Лидер КНДР Ким Чен Ын и его сестра Ким Ё Чжон

Табодулоти сиёсӣ дар Кореяи шимолӣ: Ким Чен Ин қудраташро бо хоҳараш тақсим кард

1679
(Таҷдидшуда 13:39 21.08.2020)
Хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ бар онаст, ки роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин як қисми қудраташро бо хоҳари хурдиаш Ким Ё Чжон таҳвил дод ва ҳамин тариқ ин хонум дар ин кишвар ба ҳайси шахси рақами ду табдил ёфт

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Расонаи “Рёнхап” дар истинод ба Хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ хабар додааст, ки роҳбари Кереяи Шимолӣ Ким Чен Ин як қисми қудраташро ба хоҳари хурдиаш Ким Ё Чжон таҳвил дод.

Тибқи иттилои Хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ корҳои давлатӣ оид ба ҳуқуқ бар ӯҳдаи Ким Ё Чжон гузошта шудааст.

Гуфта шудааст, ки хоҳари роҳбари Кореяи Шимолӣ инчунин, ба ҳайси муовини якуми роҳбари шуъбаи Кумитаи марказии ҳизби кории Корея кор фаъолият дорад. Ҳамчунин Ким Ё Чжон бар сиёсати Пхенян нисбати Вашингтон ва Сеул вазифадор аст.

Инчунин, гуфта шудааст, ки як қисми вазифаҳо дар соҳаи иқтисод бар души  нахуствазири навтаъини ин кишвар Ким Док Хун ва муовини роҳбари Шӯрои давлатӣ Пак Бон Дю гузошата шудааст. Ҳамчунин ду мақомдори баландпояи ин кишвар баъзе аз вазифаҳои дифоиро низ бар ӯҳда гирифтанд.     

“То ҳол тамоми қудрат дар дасти роҳбарони Кореяи Шимолӣ аст, ва ҳолодида мешавад, кам кам қудрат ба дигарон низ таҳвил дода  мешавад”, - илова кардааст Хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ.

Новобаста аз он, Ким Чен Ин роҳбари рақами яки Кореияи Шимолӣ ба ҳисоб меравад ва ӯ то ҳол барои худ ҷойгузине пайдо накардааст.

Лидер КНДР Ким Чен Ын на станции Хасан в Приморском крае
пресс-служба администрации Приморского края

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш давоми 20 рӯз аз Ким Чен Ин хабаре набуд. Ин боис шуд, ки миёни мардум овозаҳои хабари марг ё маризии ӯ пайдо шуд.

Ким Чен Ин рӯзноманигорро ки мехост ҳамсарашро сурат гирад, тела дод

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан вазири корҳои ҷамъияти милии Кореяи Ҷанубӣ Ким Ён Чхол дар бораи мушкилоти саломатии роҳбари Кореяи Шимолӣ хабар дода буд.

1679
Барчаспҳо:
Ким Чен Ин, хоҳар, тақсим, таҳвил, қудрат, Корея
Портрет лидера ИГ* Абу Бакра аль-Багдади сжигают во время демонстрации в Индии

Дар Ироқ яке аз саркардаҳои ДОИШ боздошт шуд

119
(Таҷдидшуда 17:18 20.09.2020)
Роҳбари боздоштшудаи ДОИШ дар Бағдод чанд ҳамла омода мекард ва ин дафъа мехост дар раҳпаймоии солонаи ёдбудии шиаҳо ҳамла кунад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Телевизиони Al-Sumaria дар Ироқ дар истинод ба манобеи амниятӣ гузориш медиҳад, ки дар Бағдод яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" боздошт шуд.

Бино бар иттилои расмӣ, низомиёни ироқӣ яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро камин гирифтанд.

Муайян шудааст, ки ҷангӣ мехост дар маросими Арабин - маросими солонаи ёдбуди шиаҳо дар чаҳорумин рӯзи азодории Ашӯро ҳамла оварад.

Охирҳои соли 2017 Бағдод эълом кард, ки ба ДОИШ пирӯз шудааст. Аммо артиши Ироқ бо дастгирии Эътилофи зиддитеррористии байналмилалии ва воҳидҳои мардумии низомӣ амалиёти бозҷӯии доишиёнро дар навоҳии алоҳида идома медиҳад.

Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари дигари ДОИШ хабар дод

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли 2020 Раёсати мубориза бо терроризми Ироқ эълон кард, ки яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро дар Фаллуҷа дастгир кард.

119
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархӯр: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

1359
(Таҷдидшуда 17:24 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзи амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ, Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспии Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

1359
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев

Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

0
Профессор, олими маъруфи кимиё, Лутфулло Солиев, ки чанд ҳафта қабл бо ҷоизаи махсуси Президент дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, шогирдонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, фавташро фоҷиа ва талафоти бузург барои илм хондаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.

Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ,  собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.

“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.

Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.

0
Барчаспҳо:
профессори фахрӣ, даргузашт, Тоҷикистон