Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото

Дар Афғонистон чор пулис дар пайи ҳамлаи толибон ҳалок шуданд

44
(Таҷдидшуда 13:53 23.08.2020)
Толибон ба гузаргоҳи минтақаи Спин Болдак дар наздикии марзи Афғонистону Покистон ҳамла карданд, ки дар натиҷа чор корманди пулис ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар пайи ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи радикалии "Толибон" дар музофоти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон дастикам чор корманди пулис ҳалок ва ду нафар захмӣ шуданд, хабар медиҳанд расонаҳои Афғонистон дар истинод ба манбаъ аз амнияти кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, толибон ба гузаргоҳи минтақаи Спин Болдак дар наздикии марзи Афғонистону Покистон ҳамла карданд. 

Дар Афғонистон мухолифати қувваҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон", ки қисми калони минтақаҳои деҳоти кишварро ба даст оварда, ба шаҳрҳои калон ҳамла меоваранд, идома дорад.

 

Ҳамчунин дар ҳудуди кишвар нуфузи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) бештар мешавад.

Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс

Қувваҳои миллии муҳофизат ва амнияти Афғонистон дар тамоми кишвар бо террорисзм муборизаи муштарак мебаранд

44

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

112
Олимони Туркия таҳқиқ намуданд, ки маризии сироятии коронавирус метавонад саратони сарро ба вуҷуд орад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Коронавирус метавонад саратони мағзи сарро ба вуҷуд орад ва ё ба рушди омосҳои мавҷуда мусоидат кунад. Ба чунин натиҷа олимони донишгоҳе дар Истамбул расиданд.

"Мувофиқи фарзияи мутахассисон, зарраҳои SARS-Cov-2 қодиранд бо ҳуҷайраҳои бофтаҳои асаб, ки дар рушди онкология иштирок доранд, пайваст шаванд".

Аммо олимон исрор меварзанд, ки ин хулосабарории ниҳоӣ набуда, ҳоло дар ин самт бояд таҳқиқотҳои нав гузаронд.

"Ҳар гуна вируси онкогенӣ, ки ба ҳуҷайра ворид мешавад, онро тағир медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо онро хатарзо мекунад. Аммо ин як раванди хеле тӯлонист, ки ҳатман таъсири омилҳои иловагии муҳити берунӣ ва дохилиро тақозо мекунад", - шарҳ додааст бозёфтҳои олимони туркиро, роҳбари лабораторияи саратоншиносии Блохин Ксения Смирнова ба нашрияи "Известия".

Зимнан, Андрей Васин як намояндаи дигари соҳаи тандурустии Русия изҳор намудааст, ки SARS-Cov-2 вируси РНК аст ва қобилияти ин гурӯҳи патогенҳо барои барангехтани саратон қаблан мушоҳида нашудааст.

112
Барчаспҳо:
саратон, таҳқиқот, олимон, Туркия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вакцина от коронавируса ЭпиВакКорона

Русия ба Ӯзбекистон 35 миллион воя ваксинаи "Sputnik V" ворид мекунад

130
(Таҷдидшуда 14:44 25.09.2020)
Пас аз гирифтани тасдиқи мақомоти танзимкунандаи Ӯзбекистон, дар соли 2020 метавонад ба ҷумҳурӣ то 10 миллион воя (доза) ва дар соли 2021 то 25 миллион доза ваксина ворид кунад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бунёди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва ширкати дорусозии Лаксисам ба мувофиқа расиданд, ки ба Узбакистон то 35 миллион воя (доза) ваксинаи коронавирусии “Sputnik V”-ро интиқол хоҳанд дод.

“Пас аз гирифтани тасдиқи мақомоти танзимкунандаи Ӯзбекистон, дар соли 2020 метавонад ба ҷумҳурӣ то 10 миллион воя (доза) ва дар соли 2021 то 25 миллион доза ваксина ворид кунад”,-омадааст дар иттилоия.

Аз Бунёди сармоягузории мустақими Русия гуфтаанд, ки ваксина дар платформаи хубу омӯхташуда, бо бехатарӣ ва самаранокии исботшуда сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия ба таҳияи ваксинаҳо алайҳи коронавирус моҳи январи соли равон оғоз карда буд.

Аввалин ваксинаи коронавирус дар Русия истеҳсолшуда, моҳи август ба қайд гирифта шуд. Ваксинаи мазкур аз ҷониби Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия шуда, дар якҷоягӣ бо Бунёди сармоягузории мустақими Русия истеҳсол карда мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот, коршиносон ваксинаро бехатар унвон карданд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ ба Русия барои доруи таҳиякардааш ташаккур гуфт.

Ҳоло Вазорати тандурустии Руссия талош дорад ваксинаи дуюмро бар зидди COVID-19 ба қайд гирад.

130
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
(Таҷдидшуда 17:48 25.09.2020)
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки медаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон