"Ин қадамҳои авваланд": чаро Амрико зердарёиҳоро ба наздикии марзи Русия интиқол медиҳад

277
(Таҷдидшуда 19:59 02.09.2020)
Махфияти баланд, силоҳи зарбазани ва қобилияти васеи иктишофӣ — Пентагон киштии зериобии ҳастаии махфии USS Seawolf-ро барои назорати зердарёиҳои ҳастаии Русия ба наздикии марзҳои шимолии ин кишвар равон кард

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Мутахассисони низомӣ мутмаинанд, ки ин як бонг барои Маскав аст.

Паради "гурги баҳрӣ"

Амрикоиҳо дар бораи расидани зердарёии  USS Seawolf ба Норвегия ошкор хабар доданд. Аксҳои яке аз махфитарин киштиҳои зериобии Пентагон дар саҳифаи вазорат ва дар шабакаҳои иҷтимои нашр шуд.

Фармондеҳи қувваҳои зердарёии Амрико ноиб-адмирал Дерил Кодл бо ифтихор қайд кард, ки ивази макони Seawolf ба Норвегия хусусияти ҷаҳонии киштиҳои зериобии амрикоиро ва қобилияти иҷрои вазифаҳо дар тамоми манотиқӣ уқёнуси ҷаҳон шаҳодат медиҳад.

Адмирали амрикоӣ Энтони Каруолло, фармондеҳи гурӯҳи киштиҳои зериобӣ гуфт, ки интиқоли USS Seawolf ба Норвегия қобилиятҳои бе ин ҳам васеи Амрикоро тақвият мебахшад ва ҷасорати доимии Вашингтонро дар мавзуи амнияти баҳрӣ дар Шимол тасдиқ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, Амрико дорои се киштии зериобӣ навъӣ Seawolf аст. Онҳо дар солҳои 1980, барои амалиёт дар минтақаҳое, ки таҳти назорати душман қарор дорад сохта шудаанд. Киштиҳои мазкур тақрибан бе садо ҳаракат мекунанд ва пайдо кардани онҳо дар ҳери об нисбаит ба дигар киштиҳо мушкил аст. Ҳамзамон, ин киштиҳо аз мушакҳои зидди киштиӣ ба монанди торпеда, минаҳо, мушакҳои "Гарпун" ё "Томагавк" бархурдор ҳастанд.

Қарор буд, ба нирӯҳои дарёии Амрико 30 адад чунин киштиҳо супорида шавад. Аммо ҳамагӣ нируҳои дарёии Амрико танҳо се адад аз ин киштҳо дастрас каданд: баъд аз поёни ҷанги сард, даҳҳо чунин киштиҳои гарон ба нирӯҳои дарёии Амрико лозим нашуданд.

Пентагон илова кард, ки Seawolf ба минтақаи зери масъулияти навгони дувуми нируҳои дарёии Амрико (Атлантикаи Шимолӣ) аз пойгоҳи ҳарбии баҳрии Бангор (иёлати Вашингтон) расидааст. Киштии зериобии ҳастаӣ дар шаҳри Тромсои Норвегия, дар наздикии роҳҳои киштиҳои зериобии Русия боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки навгони дувуми нируҳои дарёии Амрико, ҳамагӣ чанд сол қабл аз нав ташкил шуда буд. Дар давраи ҷанги сард навгони дувуми нируҳои дарёии Амрико қудратмандтарин нирӯ ба ҳисоб мерафт. Нирӯҳои дарёӣ масъули обҳои Атлантика, қисмҳои уқёнуси Ором ва Шимолӣ буд. Киштиҳо ва киштиҳои зериобӣ дар якчанд амалиёти бузург иштирок карданд. Барои мисол, дар муҳосираи Куба дар аввали солҳои 1960.

Навгони дувуми нируҳои дарёии Амрико соли 2011 барои сарфаи буҷет аз байн бурда шуд, ва пас аз ҳафт сол "барои нигоҳ доштани нирӯҳои дарёии  Русия дар самти Шимол" дубора эҳё карда шуд. 

"Иқдоми амрикоиҳоро метавон намоиши парчам номид, — шарҳ дод Игор Курдин, капитани дараҷаи аввал, раиси клуби  баҳрчиёни зериобии нирӯҳои баҳрии шаҳри Санкт-Петербург.  — Тромсё ҳеҷ гоҳ барои ҳузури доимии киштиҳои зериобии ҳастаӣ истифода намешуд. Дар он ҷой киштиҳо таъмир мегирифтанду экипаж истироҳат мекард. Сипас, "Сивулф", ҳатман ба минтақаи масъули нирӯҳои дарёии шимоли Русия, ба сӯи баҳри Баренс меравад. Шояд, киштӣ зери ях равад: моҳи август, барои чунин амалҳо, бисёр моҳи хуб аст."

