Фельдшер станции скорой медицинской помощи

Сарозер шудани автобуси сайёҳон аз баландии 80 метр: 17 нафар ҳалок ва чанди дигар бенишон

2059
Ҳодисаи мудҳиш бегоҳи рӯзи 23 - юми август дар Гурҷистон рух дод. Сайёҳон барои як рӯз ба манотиқи кӯҳӣ барои сайёҳат баромада буданд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Гурҷистон аз баландии 80 метр автобуси сайёҳон сарозер шуд, хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон.

Ба иттилои манбаъ, сайёҳон барои як рӯз ба манотиқи кӯҳӣ баромаданд ва ҳодисаи нохуш дар роҳ ба самти Шатил рух додааст. Гуфта мешавад, дар натиҷа дасти кам 17 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки чандин сайёҳи дигар дар натиҷаи сарозер шудани автобус, беному нишон шуданд ва наҷотбахшон дар макони ҳодиса корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.

Рӯзи мотам дар Забайкал: садамаи мудҳиш ҷони 19 мусофирро рабуд - акс

Таъкид мегардад, ки феълан шумораи дақиқи қурбониёни ин ҳодиса маълум нест.

Ҳамчунин, иллати сарозер шудани воситаи нақлиёт низ норӯшан аст. Ба эҳтимоли зиёд, ҳавои ноустовори чанд рӯзи ахир, роҳҳои кӯҳиро валангор намудааст.

Феълан ВУД Гурҷистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот меборад. 

Роҳбарияти Гурҷистон ба наздикони қурбониён изҳори тасаллият намудааст.

2059
Барчаспҳо:
сарозер, сайёҳон, автобус, Гурҷистон
Исправительная колония, архивное фото

Фирори маҳбусон аз зиндоне дар Доғистон: миёнашон зодаи Тоҷикистон низ будааст

11
(Таҷдидшуда 12:05 23.09.2020)
Шаш маҳбуси хатарнок аз зиндоне дар Доғистон бо роҳи кофтани нақб фирор кардаанд, ки миёнашон як зодаи Тоҷикистон низ будааст

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Дар Доғистон, шаби чоршанбе шаш маҳбус нақб сохта, аз колонияи ислоҳии рақами 2-и деҳаи Шамхал фирор кардаанд, хабар медиҳад раёсати минтақавии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо.

Хабаргузории ТАСС дар такя ба манобеяш аз мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштаас, ки яке аз фироркардагон зодаи Тоҷикистон буда, боқимонда зодагони Доғистон мебошанд.

Гуфта мешавад, маҳбусон нақб кофтаву баъдан, тавассути он фирор кардаанд.

Инчунин, ба гуфтаи як манбаъ аз мақомот, аз шаш маҳбуси фирорӣ чаҳор нафар ба мӯҳлатҳои аз 8 то 15 соли зиндон ҳукм доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ду нафари онҳо барои куштор зиндонӣ шуданд, боқимонда барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ҳукм гирифтаанд.

Барои ёфтани онҳо гурӯҳҳои эҳтиётӣ ва таъқиботӣ фиристода шуданд, ҷустуҷӯ идома дошта, постҳои муваққатӣ ташкил карда шудаанд, омадааст дар иттилоия.

Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон, роҳнамо дар бораи гурезагон ба ҳамаи шӯъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шуда, тамоми қувва барои ҷустуҷӯи онҳо равона карда шудааст.

"Ҳоло ҷустуҷӯи фирориён вазифаи аввалиндараҷаи ВКД аст" гуфт сухангӯи хадамоти матбуот.

11

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

89
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

89
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон