишҷӯёне, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ рафтаанд, гуфтушунид доранд. Диққати махсус ба донишҷӯёни курси якум дода мешавад.

Вазири маорифи Русия гуфт, чӣ қадар донишҷӯёни хориҷӣ мунтазири омадананд

Бо сабаби пандемия, зиёда аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ наметавонанд ба Федератсияи Русия оянд

Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки аз Тоҷикистон ба Русия омадаану баъдан дар хобгоҳ  тариқи фосилавӣ таҳсил кардан, маъно надорад.

0
Барчаспҳо:
донишҷӯён, сафир, Русия, Тоҷикистон