Мақоми таконхӯрда

Собиқ фармондеҳи нирӯҳои дарёии шимолии Русия Вячеслав Попов ба ин "намоиши парчам"-и Амрико таваҷҷуҳ зоҳир кард.

"Амрико мехоҳад нишон диҳад, ки минтақаи Арктика на танҳо дар назорати нирӯҳои дарёии Русия мебошад, — қайд кард адмирал. — Вашингот ният дорад ҳузури низомии худро дар минтақа таъйин кунад. Амрикоиҳо дар ин ҷой амалиёти худро, аз ҷумла амалиёти иктишофияшро мекарданд, мекунанд ва хоҳанд кард. Вале баҳрчиёни рус, албатта, кулли ҳаракатҳои онҳоро пайгири мекунанд".

Муҳим аст, ки якбора баъд аз омадани "гурги баҳрӣ" шаш ҳавопаймои бомбаандози стратегии В-52 Stratofortress, ки қобилияти бурдани силоҳи ҳастаиро доранд, дар машқҳо якҷо бо ҳавопаймоҳои ҷангандаи қувваҳои мусаллаҳи Норвегия иштироқ карданд.

Ҳамчунин, дастаи " ҳавопаймои вазнини бомбаандоз" фазои ҳавоии 30 кишвари НАТО дар Аврупо ва Амрикои Шимолиро якбора убур кард. Дар изҳороти фармондеҳии аврупоии Амрико гуфта шудааст, ки чунин парвозҳо дар доираи амалиётҳои доимии Гурӯҳи фаврии бомбаандозҳо беназир мебошанд. Ҳадафи "Allied Sky"  ин нишон додани ҳамбастагӣ дар доираи НАТО, баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муштараки амалиётӣ равона шудааст.

Ҳавопаймоҳо ба ду даста тақсим шудаанд. Масири ҳаракати гурӯҳи якуми иборат аз чор ҳавопаймои бомбаандози стратегӣ аз болои Аврупо мегузашт. Гурӯҳи дигар аз болои Амрико ва Канада парвоз кард. Илова бар ин, "ҳавопаймои вазнини бомбаандоз” бо ҳавопаймоҳои ҷангандаи кишварҳои мухталифи НАТО якҷоя амал карданд ва дар  фазо аз сӯхтгирии ҳавоӣ истифода карданд. Ба қавли коршиносон чунин тамриноти, метавонад ҳамчун як сигнал барои Русия бошад.

Ҷавоби Русия

Дар ҳамин ҳол, Маскав худро канор нагирифтааст ва ишораҳои худро ба ҳамкорони берунмарзӣ низ мефиристад. Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта хабари ба рӯи об баромадани киштии зериобии ҳастаии Русия дар обҳои бетарафи наздикии Аляска расонаҳои ғарбиро ба воҳима андохт. Амрикоиҳо фикр карданд, ки садамае рух додааст, ва зуд ёрии худро пешниҳод карданд.

Аммо дар вазорати мудофиаи Русия ҳамаро ором карданд: киштии ҳастаии "Омск" мунтазам, дар доираи тамринҳои миқёси васеъи "Сипари уқёнусӣ—2020" аз зери об пайдо шуд. Маълум шуд, ки киштиҳои нирӯҳои дарёии уқёнуси Ором дар минтақаи обии баҳри Беринг тамринҳои мушакпартоӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, киштии зериобии ҳастаии "Омск", ки чанде пеш насозӣ шудааст, ба сӯи ҳадафи шартӣ дар масофаи зиёда аз 300 километр мушаки зидди киштии "Гранит"- мушакпартоӣ кард. дар навбати худ киштии  "Варяг" бо мушаки "Вулкан" ҳадафро дар масофами 450 километр нобуд кард.

Вазорати дифои навореро нашр кард, ки экипажи киштии "Омск" ба тирандозӣ омодагӣ мебинад. Киштии зериобии ҳастаӣ зуд зери об мешаваду садои мушад шилики мушак ба гуш мерасад.

"Мо доимо ҳавопаймоҳои НАТО-ро дар наздикии марзҳои ҳавоӣ роҳгир мешавем. Ин кори оддист, бинед: вақтҳои ахир онҳо дар минтақаи Балтика, Баҳри Сиёҳ фаъол шуданд. Мо нишон медиҳем, ки мо ҳам хоб нестем, дар он ҷое, ки мехоҳем ҳастем", — шарҳ дод собиқ роҳбари ситоди нирӯҳои баҳрии Русия Виктор Кравченко.

Тамринҳои "Сипари уқёнусӣ" дар обзои баҳри Балтика то Уқёнуси Ором баргузор мешаванд. Даҳҳо киштиҳои ҷангӣ, киштиҳои зериобӣ, ҳавопаймоҳои баҳрӣ ва нируҳои соҳилӣ ширкат доранд. Тамринҳо дар Балтика оғоз шудаанд, ки дар он ҷой баҳрчиён амалиётҳои мудофиаи зиддиқаиқӣ ва зиддиҳавоиро машқ карданд, ва киштиҳо бо торпедаҳо ва тупҳо тирандозӣ карданд. Чанде пеш, марҳилаи навбатии тамринҳо дар нирӯҳои дарёии Уқёнуси ороми Русия оғоз ёфт — дар он зиёда аз 50 киштӣ ва тақрибан 40 ҳавопаймо ва чархболҳо иштирок доштанд.

277
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, назорат, силоҳ, Амрико, Пентагон, киштӣ, Русия
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии новых культурных объектов в Хатлонской области

"Бародарамонро аз даст додем": ҳамдардии Раҳмон бо Навоф ал-Аҳмад

369
(Таҷдидшуда 16:57 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт, ки дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт, изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба гузорши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон дар номаи таслият аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ андӯҳгин шудааст.

"Бо реҳлати он ходими шоистаи сиёсиву давлатӣ мо бародари гиромии худро, ки бо хидматҳои бузурги инсондӯстонааш дар минтақа ва ҷаҳон нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гашта буд, аз даст додем", - омадааст дар нома.

Раҳмон афзуда, ки марҳум бо саҳми босазояш дар густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Кувайт ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.

"Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум, ба тамоми мардуми бародари Қувайт таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам".

Президенти Тоҷикистон дуо карда, ки "Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун".

Ёдрас мешавем, ки Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт -куҳансолтарин ҳокими араб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар синни 92-солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шуда буд.

369
Барчаспҳо:
таслият, ҳамдардӣ, даргузашт, Амири Кувайт, Қувайт, Тоҷикистон
Задержание сбежавших зеков в дагестанской колонии

Боздошти зодагони Тоҷикистон, ки аз зиндони Доғистон фирор карданд - видео

404
(Таҷдидшуда 16:14 30.09.2020)
Шаш ҷинояткоре, ки аз маҳбаси Доғистон фирор карда буданд, дар паи амалиёти вижа боздошт шуданд. Ду нафар миёни онҳо зодаи Тоҷикистон будаанд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Маҳбусоне, ки аз колонияи ислоҳии рақами 2-и шаҳраки Шамхали канори Махачқалъаи маркази Доғистон фирор карданд, боздошт шуданд, хабар медиҳад ВКД Доғистон.

Миёни шаш ҷинояткори фироркарда ду нафарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд.

Фирори маҳбусон аз зиндоне дар Доғистон: миёнашон зодаи Тоҷикистон низ будааст

Зиндониён 340 километр фирор карда дар наздикии деҳаи Улан-Хол дастгир шудаанд.

Бино ба маълумоти тасдиқнашуда, аз ҷониби мақомот корманди зиндон, ки барои гурезонидани онҳо кумак кардааст, боздошт шудааст.

Ёдрас мешавем, шаш ҷинояткор, ки миёнашон ду зодаи Тоҷикистон низ будааст аз зиндоне дар Доғистон бо роҳи кофтани нақб фирор карданд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: як тан ҳалок шуд ва яке гурехт

Ба гуфтаи як манбаъ аз мақомот, аз шаш маҳбуси фирорӣ чаҳор нафар ба мӯҳлатҳои аз 8 то 15 соли зиндон ҳукм доштаанд.

Ду нафари онҳо барои куштор зиндонӣ шуда, боқимонда барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ҳукм гирифтаанд.

404
Барчаспҳо:
фирор, зиндон, боздошт, Доғистон
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бунёд шуд

0
(Таҷдидшуда 18:24 30.09.2020)
Дар рӯзи ифтитоҳи варзишгоҳ Хонаи фарҳанги деҳа низ пас таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. 

Дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Директори мактаби №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки "ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад".

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд".

Ба иттилои Дӯсталиев барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд.

Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар аст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

0
Барчаспҳо:
Варзишгоҳ, Рӯшон, ВМКБ