Мақомоти Афғонистон сабаби ба таъхир афтодани музокироти сулҳи афғонҳо дар Қатарро гуфт

81
(Таҷдидшуда 19:53 21.08.2020)
Сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон иллати таъхир дар музокироти сулҳи афғонҳо дар Қатарро дахолати кишварҳои ғарбӣ донист

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Фаридун Хузун гуфт, бархе аз кишварҳои ғарбӣ бо озодии шуморе аз зиндониёни Толибон мухолифат кардаанд ва ҳамин амр боис шуда, то музокироти Давҳа ба таъхир биуфтад, иттилоъ додааст Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Ориёнониюс.

Гуфта шудааст, ки оқои Хузун ҳеҷ гуна ишорае ба кишвари хоссе накард. Қаблан Фаронса аз Кобул хост гурӯҳи зиндониёни Толибонро, ки дар қатли шаҳрвандони фаронсавӣ даст доштаанд, озод накунад.

Асадуллоҳ Саодатӣ, муовини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ гуфт, ки аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси ин Шӯро барои ширкат дар музокироти байнулафғонӣ дар Қатар даъват шуда, аммо вай дар ин замина ҳанӯз тасмиме нагирифтааст.

Қайд карда шудааст, ки давлати Афғонистон бояд 400 зиндонии Толибонро бар асоси мувофиқати Луияи ҷиргаи машваратии сулҳи ин кишвар озод кунад, то музокирот бо ин гурӯҳ оғоз шавад.

81
Барчаспҳо:
сабаб, кишвар, Қатар, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Покупатель в аптеке

"Авифавир" доруе, ки дар 7 рӯз вируси COVID- ро мекушад, ба дорухонаҳои Ӯзбекистон роҳ ёфт

1
(Таҷдидшуда 15:56 26.09.2020)
Ӯзбекистон аз нахустин кишварҳоест, ки Авифавир дору алайҳи маризии коронавирусро аз Русия дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар дорухонаҳои кишвари Ӯзбекистон доруи "Авифавир" роҳ ёфт ва он тибқи дорухати табибон ба эҳтиёҷмандон фурӯхта мешавад.

Ӯзбекистон акнун аз нахустин кишварҳоест, ки ба ин дору дастрасӣ пайдо кард.

"Авифавир" дар Русия истеҳсол шуда, онро мутахассисони рус дар мубориза алайҳи маризии коронавирус муассир медонанд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шуд.

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Гуфта мешавад, "Авифавир" нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан, имкон надорад.

" "Авифавир" на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад",- гуфта буд директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Бояд гуфт, ки доруи мазкур дар бозори Русия моҳи июн пайдо шуд. Ба гуфтаи табибон, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тӯл мекашад.

1
Барчаспҳо:
маризӣ, дору, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

Созмони ҷаҳонии беҳдошт: шумори қурбониёни COVD-19 дар ҷаҳон ба 2 миллион нафар мерасад

47
(Таҷдидшуда 15:25 26.09.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор дод, агар иқдоми ҷидде сӯрат нагирад, теъдоди қурбониёни вируси корона дар саросари ҷаҳон ба 2 миллион нафар хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Ин созмони ҷаҳонӣ ҳамчунин ибрози умедворӣ кардааст, ки Чин барои таҳқиқ дар бораи баррасии маншаи вируси корона дар ин кишвар мувофиқат кунад, иттилоъ додааст, хабаргузории “Парстудей”.

Бар асоси омори сайти Worldometers, теъдоди қурбониёни вируси корона дар саросари ҷаҳон ба беш аз 989 ҳазор нафар расида ва дар остонаи расидан ба якмиллион нафар аст.

Ҳамчунин теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ҷаҳон ба беш аз 32 миллиону 500 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод 24 миллионнафар беҳбудии худро бадаст овардаанд.

Амрико бо ҳудӯди 7 миллиону 200 ҳазор мубтало бештарин теъдоди мубталоён ба вируси куруноро дар ҷаҳон дорад.

Пас аз Амрико, Ҳинд бо беш аз 5 миллиону ҳаштсадҳазор ва Бразиля низ бо беш аз 4 миллиону 600 ҳазор нафар мубтало дар ҷойгоҳи дуввум ва сеюм қарор доранд.

47
Барчаспҳо:
миллион, ҷаҳон, вируси корона, вирус, Қурбониён, ҳушдор, Созмони ҷаҳонии беҳдошт