Медики транспортируют пациента с подозрением на коронавирусную инфекцию

Сирояти наздик ба як миллион нафар ба вируси корона дар Русия

276
(Таҷдидшуда 13:16 31.08.2020)
Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия аз афзоиши шумори мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар ба беш аз 990 ҳазор нафар хабар дод

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.  Ситоди амалиёти пешгирӣ ва назорати вируси корона дар Русия ахиран эълом кард, ки бо сабти 4 ҳазору 980 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар, шумори мубталоён ба ин вирус дар Русия ба 990 ҳазору 326 нафар расидааст.

Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия, теъдоди қурбониёни вируси корона дар ин кишварро низ 17 ҳазору  93 нафар эълом кард.

Давлати Русия, барои муқобила бо вируси корона дар ҳафтаҳои ахир дар чанд навбат иҷрои карантинро дар дастури кор қарор додааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пештар дар ҷамъи аъзои давлат бо ишора ба сабти нахустин ваксинаи корона дар ин кишвар эълом кард, ин ваксина ба таври муштарак аз сӯи муассисаи таҳқиқотии "Гамалия" ва Вазорати дифоъи Русия тавлид ва озмоишҳои болинии он 18 июни 2020 оғоз шудааст.

276
Барчаспҳо:
миллион, пешгирӣ, ситод, вирус, Русия
Портрет лидера ИГ* Абу Бакра аль-Багдади сжигают во время демонстрации в Индии

Дар Ироқ яке аз саркардаҳои ДОИШ боздошт шуд

177
(Таҷдидшуда 17:18 20.09.2020)
Роҳбари боздоштшудаи ДОИШ дар Бағдод чанд ҳамла омода мекард ва ин дафъа мехост дар раҳпаймоии солонаи ёдбудии шиаҳо ҳамла кунад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Телевизиони Al-Sumaria дар Ироқ дар истинод ба манобеи амниятӣ гузориш медиҳад, ки дар Бағдод яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" боздошт шуд.

Бино бар иттилои расмӣ, низомиёни ироқӣ яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро камин гирифтанд.

Муайян шудааст, ки ҷангӣ мехост дар маросими Арабин - маросими солонаи ёдбуди шиаҳо дар чаҳорумин рӯзи азодории Ашӯро ҳамла оварад.

Охирҳои соли 2017 Бағдод эълом кард, ки ба ДОИШ пирӯз шудааст. Аммо артиши Ироқ бо дастгирии Эътилофи зиддитеррористии байналмилалии ва воҳидҳои мардумии низомӣ амалиёти бозҷӯии доишиёнро дар навоҳии алоҳида идома медиҳад.

Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари дигари ДОИШ хабар дод

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли 2020 Раёсати мубориза бо терроризми Ироқ эълон кард, ки яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро дар Фаллуҷа дастгир кард.

177
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархӯр: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

1670
(Таҷдидшуда 17:24 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзи амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ, Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспии Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

1670
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Тасдиқи иншооти махсусан муҳими нав дар Тоҷикистон: Ҳукумат аз андозу боҷ озод кард

807
(Таҷдидшуда 13:54 21.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим дар ҷумҳурӣ, ки аз сабукиҳо бархӯрдоранд, як адади дигарро зам намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ба феҳрасти иншооти махсусан муҳими Тоҷикистон, сохтмони "Майдони Истиқлол" шомил шуд.

Феҳрасти молу таҷҳизоте, ки барои сохтмони "Майдони Истиқлол" ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ гардида, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Сохтмони "Майдони Истиқлол" тобистони соли равон расман оғоз бахшида шуд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш дода буд, ки масоҳати умумии "Майдони Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - навишт котиботи раисҷумҳур.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Майдони Истиқлол бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

807
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон