Вакцина от COVID-19

Русия ва Эрон бар ҳамкории муштарак барои тавлиди ваксинаву доруи Ковид -19 таъкид карданд

94
(Таҷдидшуда 11:59 06.09.2020)
Сафири Эрон дар Маскав ва раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия бар зарурати ҳамкории муштарак барои тавлиди ваксина ва доруи Ковид -19 таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар гуфтугӯи тасвирӣ бо Кирил Димитриев, раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия, бо ишора ба натоиҷи ду нишасти  коргурӯҳи ваксина ва дору миёни институти “Постур” –и Эрон ва маркази миллии Гамалеяи Русия ибрози умедворӣ кард, ҳарчӣ зудтар фароянди тавлиди муштараки ваксинаи Ковид -19 байни ду кишвар оғоз шавад, иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симои Эрон.

Русия ва Эрон кортҳои бонкии худро ба ҳам мепайванданд

Бино бар иттилои манбаъ, раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия низ бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкориҳои амиқи Теҳрон ва Маскав, бавижа дар заминаи ваксинаи Ковид -19 гуфт, тавлиди анбӯҳи ваксина бо мушорикату ҳамкории Эрон ба зудӣ дар дастури кори ин сандуқ қарор хоҳад гирифт.

Таҳрим ҳам монеа нашуд: Эрон ҳаҷми содироташро ба Русия ба маротиб афзоиш додааст

Ёдрас мешавем, ки теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон ба ҳудуди 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 873 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 18 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

94
Барчаспҳо:
Маскав, сармоя, муштарак, тавлид, дору, Русия, Эрон
День 30 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

60
(Таҷдидшуда 19:00 29.09.2020)
Рӯзи 30 сентябр, дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буда, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо мебошад

Рӯзи 30 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1890 дар Олмон қонунҳои зиддисотсиалистӣ бекор карда шуданд.

День 29 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1901 дар Фаронса бақайдгирии ҳатмии мошинҳое, ки суръаташон аз 36 км/соат баланд аст,  ҷорӣ карда шуд.

Соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.

Соли 1929 бахши англисии "Би-би-си" аввалин маротиба ба пахши барномаҳои телевизионӣ шурӯъ кард.

Рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар 49-умин Ассамблеяи генералии СММ суханронӣ намуд.

Эмомали Рахмон в ООН. Архивное фото
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Эмомали Рахмон в ООН. Архивное фото

Соли 1997 раванди бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон хотима ёфт.

Соли 1997 роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб кушода шуд.

Участок железнодорожного пути, архивное фото
© Sputnik / Юрий Лашов
Участок железнодорожного пути, архивное фото

Соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.

Соли 2012 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Аммарӣ"-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон анҷом ёфт.

Бозии тими Истиқлол бо дастаи филиппинӣ
Бозии тими "Истиқлол" бо дастаи филиппинӣ

Соли 2015 дар ИМА  Президент Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди "Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором" суханронӣ кард.

Соли 2016 лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он ба Президенти ин мамлакат Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
  • Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.
  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.
  • Дар Ҷумҳурии Абхазия – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ҷалолиддини Румӣ (1207–1273) – шоири форс – тоҷик.

Абдулфаттоҳ Шафиев (1981) - журналист.

Абдуқодир Xомеъи Самарқандӣ (1890-1986)- шоир.

Баҳоваддин Зуҳуриддинов (1946) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Борис Кимёгаров (1920 – 1979) – коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Исматулло Мадалиев (1950) –доктори илми тиб, профессор.

Юрий Маслюков (1937-2010)- арбоби ҳизбию давлатии шўравӣ, (зодаи ш. Хуҷанд)

Нуриддин Набиев (1932)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Илария Райкова (1896 – 1979) – доктори илми биологӣ, профессор.

Тоҷирҷон Сатторов (1947) – доктори илми биологӣ, профессоАҳмадшо Улфатшоев (1945)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Баҳриддин Ҳомидов (1908-1978)- актёри театр.

Нисон Шоулов (1925-2000) – найнавоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

60
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

324
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

324
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

28
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 30 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1296 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.3292 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1000 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1296 то 0.1340 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3292 сомонӣ, 1 евро – 12.0893 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1296 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

28
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон