На заседании Совета Безопасности ООН

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

170
(Таҷдидшуда 18:49 27.08.2020)
Намояндаи Созмони милали муттаҳид, хатарҳои террористӣ дар кишварҳои Аврупо дар замони пандемия коронавирусро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Фаъолияти террористон дар даврони пандемияи коронавирус ба таври назаррас  афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод дар дабири куллии СММ ва роҳбари Идораи зидди террористии СММ Владимир Воронков дар ҷаласаи Шӯрои амният.

Гуфта шудааст, ки ба ғайр аз фаъолияти ДОИШ (Мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) дар Эрон, Африқо ва Афғонистон фаъолияти ҳавзаҳои террористӣ дар Аврупо низ ба назар мерасад.

Ҳамин тавр одикал шудан ва пайвастанг ба гурӯҳҳои террористӣ тариқи интернет сурат мегирад. Инчунин, тарғибот миёни маҳбусҳо ҳам ба назар мерасад.

Дар гузориши дабири кулли СММ, ки оқои Воронков онро аъзоёни Шӯрои амнияти СММ пешниҳод кард, гуфта мешавад, ки дар кишварҳои Аврупо “Шабакаҳои террористие ташкил шудааст, ки дар он зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чеченистон шомил мебошанд”. Дар ин гузориш ҳавзаи террористии шаҳрвандони Тоҷикистон мисол оварда шудааст, ки дар қаламрави Олмон фаъолият мекарданд.

“Чанд кишвари аврупоӣ дар бораи хатарҳои террорист аз сӯи экстремистҳои тундгаро хабар доданд. Ин кишварҳо аз хадамотҳои махсус аъво доранд, ки афзалияти оперативӣ ва таҳлилиро бознигарӣ кунанд”, иттилоъ додааст Воронков.

Вай таъкид дошт, ки террористон метавонанд барои таҳдиду фишор аз пандемия истифода намоянд ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ метавонад барои террористон фазои муносибе созад.

Инчунин муовини дабири кулли СММ зикр кард, ки  корҳо бо шаҳрвандоне, ки аз Ироқу Сурия баргаштанд пурзур карда шавад. 

170
Барчаспҳо:
фаъолият, вирус, Аврупо, террорист, СММ
Дети собирают воду из открытого канала в городе Дости, на юге Таджикистана

Коронавирус 150 миллион кӯдакро ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа кард

103
(Таҷдидшуда 13:03 20.09.2020)
Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар гузорише эълом кард, аз замони шуюи вируси куруно дар ҷаҳон то кунун 150 миллион кӯдак ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Nas”,  Созмони ҳимоят аз кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) эълом кард, ки аз оғози шуюи вируси куруно дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 дарсад ба теъдоди кӯдаконе, ки дар кишварҳои бо даромади мутавассит ва поин дар маҳрумият зиндагӣ мекунанд, афзуда шуда ва теъдоди ин кӯдакон ба як миллиарду 200 миллион кӯдак расидааст.

ЮНИСЕФ бо ишора ба ин ки теъдоди кӯдакони фақир рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст, дар бораи буҳронӣ шудан авзоъ ба сурати вахимтаре дар моҳҳои оянда ҳушдор дод.

Дар пажӯҳиши муштараки ЮНИСЕФ ва Созмони "аз кӯдакон ҳимоят кун" (Save The Children) дар моҳи майи 2020 дар бораи паёмадҳои иқтисодии буҳрони Ковид-19, ки ба фақир шудани 86 миллион кӯдаки дигар то поёни имсол мунҷар мешавад, ҳушдор дода шуд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, агар теъдоди кӯдакони маҳрум ва фақир ба нисбати соли гузашта 15 дарсад афзоиш дошта бошад, то поёни имсол ҳудуди 672 миллион кӯдаки маҳрум ва фақир дар ҷаҳон хоҳем дошт, ки аз се як ҳисаи он дар кишварҳои африқоӣ ва ҷануби осиёӣ зиндагӣ мекунанд.

103
Барчаспҳо:
фақр, вируси корона, гузориш, кӯдакон, ЮНИСЕФ
Всемирный банк, офис в Вашингтоне

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

184
(Таҷдидшуда 16:58 19.09.2020)
Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кармен Рейнхарт сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. 

"Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт", - изҳор доштааст Рейнхайтер.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, "зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид", - менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СҶБ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

184
Барчаспҳо:
иқтисод, БҶ
Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

0
(Таҷдидшуда 14:36 20.09.2020)
Барномаи таблиғоти барномаҳои интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки масъулон дар бораи ҳазинаи молии аҳзоби сиёсӣ дар ин марҳала камтар изҳори назар мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.Танҳо намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои таблиғоти барномаи интихоботии Меъроҷ Абдуллоев раис ва номзади ин ҳизб 40 ҳазор сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ,ҳизби кишоварзии Тоҷикистон барои барномаи таблиғотии Рустам Латифзода раис ва номзади ин ҳизб 15 ҳазор адад шиорнавишта ва варақҳои таблиғотӣ мунташир кардааст ва нашрияи ин ҳизб низ бо шуморагони 40 ҳазор нусха мунташир хоҳад шуд.

Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таблиғот ба қадри кофӣ манобеи молӣ дар ихтиёр дорад.

Номзадҳо ҳамчунин аз 40 дақиқа замоне, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон барои муаррифии барномаҳои интихоботии онон ихтисос додааст, истифода хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар ба ғайр аз ҳизби халқии демократӣ бақияи аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар сомонаи интернетӣ надоранд.

Ҳамчунин густариши вируси куруно дидори мустақими номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ва тавзеҳи барномаҳои интихоботии номзадҳоро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ёздаҳуми октябр баргузор мешавад.

0
Барчаспҳо:
Аҳзоби сиёсӣ, ҳазина, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон